Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Фишурда оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2013

E-mail Чоп PDF

Меҳнаткашони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ифтихору сарбаландӣ аз файзи истиқлолият, бо баҳрамандӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Шумо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ сидқидилона меҳнат намуда, баҳри ноил гардидан ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста заҳмати софдилона ба харҷ дода истодаанд.

Алалхусус соли равон барои мардуми ноҳия соли хеле пурмаҳсул гардид. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки дар семоҳаи аввали соли равон рушди бонизоми тамоми соҳаҳаи иқтисодиёт таъмин гардида, дурнамои истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ва  кишоварзӣ барзиёд иҷро гардида иҷроиши нақшаҳои буҷети давлатӣ барзиёд таъмин карда шуд.

Буҷет

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2013-ум 106,3% иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 72,3 млн. сомонӣ, воридот 76,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 4,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Буҷети маҳаллӣ, дар ин давра 106,6% иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 56,5 млн. сомонӣ дар асл 60,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин аз нақша 3,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷет дар ин давра 102,4% иҷро гардида, ба ҷои 55,4 млн. сомонӣ 56,7 млн. сомонӣ сарф карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки гарчанде, ки нақшаҳои воридоти андоз барзиёд гардида бошад ҳам, лекин нақшаи 4 намуди андоз (аксиз, арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз даромад) иҷро нагардид.

Иҷроиши нақшаи хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ дар корхонаҳои ғайрибуҷети 96,7%, дар маҷмӯъ нақшаи умумӣ 100,0 % иҷро гардид.

Дар ноҳия ба санаи 01.09.2013 сол бақияи қарзи андоз ва  хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 13,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра бақияи қарзи андоз 1,8 млн. сомонӣ кам карда шудааст.

Саноат

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз 43 адад корхонаüои саноатии ноüия 41 адад фаъолият намуда, ба маблаùи 142,4 млн. сомонӣ маüсулоти саноатӣ истеüсол истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2012 ба маблаùи 13,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо нархüои муûоисавӣ 110,7 %-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 20 адад корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати соли гузашта зиёд намуданд. Дар 9 моҳи соли равон  9 адад корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин давра аз тарафи корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 35,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки он бо нархҳои муқоисавӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 12,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Энергетика

Дар давраи ҳисоботӣ маблағи барқи истифодашуда аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия бо назардошти идораи хоҷагии оби ноҳия маблағи 24,4 млн. сомониро ташкил дода, пардохти он 21,7 млн. сомониро дар бар мегирад, ки ин 88,91%-ро ташкил медиҳад. Пардохти маблағи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ 102,9%-ро ташкил додааст. Дар ин давра зиёдшавии қарзи истифодаи нерӯи барқ ба миқдори 2,7 млн. сомонӣ ба амал омадааст.

Зимистонгузаронӣ

Оиди саривақт омода намудани соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2013-2014 дар ноҳия чораҳои мушаххас андешида шуданд. Дар ноҳия Ситоди доимоамалкунанда оиди омодагии хоҷагии халқи ноҳия ба давраи тирамоҳ ва зимистони соли 2013 таъсис дода шуда, он рафти омодагӣ ба зимистонгузарониро зери назорати доимӣ қарор додааст. Айни замон талабот ба ангишт, гази моеъ ва ҳезум барои мавсими зимистонгузаронии соли 2013-2014 дар ноҳия  16500 тонна ангишт ва 1068 тонна гази моеъро ташкил медиҳад.  Аз он ҷумла, талаботи аҳолӣ ба ангишт 7495 тонна, корхонаҳои саноатӣ 8065 тонна, талабот ба гази моеъ 1068 тоннаро ташкил медиҳад. Барои муассисаҳои соҳаи буҷетӣ 890 тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол дар муассисаҳои соҳаи маориф захираи ангишт 682 тонна ва ҳезум 350 метри мукааб буда, 104,5 % таъмин гардидааст.  Дар муассисаҳои соҳаи тандурусти  198 тонна ангишт ва 172 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст, ки он аз тнақша зиёд мебошад. Ҳоло дар қаламрави ноҳия 120 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт ва 58 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ фаъолият бурда истодааст. Дар оянда низ оиди муташаккилона ва бедушвори баромадани  тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия аз фасли зимистон тамоми чораҳо андешида мешаванд.

Соҳаи кишоварзӣ

Кишоварзони ноҳия дар ин давра аҳлона меҳнат намуда ба бисёр дастовардҳои меҳнати маваффақ гардиданд Дар 9 моҳи соли равон дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли умумии маҳсулоти кишоварзӣ 496,2 млн. сомониро ташкил дод, ки сурати афзоиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106,7%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, растанипарварӣ 345,4 млн. сомонӣ, суръати афзоиш 108,9% ва чорводорӣ 150,8 млн. сомонӣ суръати афзоиш 102,0 %-ро ташкил дод.

Дар ин давра 66931 тонна сабзавот, 3581 тонна картошка, 14998 тонна мевагиҳо, 21112 тонна хӯроки чорво, 11666 тонна ангур, 7740 тонна полези истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиш аз 101,1% то 128,9%-ро ташкил додааст.

Имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 9423 гектар пахта кишт намудаанд. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҷамъоварии пахта бо суръат идома дошта, то санаи 10.10.2013 сол ба миқдори зиёда аз 11,0 ҳазор тонна пахта истеҳсол намуданд, ки ин 64,0%-и дурнамои солонаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 62,5 гектар боғи нав бунёд карда шуда 572 гектар боғ ва 50 гектар токзорҳои мавҷуда аз нав барқарор карда шуданд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор ба 71674 сар расонида шудааст, ки аз он модагов 30157 сарро ташкил медиҳад. Шумораи бузу гӯсфандҳо 196214 сар, парранда 460117 сар, асп 1098 сарро ташкил медиҳад. Чорводорон ва паррандапарварони ноҳия дар ин давра ба миқдори 3791 тонна гӯшт, 24300 тонна шир, 41,5 млн. дона тухм истеҳсол намуданд, ки суръати афзоиш мутаносибан аз 100,1 % то 124,7 %-ро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ наслгирӣ аз моли калони шохдор аз ҳар 100 сар 45 сарӣ мебошад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 сари зиёд мебошад. Наслгирӣ аз моли майда ба имрӯз аз 100 сар 90 сариро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 сари зиёд мебошад. Саршумори моли майдаи шохдор дар ноҳия 196214 сар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 196 сар зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия дар давраи боқимонда низ сидқидилона меҳнат намуда азм доранд солро бо натиҷаҳои баланди меҳнати ҷаъмбаст намоянд.

Сохтмон

Имрӯзҳо сиёсати созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия идома дорад. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ сохтмончиёни ноҳия пурмаҳсул меҳнат намуда, барои пешрафти иқтисодиёт ва ободонии ноҳия корҳои муайянеро иҷро намуданд.

Дар ин давра аз тарафи сохтмончиён ба маблағи 48,7 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуд. Барои сохтмони асосӣ ба миқдори 54,1 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардида, ба миқдори 84,2 млн. сомонӣ фондҳои асоси ба кор андохта шуд. Дар ин давра ба маблағи 49,5 млн. сомонӣ корҳои бинокорию васлгарӣ иҷро гардиданд.

Баҳри истиқболи 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 22 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба назар гирифта шуда, ҳамаи ин иншоотҳо дар арафаи ҷашн ба истифода дода шуданд.

Нақлиёт

Муассисаҳои нақлиётии ноҳия дар раванди чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳаёти ҷамъиятии ноҳия саҳми арзанда гузошта истодаанд. Аз тарафи ин муассисаüо дар ин давра хаҷми боркашониро ба миқдори 5,1 млн. тонна иҷро намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 107,1%-ро ташкил медиüад. Іаҷми умумии кашонидани мусофирон бошад, 26,9 млн. нафарро ташкил додааст.

Дар ин давра барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, дар ҳамкори бо соҳибкорони ноҳия кӯчаҳои ҷамоатҳои Исфисор, Унҷӣ, Ҳ.Усмонов, Овчиқалъача ва шаҳраки Ғафуров асфалтпӯш ва таъмир карда шуданд.

Маориф

Дар ин давра кормандони соҳаи маориф ба фаъолияти худ таҳким бахшида ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар қаламрави ноҳия «Соли 2013-соли саводи комил ва баҳогузориҳои воқеӣ» эълон гардидааст. Иштироки хонандагони синфи 11-уми  дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ назаррас буда, шогирдони макотибҳои ноҳия дар ин озмун соҳиби 50 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.  Хонандагони синфи 10-ум соҳиби 26 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин давра 7 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои номии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Бо ҷалби корхонаҳои дӯзандагии ноҳия тамоми хонандагони мактабӣ.

Санаи 16.09.2013 сол бо иштироки Шумо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи мумии №13-и ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов барои 720 хонанда ва мактаби навбунёди хонандагони болаёқати ҷамоати деҳоти Хистеварз барои 640 нафар хонанда бо 280 ҷойи хоб ба истифода дода шуд. Инчунин рӯзи гузашта дар яке аз ҷамоати дурдасти ноҳия, ҷамоати Исмоил бинои нотамоми мактаби №43 иборат аз 8 синфхона барои 240 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд.

Фарҳанг

Кормандони фарҳанг дар соли ҷашни фархундаи 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти хешро хеле густариш бахшиданд. Инчунин баҳри пешгирии содиршавии ҷиноятҳо ва даст задан ба амалҳои номатлуб аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия баргузории чорабиниҳои фароғатӣ, ки мазмуни тарбиявӣ доранд, мунтазам баргузор карда шуда истодаанд. Дар ҳамаи чорабиниҳои баргузоргардида нақшу мақоми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ васеъ тарғиб карда шуданд. Дар ин ҷода ҳамкориҳо бо васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявию вилоятӣ ва маҳаллӣ вусъат дода шуд.

Тандурустӣ

Фаъолияти кормандони соҳаи тиб барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тибби, пешгирии бемориҳои сирояти ва такмил бахшидан ба фаъолияти  пизишкони оилави равона гардида буд.

Дар 9 моҳи соли 2013 барои соҳаи тандуpустии ноҳия зиёда аз 15 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Дар ин давра барои мустаҳкам намудани пояи техникии муассисаҳои тандурусти чораҳо андешида шуда, бунгоҳҳои соламатии Шайхбурҳон ва Куюктол сохта ба истифода дода шуд.

Кор бо занон

Доири иҷроиши Барномаҳои давлатии бахши кор бо занон ва оила дар ин давра аз буҷети ноҳия 13,7 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Айни замон дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия 181 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд. Аз 188 нафар хизматчиёни давлатӣ 63 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Ҷавонон ва варзиш

Дар ин давра бо иштироки васеи ҷавонон 99 адад чорабиниҳо дар самтҳои тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии паҳншавии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон, чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ, оммавӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷавонон баргузор гардид.

Дар 9 моҳи соли равон барои татбиқи барномаҳои соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва барпо намудани чорабиниҳои оммавӣ дар байни ҷавонон 350,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона гардиданд.

Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Шумо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, ки дар мулоқот бо ҷавонони кишвар баён намуда будед, ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш ва фароҳамории шароитҳои хуби истироҳату фароғати ҷавонону наврасон, навсозиву бунёди иншоотҳои варзишӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкори ба кулли соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия корҳои зиёде иҷро гардиданд. Боиси қайд аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки Шумо Ҷаноби Олӣ варзишгоҳи замонавӣ барои 8 ҳазор ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин ғамхории давлату ҳукумат сокинони ноҳия хеле рӯҳбаланд гардиданд.

Ҳифзи иҷтимоӣ

Дар самтҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пардохти саривақтии музди маош, кӯмакпули ва нафақапулиҳо, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳо амали гардиданд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ба миқдори 5630 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Бо ин маûсад 12 маротиба ярмаркаüои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 680 нафар шаҳрвандони бекор бо корҳои доимӣ таъмин карда шуданд. Аз ҳисоби бекорон 340 нафар ҷавонон ба курсҳои касбомӯзӣ фиристода шуда, аз ҳисоби бекорони дар қайд буда 75 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд.

Дар ин давра ба 40 нафар корҷӯяндагон барои ташкили корҳои фардӣ қарзҳои хурди имтиёзноки бефоиз дода шуд.

Пардохти музди меҳнат зери назорати доимӣ қарор дода шуда, дар ноҳия  қарзи музди меҳнат мавҷуд намебошад.

Шумораи нафақагирони ноҳия зиёда аз 27 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Нафақаи шаҳрвандон то моҳи сентябр бо пуррагӣ пардохт карда шуда, пардохти нафақаи моҳи сентябр давом дорад.

Дар давраи ҳисоботи мувофиûи талаботи комиссия зиёда аз 9510 оилаҳои камбизоат барои истифодаи ûувваи барû аз æониби Вазорати молия 984,5 ҳазор сомонö маблаùгузорӣ карда шуда, дастраси ин оилаҳо гардиданд.

Вазъи  тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Дар 9 моҳи соли 2013 дар ûаламрави ноüия 380 адад üодисаüои ҷинояткорӣ ба ûайд гирифта шудаанд. Ин миûдор нисбати ҳамин давраи соли 2012-ум 5 адад зиёд буда, 319 üолати ошкоршавӣ ба амал оварда шудааст.

Нишондоди содиршавии ҷиноятüо, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин 16 адад, шахсони пеш ҷиноят содир намуда 4 адад, дар ҳолати ноаён содиршуда 3 адад, бо роҳи оперативӣ 21 адад, дузди 21 адад, вобаста ба соҳаи иқтисодиёт 23 адад тамоюли камшавӣ зоüир намудаанд. Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳия нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҷиноятҳои соҳаи кофтукови ҷиноӣ 23 адад, қаллобӣ 21 адад, одамкуши 1 адад, садамаи нафлиёт бо марги инсон 11 адад зиёд гардидааст.

Танзими расму оин

Дар ноҳия шумораи умумии маъракаҳо дар нӯҳ моҳи  соли ҷорӣ 4542 ададро ташкил додааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо бошад, 21,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин миқдор ба ҳисоби миёна ба ҳар як маърака 4,8 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 130 маротиба рейдҳо гузаронида шуда, рафти баргузории тӯю маъракаҳоро мавриди назорат қарор дода, 5 адад қонуншиканӣ ошкор карда шуд.

Рафти даъвати ҷавонон

Дар ноҳия даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пеш аз мӯҳлат иҷро гардид.

Имрӯзҳо даъвати тирамоҳии ҷавонон бо ҷараён идома дошта, кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки нақшаи тирамоҳиро пеш аз мӯҳлат иҷро намоем.

Мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ифтихори баланди ватандорӣ сидқидилона меҳнат намуда, барои бозҳам рушду  нумӯъ ёфтани кишвари азизамон Тоҷикистон ҳиссаи босазои худро мегузорад.

 

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ