Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Фишурда оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2016

E-mail Чоп PDF

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 101,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 77,7 млн. сомонӣ, воридот 79,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Буҷети маҳаллӣ дар ин давра 102,8 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 58,7 млн. сомонӣ дар асл 60,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақша 1,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2016 91,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 69,2 млн. сомонӣ, 63,2 млн. сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин аз нақша 6,1 млн. сомонӣ каммебошад.

Нақшаи хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 100,5 фоиз иҷро гардида, ба хазинаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ 36,3 млн. сомонӣ ворид гардид.

Мувофиқи  ҳисоботҳо ба ҳолати 1 июни соли 2016 дар ноҳия  қарз аз пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷет вуҷуд надорад.

 

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ