Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Буҷет

E-mail Чоп PDF

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2013-ум 106,3% иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 72,3 млн. сомонӣ, воридот 76,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 4,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Буҷети маҳаллӣ, дар ин давра 106,6% иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 56,5 млн. сомонӣ дар асл 60,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин аз нақша 3,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷет дар ин давра 102,4% иҷро гардида, ба ҷои 55,4 млн. сомонӣ 56,7 млн. сомонӣ сарф карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки гарчанде, ки нақшаҳои воридоти андоз барзиёд гардида бошад ҳам, лекин нақшаи 4 намуди андоз (аксиз, арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз даромад) иҷро нагардид.

Иҷроиши нақшаи хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ дар корхонаҳои ғайрибуҷети 96,7%, дар маҷмӯъ нақшаи умумӣ 100,0 % иҷро гардид.

Дар ноҳия ба санаи 01.09.2013 сол бақияи қарзи андоз ва  хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 13,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра бақияи қарзи андоз 1,8 млн. сомонӣ кам карда шудааст.

Рушди иқтисодӣ.

Баҳри ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланд ва рушди иқтисодиёти ноҳия соли 2011-ум дар ноҳия «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2011-2015» таҳия гардидааст. Дар ноҳия 35 адад корхонаҳои саноати фаъолият намуда, дар давоми соли 2012 ба маблағи 189,5 млн.сомони маҳсулоти саноати истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2011 ба маблағи 48,2 млн.сомони зиёд буда, суръати афзоиш бо нарххои муқоисави 134,1 фоизро ташкил дод. Дар соли 2012-ум дар ноҳия 10 корхонаҳои нав сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, ҶДММ «Ғаллаи Суғд», ҶДММ «Нафти Темурмалик», ҶДММ «Ғаллаи Суғд», ҶДММ «Система», ҶДММ «Ҷараён плюс», ҶДММ «Алвадуд», ҶДММ «Зода», ҶДММ «Ардо ТҶ» ба фаъолият шурӯъ намуд. Инчунин дар корхонаҳои алоҳида, сеҳҳои истеҳсоли маҳсулот ба монанди хатти 4-уми иловаги дар ҶДММ «Алфа ПЭТ», хатти истеҳсоли маҳсулоти макарони дар заминаи ҶДММ «Зерновая компания» ба роҳ монда шуд. Дар соли 2012-ум баҳри истиқболи ҷашни 20 солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 20 адад иншоотҳои ҷашни сохта ба истифода дода шуд. Сохтмоничиёни ноҳия дар соли 2012-ум ба маблағи 59,7 млн.сомони корҳои пудратиро иҷро намуданд, ки ин нисбати соли 2011-ум 26,0 млн.сомони зиёд буда, ба миқдори 131,2 млн.сомони маблағҳои капитали аз худ карда шуданд, ки ин 179,6 фоизро ташкил додааст. Зиёдшавии ҳаҷми савдо ва хизматрасонии пулаки аз баландшавии ҳаҷми муомилоти чаканаи мол мувофиқи ҳамаи нуқтаҳои фурӯш 487402,3 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо нарххои муқоисави ба 114,4  фоизро баробар шуд.Ҳаҷми хизматрасонии пулаки ба аҳоли дар давраи ҳисоботи 628454,4 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нарххои муқоисави суръати афзоиш 100,8 % таъмин гардид. Сабаби ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардиданд, ин пеш аз ҳама таъсиси ҷойҳои нави кори дар соҳаи савдо ва хизматрасони буда, дар ин самт дар миқёси ноҳия 3757 ҷойҳои кори таъсис дода шудааст. Аз тарафи ташкилотҳои байналхалқи низ як миқдор маблағҳо барои кофтани чоҳҳои амуди пешбини карда шудааст. Дар трранши якум дар соли 2012-ум дар ҷамоати Унҷӣ 2 адад чоҳи амуди кофта шуда, дар ҷамоатҳои Исмоил ва Ғозиён 2 адад чоҳи амуди барқарор карда шуд. Инчунин дар доираи ин барнома 1 адад гармхона низ ташкил карда шуд. Ҳоло транши дуюми маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсиони амали шуда истода, дар ҷамоати Д.Холматов кофтани 2 чоҳи амуди оғоз гардидааст. Баҳри рушди минбаъдаи ноҳия дар 8 ҷамоатҳои ноҳия «Барномаи рушди ҷамоат» таҳия шудааст, ки ин барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии ҷамоатҳо мусоидат менамояд.Соли 2012-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи ба 425,5 млн.сомони баробар гардидааст, ки суръати афзоиш нисбати соли 2011-ум 105,1 фоизро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботи ба майдони 2885 га кишти такрори гузаронида шуд. Аз ҳисоби кишти такрори сабзавот 8048 тонна, полези 287 тонна, хӯроки чорво 7082 тонна ва ғалладона 3790 тонна истеҳсол гардид. Ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 1,2 то 6,2 баробар зиёд мебошад. Оиди вазъи чорводори бояд қайд намуд, ки саршумори чорвои калони шохдор дар ноҳия 12874 сар зиёд гардида, ҳоло шумораи умумии ин намуди чорво 71619 сарро ташкил дода суръати афзоиш нисбати соли 2011 ба 131,0 фоиз расидааст. Дар соли 2012-ум ба миқдори 6194 тонна гӯшт, 30312,7 тонна шир, 46295,0 ҳазор дона тухм, 272 тонна пашм, 166 тонна пилла, 216 тонна асал истеҳсол гардид, ки суръати афзоиш аз 100,3 то 183,3 фоиз афзудааст. Воридот ва содироти маҳсулот барои ғани гардонидани буҷет аҳамияти хоса дорад. Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷи ба 529602,1 ҳазор доллари ИМА баробар шудааст, ки ин нисбати соли 2011-ум ба маблағи 98518,0 ҳазор доллари ИМА зиёд мебошад. Аз ин миқдор ҳаҷми содирот 116966,2 ҳазор доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 412635,9 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст. Бо мақсади таъмин намудани аҳолии ноҳия бо маҳсулотҳои тару тоза, маводҳои хӯроквори, масолеҳи сохтмони дар ноҳия 7 адад бозорҳо фаъолият менамояд.

 

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ