Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО

E-mail Чоп PDF

Дар давраи ҳисоботӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои ҷорӣ ба 789,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2014 106,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, растанипарварӣ 519,9 млн. сомонӣ, суръати афзоиш 107,3 фоиз ва чорводорӣ 269,5 млн. сомонӣ суръати афзоиш 104,0 фоизро ташкил дод.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзоиши аксарияти маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 таъмин гардида, дар ин давра 103810 тонна сабзавот, 5074 тонна картошка, 4434 тонна меваҷот, 44526 тонна ғалладонагиҳо, 10199 тонна ангур ва 11149 тонна полезӣ истеҳсол гардид. Ҳосилнокии зироатҳо, аз ҷумла, ғалладонагиҳо ҳамагӣ 30,2 сентнер, шолӣ 45 сентнер, пахта 19,7 сентнер, картошка 210 сентнер, сабзавот 280,3 сентнер ва полезиҳо ба 202 сентнер расонида шуд.

Дар ноҳия тибқи нақша бунёди 205 гектар боғи нав ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 333 гектар бунёд карда шуда, 325 гектар боғҳои кӯҳна ва 50 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор  карда шуданд.

Дар соли 2016 мувофиқи ноҳия бунёди 230 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор ба 73714 сар расонида шудааст, ки аз он модагов 30164 сар, бузу гӯсфандҳо 193480 сар, парранда 584895 сар, асп 1104 сарро ташкил медиҳад.

Чорводорон ва паррандапарварони ноҳия дар ин давра ба миқдори 7036 тонна гӯшт суръати афзоиш 103,2 фоиз, 33321 тонна шир суръати афзоиш 103,1 фоиз, 71,6 млн. дона тухм суръати афзоиш 100,4 фоиз истеҳсол намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ наслгирӣ аз моли калони шохдор аз ҳар 100 сар 65 сарӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 сар зиёд мебошад. Наслгирӣ аз моли майда аз 100 сар мешу модарбузҳо 84 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 1 сар зиёд мебошад.

Тибқи дастуру супоришҳои Шумо мӯҳтарам Раис, соли 2015 бояд дар ҳамаи ҷамоатҳо 1 адади маркази зообойтори ташкил карда мешуд. То ба имрӯз 12 адад маркази зообойтори ташкил карда шудааст. Дар соли 2015 ба ин марказҳо 269 нафар шаҳрвандони ноҳия муроҷиат намуданд. Ҳоло боз сохтмони 3 адад маркази зообойтори дар ҷамоатҳои Унҷӣ, Хистеварз ва Ёва идома дорад. Боиси қайд аст, ки дар ҷамоатҳои ноҳия 48 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил карда шуда, онҳо тариқи шартнома бо хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат расонида истодаанд. Инчунин дар ҷамоатҳои ноҳия 25 адад мағозаҳои фурӯши нуриҳои минералӣ ва заҳрдоруҳо, 8 адад мағозаҳои фурӯши тухмиҳо ва 22 адад мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиёти ташкил карда шудааст.

Дар ин давра заҳбурҳои Қаромазорсой дар ҷамоати деҳоти Исмоил, Береговой-2 дар ҷамоати деҳоти Зарзамин, К-7 дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ва дигар заҳбурҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 463,0 ҳазор сомонӣ корҳои тозакунӣ ба анҷом расида шуда, ҳолати мелиоративии 688 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуд.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ