Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Кишоварзӣ

E-mail Чоп PDF

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва шароитҳои табиию иқлимии ноҳияи Б.Ғафуров хусусияти самтҳои иқтисодии онро муайян кардаанд. Ноҳия яке аз минтақаҳои пешрафтаи аграрию саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Нақши соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти маҳаллӣ. Хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар деҳот қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат зиндагӣ дорад (94%). 48% фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо ба соҳаи кишоварзö рост меояд. 

Диаграммаи 2. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои 2009-2010.

Сабаби паст шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ (бо ифодаи пулӣ) дар соли 2010 дар қиёс бо соли 2009 ин паст шудани ҷамъоварии ҳосили баъзе намудҳои зироатҳо, аз ҷумла картошка, ангур ва меваҳо мебошад. Шароити бади обу ҳаво ба соҳа хисороти калон расонид. Маблағи умумии зарари аз шароити иқлимӣ ба соҳаи кишварзӣ расонидашуда дар соли 2010 1,8 млн. сомониро ташкил дод.Соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия пахтакорӣ, растанипарварӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, ангурпарварӣ, кирмакпарварӣ, чорводорӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2010 нисбати соли 2009 ба ҳар сар аҳолӣ он аз ҷумла ғалладонагиҳо 70 кг., сабзавот -194 кг., мева- 44 кг, ангур -25 кг., шир - 98 кг., гўшт 20 кг. ва тухм -49 донаро ташкил дод. Шакли ташкилии соҳаи кишоварзӣ. Дар ноҳия 12 ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 347 хочагии дехконии инфиродии оилавӣ, як хоҷагии ниҳолпарварӣ, 2 адад ҷамъияти саҳҳомӣ ва 2 адад ташкилоти илмию истеҳсолӣ фаъолият менамоянд.

Таъминот бо техникаи кишоварзӣ: Сатҳи механизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ он қадар баланд нест. Аз рўи маълумотҳои оморӣ ба 01.01.2011, дар миқёси ноҳия ҳамагӣ 2871 адад техникаи кишоварзӣ мавҷуд аст, аз ҷумла: 1099 адад тракторхо аз он (179 адад техникаи шудгоркунанда), комбайни ғалладарав - 66 адад, автомобилҳои боркашон – 394 адад, ядакҳои трактор - 449 адад, алафдарав - 33 адад, мошинаҳои пахтачин- 20 адад, тухмипошакҳо –220 адад, плугҳои трактор – 232 адад, култиваторҳо– 278 адад, ворухҳои пахтатозакунӣ – 39 адад ва дигар техникаи кишоварзӣ - 41 адад. Аксари техникаи кишоварзии хоҷагиҳои ноҳия фарсуда мебошанд, зеро, ки онҳо дар солҳои 1975 - 1995 истеҳсол шудаанд (аз тарафи хоҷагиҳо танҳо 2-3 адад техникаи нав дар як сол харидорӣ карда мешавад). Барои таъмири ҳарсолаи техника маблағи зиёд лозим аст ( 60-70% техника таъмирталаб аст).

Истифодабарии замин. Майдони умумии ҳамаи заминҳо бо назардошти заминҳои дар дигар ноҳияҳо буда (дар Мастчоҳу Ҷаббор Расулов) 298438 га-ро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 138428 га ё худ 46,4% майдони умумии заминҳои ноҳияро ташкил менамояд. 

86 фоизи майдони умумии заминҳои корами обӣ тавассути насосҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Соли 2010 аз захираи заминҳои корами дар ноҳия мавҷудбуда бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 26752 гектар (98%) кишти зироатҳо гузаронида шуд.

Диаграммаи 3. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар шакли натуралӣ барои солҳои 2008-2010. (тонна)


Сабаби кам шудани майдонҳои кишти зироатҳои хўроки чорво зиёдшавии майдонҳои зироатҳои ғалладона (1655 га), зироатҳои техникӣ (пахта - 153 га), сабзавот (388 га) ва бунёди боғоти нав (750 га) мебошад.  Зиёда аз 10% заминҳои обии ноҳия ба шўршавӣ гирифтор шудаанд. Соли 2009 майдони заминҳои дараҷаи шўршавиашон миёнаву сахт 1016 га-ро ташкил намуданд. Сатҳи минерализатсияи замин 002C, ки аз нишондодҳои меъёрӣ баланд аст (3г/л) дар соли 2009 372гаро ташкил карданд. Майдони заминҳои сатҳи обҳои зеризаминиашон аз меъёр баланд (1-1,5 м) аз соли 2000 то 2004 240 га зиёд шуданд. Майдони заминҳои сатҳи обҳои зеризаминииашон то 1 м. 1760 га ва то 1,8 м. 5596 га-ро ташкил медиҳанд. Сабаби асосии баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ба мушкилоти шабакаҳои мелиаратсионö вобаста аст (ба боби ирригатсия дар поён нигаред).
Растанипарварӣ. Дар соли 2010 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 273,7 млн. сомониро ташкил дод, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия 69,9% мебошад.Дар структураи истеҳсоли зироатҳои растанипарварӣ сабзавоту ғалладонагиҳо афзалият доранд. 

Диаграммаи 4. Истифодаи майдонҳои киштшаванда дар солҳои 2009-2010

 


Ҳаҷми истеҳсоли картошка, мева ва ангур соли 2010 дар қиёс бо соли 2008 мутаносибан ба 16,9 %, 4,1% и 5,3% кам шуд. Сабаби кам шудани истеҳсоли картошка кам шудани майдонҳои кишти такрории он дар бахши хусусӣ (аҳолӣ) мебошад. Ба паст шудани истеҳсоли меваҷот ва ангур бевосита шароити номусоиди обу ҳаво таъсир расонид.

Диаграммаи 5. Ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ (с/га).

Соли 2010 дар қиёс бо соли 2008 ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ва мева мутаносибан ба 1,5 ва о,5 сентнер кам шуд. Ба ғайр аз ин солҳои охир тамоюли баландшавии ҳосилнокии пахта мушоҳида мешавад, аммо дар асл истеҳсоли ин навъи маҳсулот зараровар аст.
Умуман, даромаднокии сохаи пахтакорӣ тўли даҳ соли охир хеле паст шудааст. Сабабҳои ин пастравӣ саривакт нагузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, норасоии сўзишворӣ ва маводҳои молиданӣ, нуриҳои маъданӣ, техникаи кишоварзӣ, боду ҳавои номусоид ва сол аз сол паст гардидани сатҳи мелиоративии заминҳо ва зиёд шудани арзиши маводҳои истеҳсолӣ, даст кашидан аз банақшагирии марказонидашуда, татбиқи реформаи замин ва аз байн рафтани колхозҳо, суст шудани интенсификатсияи истеҳсоли кишоварзӣ ва ғайра мебошад. Дар баробари ин ба рушди соҳаи пахтакорӣ дар ноҳия чун анъана ҳамчун ба соҳаи нақши муҳими иҷтимоӣ дошта, алалхусус дар таъмини аҳолӣ бо кори мавсимӣ дар марҳилаи ғунучини ҳосил эътибори калон медиҳанд. Дар рушди соҳаи пахтакорӣ дар солҳои охир зиёд гаштани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакорӣ дар назди хоҷагии об, мақомоти андоз, пасту баланд шудани нархи пахта ва чун натиҷа паст шудани даромаднокӣ ва ҳавасмандии хоҷагиҳои деҳқонӣ монеагӣ мекунанд. Таҷрибаи хоҷагиҳои кишоварзии пешқадам нишон медиҳад, ки устовории соҳаи пахтакорӣ дар ҳолате таъмин мешавад, ки ҳосилнокии он ба 25 сентнер аз як гектар расонида шавад. Дар акси ҳол хароҷотҳои барои истеҳсоли он сарфшуда пўшонида намешаванд ва хоҷагиҳо ба ҷои даромад, зарар мебинанд. Ғайр аз ин воқеаҳои охирини бозори пахта бори дигар исбот карданд, ки фурўши пахта аз нархгузории бозори ҷаҳонии пахта вобастагии бевосита дорад. Бо мақсади дастгирии рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ ва амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 586 аз 31 октябри соли 2009 дар ноҳия Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 татбиқ мегардад. Тибқи ин барнома ҳосилнокии майдони кишти пахта дар давоми солҳои 2011 -2015 то 25 сентнер аз як гектар расонида мешавад.Ба ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ва меваю сабзавот омилҳои зерин таъсир мерасонанд, ба мисоли риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ, ноқисии оби полезӣ дар мавсими обёрикунӣ, баланд шудани арзиши қувваи барқ, набудани шаклҳои самараноки муборизаи зидди ҳашаротҳои зараррасон, тағйир ёфтани иқлим, норасоии мутахассисони соҳибтаҷриба, набудани технологияҳои муосир, норасоии тухмиҳою ниҳолҳои босифат, нархҳои баланди сўзишворӣ, нуриҳои минералӣ, норасоии техникаи кишоварзӣ, сифати пасти корҳои агротехники, норасоии дастгирии иттилоотиву машваратӣ.Ба рушди соҳаи боғдорию токпарварӣ низ солҳои охир дар ноҳия аҳамияти махсус дода мешавад (аз ҷумла дар доираи барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши дарахтҳои мевадиҳанда ва сояафкан дар ҶТ барои солҳои 2007-2010). Танҳо дар солҳои 2007-2010 дар хоҷагиҳои ноҳия зиёда аз 1908 га боғу токи нав шинонида шудааст, ки дар оянда барои зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва инкишоф додани ин соҳа замина мегузорад. Боғу токпарварӣ. Васеъ гаштани майдони боғоту токзор ба қонеъ гардонидани талаботи дохилии аҳолӣ ба ин гуна маҳсулот ва ҳамчунин ба бозорҳои беруна баровардани он мусоидат мекунад. 

Диаграммаи 6. Майдони боғу токзорҳо


Майдони умумии боғот соли 2010 нисбат ба соли 2008 ба 802 га зиёд шудааст. Майдони токзор дар ин муддат 178 гектар кам шудааст. Кам шудани майдони токзор пеш аз ҳама бо сардии ҳаво дар соли 2008 ва норасоии оби полезӣ дар мавсими обёрӣ вобаста аст. 

Диаграммаи 7. Ҳаҷми умумии истеҳсоли меваву ангур дар солҳои 2009-2010. (тонна)


Диаграммаи 8. Хосилнокии меваю ангур


Солҳои охир майдони аксар боғу токзорҳои ноҳия аз сабаби нагузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, бахусус коркарди кимиёвӣ ба муқобили касалиҳо ва ҳашаротҳои заррасон қариб хароб гардидааст. Сабаби асосии пастшави ҳосил паҳншавии касалиҳои гуногуни занбуруғӣ ва зиёдшавии миқдори ҳашаротҳои зараррасон мебошад.Барои амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №683 аз 27 августи соли 2009 дар ноҳия Қарори Раиси ноҳия аз 16 ноябри соли 2009 №517 «Дар бораи табдирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров барои соҳои 2010-2014» тасдиқ карда шудааст. Мувофиқи ин тадбирҳо дар давоми солҳои 2010-2014 бунёд ва барқарори боғу токзорҳо дар майдони 3335 гектар пешбинӣ шудааст.Яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа ҷорӣ кардани шаклҳои нави истеҳсолот, коркарди маҳсулот ва истифодаи технологияҳои муосир мебошад. Ҷорӣ кардани хушккунакҳои офтобӣ дар ҷараёни хушконидани меваҳо, аз ҷумла зардолу ба рушди соҳа ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Чунин таҷриба алҳол дар дигар манотиқи вилояти Суғд, ба монанди ноҳияи Ҷ. Расулов, Спитамен ва дигарҳо бомуваффақият истифода бурда мешавад. Ҳамчунин, сохтмони гармхонаҳои каммасрафи энергитикӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият гардад, ки ҳосилнокиро баланд бардошта рушди иқтисодии ноҳияро таъмин менамояд. Истифодаи ин шаклҳо имконият медиҳад, ки хароҷоти гармкунии гармхонаҳо тавассути ангишту ҳезум то 60% кам карда шавад. Системаи обёрӣ. Барои танзими масъалаҳои обёрикунӣ дар ҳудуди ноҳия Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Б.Ғафуров ва канали «Хоҷабоқиргон» масъул аст. Майдони заминҳои корами обӣ дар ноҳия 32683 гектарро ташкил мекунад, ки 86% онҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Ҳолати заминҳои обӣ сол аз сол бо сабаби нокифоя будани маблағгузорӣ ва суст шудани чорабиниҳои мелиоративӣ бад шуда истодааст. 

Ҷадвали 7: Ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда (га) аз рўи сатҳи обҳои зеризхаминӣ ва шўршавӣ

Нишондодҳо

Воҳиди ченак

миқдор

Хуб

Га

24846

қаноатбахш

Га

3354

ғайриқаноатбахш

Га

4483


Чорабиниҳои беҳгардонии ҳолати мелиоративии 4960 га заминҳо дар солҳои 2010-2014 дар доираи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 октябри соли 2009 №612 «Дар бораи чорабиниҳои беҳгардонии ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ дар солҳои 2010-2014» ба нақша гирифта мешаванд. Дар тўли 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 51 ҳазор метри мукааб ба маблағи 239,3 ҳазор сомонӣ заҳбурҳои байнихоҷагӣ тоза карда шуда, ба маблағи 33,9 ҳазор сомонӣ чоҳҳои мелиоративӣ аз таъмир бароварда шуданд, ки ҳолати 384 гектар заминҳоро беҳтар гардонид.Бад шудани ҳолати заминҳои обӣ бо баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ вобаста аст. Сабабҳои асосии баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ инҳоянд: Ҳолати ғайриқаноатбахши шабакаҳои коллектории заҳбурҳо (КДС), ҳам байниҳоҷагӣ ва ҳам дохилихоҷагӣ. Аз 414,89 км КДС қариб 20% дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд, алалхусус КДС-ҳои дохили хоҷагӣ;Дар ҳолати ùайри µаноатбахш µарор доштани чоҳхои амудии обкашӣ (аз 193 чунин чоҳҳо ҳамагӣ 100 адад ё 51-52% коршоям мебошанд, вале бо сабаби норасоии қувваи барқ онҳо танҳо 8 соат дар як шабонарўз кор мекунанд). Илова бар ин дар ноҳия талафоти калони об мушоҳида мегардад. Аз рўи маълумоти расмии хоҷагии об, талафоти об 22% ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад. 20% канали Калони Фарғона, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад бетонӣ кунонида нашудааст. Шабакаҳои обёрикунии дохили хоҷагӣ бошад, асосан заминӣ мебошанд, ки боиси талафоти зиёди об ва баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва шўршавии заминҳо мегардад. Ҳамчунин 0,2 км канали Хоҷабақирғон ва 0,2 км канали нави Қистақўзро бетонпўш кунонидан лозим аст. 0,8 км канали Анҳор ба таъмири асосӣ ва барқароркунӣ эҳтиёҷ дорад, ки зери таъсири сардии сахти зимистони соли 2007 ях зада, хароб гашта буд. Барои беҳгардонии ҳолати мелиоративӣ ва паст намудани шўрнокии зиёда аз 3 ҳазор гектар замин бо назардошти µитъаҳои наздиҳавлигии ҷамоатҳои Унҷӣ, Ғозиён, Ёва зарурати сохтмони сарбанди иловагӣ дар қисми поёнии сойи Хоҷабақирғон вуҷуд дорад.Азхудкунии заминҳо аз ҷониби хоҷагиҳои ноҳияи Лайлаки Ҷуҳурии Қирғизистон, ки дар µисмати ҷануби шарµии ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров воµеъ мебошанд бе риояи меъёрҳои сохтмони шабакаҳои заҳбур ҷараён гирифта буд, ки сабаби ботлоқшавии заминҳои наздисарҳадии ноҳия шуда истодааст. Аз 15 чоҳҳои обкашии амудö алҳол ягонтоаш кор намекунад. Соли 2010 125 адад дастгоҳҳои обкашии 35 пойгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуд. 60,0 ҳазор метри мукааб каналҳои байнихоҷагӣ ва 92 ҳазор метри мукааб заҳбурҳои байнихоҷагӣ тоза карда шуд.Дар айни ҳол дар ноҳия 7 Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) фаъолият мебаранд, ки дар самти идоракунии тақсимоти об дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъоварии пардохти хаққи таъминоти истифодабарандагон об машғуланд. Ба андешаи мутахассисиони маҳаллӣ фаъолияти АИО дуруст ба роҳ монда нашудааст ва бо сабаби норасоии маблағ барои сохтмони иншоотҳои обтақсимкунӣ ва дар заминаи ин қарздории ХД дар назди АИО, набудани ченкунаҳо ба талаботҳо ҷавобгў намебошад.Соли 2010 ба хоҷагиҳо ва аҳолӣ ба маблағи 7990,5 ҳазор сомонӣ хизматҳои обтаъминкунӣ расонида шудааст, аз ин танҳо 4154,7 ҳазор сомонӣ (52%) маблағ пардохт шудаасту халос. Мушкилоти дигар ин кўхнаву фарсуда гаштани агрегатҳо ва қубурҳои обгузар мебошад. Ҳолати пойгоҳи обкаши шиновари (понтон) Сомғор-1, пойгоҳҳои обкашии Сомғор-2, Сомғор-3, Қизил-Тўқай – 2, Акташ – 1,2,3,0 ва Унҷӣ -1,2 дар ҳолати ногувор µарор дорад. Ҳамчунин қубурҳои обгузари пойгоҳҳои обкашии Хоҷабоқирғон – 3, Қизил Тўқай – 1, канали калони Фарғона – Катағанро ба иваз куни зарурат дорад.


Чорводорӣ. Истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти чорводорӣ, аз ҷумла гўшт, шир, тухм, пашм ва асал дар соли 2010 нисбати соли 2007 афзудааст, чунончи: гўшт ба 13,9 %, ва шир - 15,6%. 

Ҷадвали 8: Истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ.

Номгўи маҳсулот

Воҳид

ченак

2007

2008

2009

2010

Гўшт

тн

5310

6090

6160

6170

Шир

тн

28100

30160

30270

30280

Тухм

Млн.дона

5,12

6,63

11,07

15,3

Вале маҳсулнокии шир ба ҳар сари чорво қариб 1,5 баробар кам шудааст. Афзоиши ҳаҷми маҳсулот ба зиёд шудани саршумори чорво вобаста аст.

Ҷадвали 9: Саршумори чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ (сар)

Нишондиҳандаҳо

2007

2008

2009

2010

Моли калони шохдор

54300

58680

58790

58790

Аз ҷумла Саршумори модагов

23100

24490

24530

24570

Моли майдаи шохдор

154900

162480

162660

165950

Парранда (ҳазор сар)

122,5

166,9

232,7

292,1

Асп

-

-

-

1056

Занбўри асал

-

-

-

6000

Дар ноҳия ба рушди соҳаи чорводорӣ аҳамияти махсус дода шуда, якчанд барномаҳо амалӣ карда мешаванд, аз ҷумла:

  • Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2008-2015 дар ноҳияи Б.Ғафуров (асосаш қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1.10.2007 сол таҳти №501), ки ба зиёдшавии саршумори чорво нигаронида шудааст. Дар доираи барнома ташкили нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво ар назар дошта шудааст.
  • Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар ноҳия барои солҳои 2009-2016», ки соли 2009 ба тасвиб расидааст (дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2008 сол таҳти №662 )
  • «Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар ноҳия барои солҳои 2009-2015» (дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.10.2006 сол таҳти №451).
  • Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҶТ дар солҳои 2009-2015», ки соли 2008 тасдиқ шудааст (дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №306 аз 2.07.2008 сол). Ҷамоати Қистакўз маркази соҳаи моҳипарварии ноҳия маҳсуб ёфта, дар ҳудуди он хоҷагии деҳқони моҳипарварии «Ҳақ» фаъолият мебарад.
  • Барномаи рушди соҳаи занбўрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2011-2016» (дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010 сол таҳти №418).
  • Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» (Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.10.2008 сол таҳти №481).

Мушкилоти асосии соҳаи чорводорӣ:

  • Набудани маводи босифати бордоркунии сунъӣ ва чорвои зотӣ;
  • Норасоии заминҳои кишти хўроки чорво, техникаи ғунучини ҳўроки чорво,
  • Сарфакорона истифода набурдани чарогоҳҳо;
  • Вуҷуд надоштани нуқтаҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ дар маҳал (шир, пашму пўст);
  • Сатҳи пасти таҷрибаи мутахассисон дар соҳаи асппарварӣ;
  • Сатҳи пасти модернизатсиякунонии соҳаи моҳипарварӣ.

Соҳаи бойторӣ. Дар ноҳияи Б.Ғафуров фақат дар сохтори шахсӣ дар айни ҳол 52000 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 23000 сар модагов, 183000 сар чорвои майдаи шохдор, 300000 сар парранда, 2000 сар хар, 500 сар асп нигоҳ дошта мешавад. Барои хизмат расонидан ба чунин саршумори ҳайвонот мувофиқи меъёрҳои бойторию санитарӣ 60 мутахассиси соҳаи бойтории дорои маълумоти олӣ ва 60 фелдшери бойторӣ лозим аст. Дар айни замон дар ноҳия ҳамагӣ 30 мутахассис кор мекунад, ки 25% талаботро µонеъ мегардонад. Таъминоти техникии соҳаи бойторö дар ҳолати ғайриқаноатбахш µарор дорад. Музди миёнаи кормандони соҳаи бойторӣ ҳамагӣ 150 сомониро ташкил медиҳад ва дигар ягон намуди ҳавасмандкунӣ мавҷуд нест.Ҷиҳати сари вақт пешгирӣ намудани ҳайвонот аз касалиҳои сирояткунанда ва талафот, бояд ҳамасола ташхиси ҳайвонот оиди касалии сил ва бруселлез, эмкунии чорво зиддӣ оқсил (ящур) 2 маротиба дар як сол, сўхтанӣ (захми сибирӣ) як маротиба, пучаки эмфизематозӣ 2 маротиба, нағзаки (оспа) гўсфанд 1 маротиба, хории (бешенство) сагу гурба 1 маротиба, пешгирии тейлериози чорвои калони шохдор дар мавсими баҳору тобистон гузаронидан лозим аст. Барои амалӣ намудани эмкунии моли калону майдаи шохдор бар зидди бемории оқсил 574 ҳазор сомонӣ зарур мебошад. Дар ноҳия зарурати ташкил намудани нуқтаҳои махсус барои забҳи чорво ба миён омадааст. Аз рўи маълумотҳо ба ҳисоби миёна дар ноҳия ҳамарўза 75 сар чорво забҳ карда мешавад. Барои беҳтаргардонии хизматрасонии бойторӣ дар сектори хусусӣ оиди бордоркунии сунъӣ, таъминот бо дорувории бар зидди бемориҳои чорво ва гузаронидани корҳои солимгардонӣ ва профилактикö, дар айни ҳол ташкил намудани 6 нуµтаҳои бойторӣ бо дарназардошти меъёрҳои стандартӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо технологияи замонавӣ мувофиқи мақсад мебошад, ки он барои ташкили 1 нуµта 50 ҳазор сомонӣ маблағро талаб менамояд.Мувофиқи нишондиҳандаҳои овардашудаи дурнамо зиёдшавии ҳаҷми умумии истеҳсолоти кишоварзӣ дар соли 2015 нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2011 (439901 ҳазор сомонӣ) ба 17,6% дар назар аст. Аз ҷумла, растанипарварӣ – 22,2% аз ҳисоби итенсификатсияи истеҳсолот (кам кардани ҳаҷми заминҳо корам ва зиёд намудани ҳосилнокӣ) ва 10,0% чорводорӣ.

Ҷадвали 10. Дурнамои зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ дар н. Б. Ғафуров дар с. 2011-2015 (бо ифодаи пулӣ)

Нишондиҳандаҳо

с.2011 ҳисобот

с.2012

баҳодиҳӣ

Дурнамо

с.2015 бо%

нисбат ба

с. 2011

с. 2013

с. 2014

с. 2015

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ - ҳамагӣ

374091

 

413815

 

426167

 

432386

 

439901

 

117,6

 

Аз ҷумла:

 

 

 

 

 

 

растанипарварӣ

231980

264599

275033

277505

283518

122,2

чорводорӣ

142111

149217

151134

154881

156383

110,0

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷадвали 11. Дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ дар н.Б. Ғафуров дар с. 2011-2015

 

Нишондиҳандаҳо

с. 2011 ҳисобот

с. 2012

баҳодиҳӣ

Дурнамо

с.2015 бо%

нисбат ба

с. 2011

с. 2013

с. 2014

с. 2015

Хоҷагиҳои ҳамаи намудани моликият

Замини кишт – ҳамагӣ,

ҳаз. га

29,9

29,3

29,3

29,3

29,3

98,0

Аз чумла обёришаванда

24,8

24,3

24,3

24,3

24,3

98,0

Сохтори заминҳои кишт аз рўи зироатҳо

28,5

27,7

27,7

27,7

27,9

97,6

ғалладонагиҳо - ҳаз.га

7,9

8

8

8

8

101,3

Аз ҷумла гандум – ҳаз. га

3

3,1

3,1

3,2

3,2

106,7

пахта - ҳаз. га

10,8

10,8

10,8

10,8

10,8

100,0

Картошка - ҳаз. га

0,34

0,35

0,35

0,35

0,35

102,9

сабзавот - ҳаз.га

3,2

3,3

3,3

3,3

3,3

103,1

Полезӣ - ҳаз. га

0,5

0,4

0,4

0,4

0,5

100,0

тухмиҳо – ҳаз. га

 

 

 

 

 

 

Хўроки чорво - ҳаз. га

5,7

4,6

4,6

4,6

4,7

82,5

Майдони боғи мевадиҳанда - ҳаз. га

5,1

5,1

5,1

5,1

5,2

102,0

Майдони токзори  мевадиҳанда – ҳаз.га

3

3

3

3

3

100,0

Ҳосилнокии зироатҳо

ғалладонагиҳо – с/га

26,6

28,8

31,3

32

33

124,1

Аз ҷумла гандум - с/га

19,4

21,9

23,0

24,0

25,0

128,9

пахта - с\га

18,1

18,2

18,3

18,4

18,5

102,2

Картошка - с\га

236,0

236,0

240,0

241,0

245,0

103,8

Сабзавот - с/га

211,0

215,0

220,0

225,0

230,0

109,0

полезиҳо - с\га

115,0

115,0

120,0

125,0

130,0

113,0

меваҷот - с\га

26,7

27,6

28,2

28,4

28,5

106,6

ангур - с\га

35,0

41,7

43,0

43,3

44,0

125,7

Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо ифодаи натуралӣ (аслӣ)

ғалладонагиҳо – ҳаз. тн.

18,7

23

25

25,5

26

139,0

Аз ҷумла гандум – ҳаз. тн.

4

6,8

7

7,2

7,5

187,5

Нахи пахта  - ҳаз. тн.

18,3

18,6

19,8

19,9

20

109,3

Тамоку – тонна

 

 

 

 

 

 

Картошка - ҳаз. тн.

8,2

10,15

10,2

10,2

10,2

124,4

сабзавот - ҳаз. тн.

70,4

71

73

74

77

109,4

полезиҳо - ҳаз. тн тыс. т

7,6

7,6

7,7

7,7

7,8

102,6

меваҷот – ҳаз. тн.

13,5

14,1

14,4

14,5

14,8

109,6

ангур - ҳаз. тн.

10,5

12,5

12,9

13

13,2

125,7

Саршумори чорвои истеҳсолӣ ва парранда ҳамагӣ, ҳазор сар

Моли калони шохдор – ҳаз. сар

58,8

59

59,1

59,2

59,2

100,7

Аз саршумори умумии МКШ- модагов – ҳаз. сар

24,6

24,7

24,8

24,9

24,9

101,2

Гўсфанду буз - ҳаз. сар

167,7

168,0

168,4

168,9

169,4

101,0

Парранда – ҳаз. адад

312

313

314

315

316

101,3

Истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ бо ифодаи натуралӣ (аслӣ)

Чорво ва парранда бо вазни асли  – ҳаз. тн.

6,18

6,25

6,33

6,4

6,45

104,4

Шир - ҳаз. тн.

30,3

30,6

31

31,4

31,8

105,0

Тухм - млн. адад

25,25

25,3

25,8

26,2

26,5

105,0

Пашм бо вазни физикӣ - тонна

270

270

271

271

271

100,4

пилла – тонна

135

250

250

250

250

185,2

асал – тонна

196

196,1

197

198

199

101,5

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ