Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Машварати кории Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарияти як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ, аз ҷумла Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раисони ҷамоатҳо ва миробҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар машварат асосан масъалаи беҳбуд бахшидан ба фаъолияти обрасонӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мардуми минтақа тавассути каналҳои Унҷӣ – 1 ва Унҷӣ – 2 – и Канали калони Фарғона ва Сойи Хоҷа Боқирғон мавриди баррасӣқарор гирифт.

- Боиси зикр аст, ки беҳтар намудани таъмини оби каналҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Ҳайдар Усмонов ва Ғозиён ба беҳдошти ҳолати обёрии наздик 3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии ноҳия ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии 8887 хонавода мусоидат менамояд, - зикр дошт Абдураҳмон Қодирӣ. - Амалӣ шудани ин иқдом имконият медиҳад, ки ин заминҳо пурсамар истифода гардида, бо бунёди гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла картошка ва помидор афзун гардад.

Ҳамзамон, Раиси вилоят изҳори таассуф намуд, ки дар натиҷаи бемасъулиятӣ баъзе ҳудуди каналҳои номбурда имрўз пурра корношоям гардида, аз ҷониби бархе шаҳрвандон худсарона иншооти ғайриқонунӣ сохта шудааст, ки маҷрои обро халалдор месозад. Беобӣ ҳолати экологии ин минтақаро халалдор сохта, баъзе мавзеъ макони сирояти бемориҳо гардидааст. Алъон вақти он расидааст, ки анъанаҳои неки гузаштагонамонро эҳё намуда, тариқи ҳашару корҳои фаҳмондадиҳӣ каналҳоро эҳё ва пуроб намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ раисони кумитаи маҳаллаҳо, миробҳо ва масъулини ноҳияро вазифадор намуд, ки дар самти баргузории ҳашарҳои мардумӣ, тозаву озода намудани ҷўйборҳо, пардохти оби истифодашуда ва нерўи барқ тадбирҳои зарурӣ андешанд. – Бояд байни ин ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо барои истифодабарии оқилонаи обу замин озмун эълон гардида, беҳтаринҳо ҳавасманд шаванд, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Тибқи дастури Раиси вилоят каналҳои мазкур аз тавозуни хоҷагиҳои кишоварзӣ пурра ба тавозуни Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят гузаронида шуда, Ассотсиатсияи минтақавии истифодабарандагони об ташкил ва фаъолияти миробҳо тақвият хоҳанд ёфт.

- Солҳои қабл мардуми ин минтақа на танҳо мардуми вилоят, ҳатто берун аз онро бо маҳсулоти тару тоза, азҷумла помидор таъмин менамуданд. Аммо имрўз вазъ хеле нигаронкунанда буда, аксари заминҳои наздиҳавлигӣ, бахусус маҳаллаҳои навбунёд аз нарасидани оби полезӣ ва нўшокӣ танқисӣ мекашанд.

Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарияи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр дошт, ки ба фаъолияти пурсамари миробҳо ва музди меҳнати онҳо эътибори зарурӣ дода шавад. Ба хотири тақвияти фаъолияти минбаъда ба 6 мироби ин минтақа дучархаҳои нав тақдим гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Навгонихо ( 09.08.2017 18:39 )  

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз118
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6266
mod_vvisit_counterҲамин моҳ30235
mod_vvisit_counterҲамагӣ1340291

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ