Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамоати деҳоти Д.Холматов

E-mail Чоп PDF

Ҷамоати деҳоти Д.Холматов аз се деҳкада – Обшорон, Сумчак ва Куйбишев иборат мебошад. Аҳолии Ҷамоат 12755 нафар буда, 20300 хоҷагиро дар бар мегирад. Шуғли асосии мардум деҳқонӣ, истеҳсоли меваҷот ва зироатҳои полизӣ мебошад. Сумчак яке аз деҳаҳои ободи Ҷамоат ба ҳисоб меравад. Вай имрӯз ба макони меваҳои шакарин табдил ёфтааст. Асосгузори ин макон Дадобой ном деҳқони паҳлавонсифат ва ҷавонмарди дилсӯз аст, ки маҳз бо ташаббуси шахсии ӯ имрӯз мавзеъҳои хоҷагии ҷамоавии ба номи Абдулло Раҳимбоев, «Палос» ва «Сомғор» шодоб ва ободу зебо гаштаанд. Холматов Дадобой чун деҳқони асил дар ободии деҳаҳои колхоз матонати калон нишон додааст. Вай яке аз дӯстони наздики ду карат Қаҳрамони меҳнати сотисалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев буда, барои тадриҷан тараққӣ кардан ва сол ба сол обод шудани қишлоқҷойҳо ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар ҳудуди Ҷамоат се мактаб, се муассисаи томактабӣ, 1 адад клуб, ду адад китобхона, 1 адад варзишгоҳ, 15 адад нуқтаҳои савдо ва хӯрокворӣ, як беморхона, як дармонгоҳ мавҷуд мебошад. Миёнаи солҳои 60-умин афзоиши масоҳати токзорон ва парвариши ангури навъҳои шаробшаванда дар совхози «Сомғор» сохтани заводи нави винобарориро тақозо намуд. Айни замон заводи винобарории «Сомғор» фаъолияти пурсамар дошта, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Д.Холматов ҳамчун коргоҳи истеҳсолии номдор машҳур мебошад.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ