Ҷамоати шаҳраки Ғафуров

Чоп

Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 7 апрели соли 1965 ташкил шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 1296,46 га мебошад. Шумораи аҳолӣ ба 01.01.2013 – 17356 нафар мебошад, ки аз онҳо мардҳо-8060 нафар, занҳо- 9296 нафар мебошанд. Маркази ноҳия шаҳраки Ғафуров мебошад. Дар ҳудуди шаҳрак 17 корхонаҳои саноатӣ, 12 корхонаҳои сохтмонӣ фаъолият мебарад. Аксарияти корхонаҳо дар шаҳрак ҷойгир шудааст. Инчунин дар шаҳрак 186 муассисаҳои хизматрасонӣ ва савдо, 4 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ, 5 муассисаи томактабӣ, 1 хонаи фарҳанг, 1 кинотеатр. 1 мактаби мусиқӣ, 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 диспансер, 1 маркази саломатӣ, 1 маркази саломатии хусусии «Шамс», 2 варзишгоҳ фаъолият менамояд.