Ғозиён

Print

Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми маркази ғарбии ноҳия, дар канори шаҳри Хуҷанд соҳили сойи Хоҷа-боқирғон ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он 503,83га ташкил медихад. Шумораи аҳолӣ 19340 нафарро ташкил медиҳад.

Сохти маъмурии ҳудуди ҷамоат

Ба хайъати маъмурии чамоати деҳоти Ғозиён, деҳаҳои Қаҳрамон, Ғозиён-1,Ғозиён-2, Гумбаз, Седаста, деҳаи Боло, Деҳаи Поён, Чорсу-1, Чорсу-2 ва Қотма дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 2783  хоҷагӣ мавҷуд буда, 8  кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд. 

Тафсири таърихию маданӣ

Маълум, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, солномаро дорост. Деҳаи Ғозиён низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Ғозиён аз қадимтарин деҳоти атрофии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Ғозиён аз давраи тасаллути Ислом дар атрофи Хуҷанд номи худро чун пойгоҳи «Ғозиҳо» (ҷанговарони роҳи дини мубини ислом) аз ҳамин калима гирифтааст. Яъне ҳудуди ҳозираи деҳа он вақт макони исти лашкари араб будааст. Азбаски, идораи Шӯрои деҳоти Ғозиён дар маркази он ҷойгир шуда буд, чунин номида шудааст.

Шӯрои қишлоқи Ғозиён ё бо ибораи имрӯза – Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар асоси Фармони Президиуми Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистӣ Тоҷикистон аз 5 январи соли 1965 ташкил ёфтааст. То ин сана Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар ҳайати Ҷамоати Ёва буда, аз ҳамон рӯз мустақил гардид.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғозиён  18 хоҷагии деҳқонӣ, зиёда аз 80-нафар саҳмдорон, 10 хоҷагии инфиродӣ, 3 заводи хиштбарорӣ, 4 заводи сангрезакунӣ, 1 заводи асфалтбарорӣ маҳсулоти хушсифати кишоварзиву саноатӣ истеҳсол намуда , мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, 20, 21 ва 62, мактаби хусусии «Амид», 5 боғчаи бачагона, марказҳои саломатии «Ғозиён», «Чорсу», «Қотма», хонаи саломатии «Деҳаи Поён», Корхонаи давлатии комуналии «Ғозиён», ду муассисаи клубӣ, 1 китобхона, филиали амонатбонк, алоқаҳои мобилӣ, радиоузели маҳаллӣ 5 нуқтаи бо сӯзишворӣ таъминкунандаи нақлиётӣ, ду тарабхона, 7-адад хатсайрҳои дохилӣ ва наздишаҳрӣ нуқтаҳои   хизматрасонии маишӣ, савдо ва хӯрокворӣ, нонвойхонаҳо, таъмири пойафзол, таъмири нақлиёт ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар ҷамоат имрӯз 25 нафар иштирокчиёни ҷанги Афгонистон, 5 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 26 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 800 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд. Ҷамоат бо 15 нафар қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ фахр мекунад, ки аз онҳо 3-нафарашон занон мебошанд.

Ҷамоат дар манзараи даштии нишебкӯҳи Рухак ҷойгир гардида,  иқлими бодуҳавояш хушк  дорад. (ҳарорати миёнаи ҳаво дар  фасли тобистон аз 25 ◦ то 40◦ ва дар фасли зимистон то -20◦-ро ташкил медиҳад.) Дар ҷамоат мавҷуд будани замини ҳосилхез ва оби сойи Хоҷа-бақирғон тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот, шоликорӣ ва ангурпарвариро муайян намудааст. Дар Ҷамоат ҳамчунин  пиллапарварӣ  тараққӣ ёфтааст.

Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150-300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.

Аҳолии Ҷамоат 19340  нафарро ташкил медиҳад, ки аз он шумораи занхо 9185 нафарро ташкил медиханд. Деҳаҳои Чорсу, Ғозиён ва Дехаи Боло яке аз вохидхои сернуфузтарини чамоат ба шумор рафта 56%-и аҳолиро ташкил медиҳад. 

Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Ғозиён

Деҳаҳо

Шумораи хоҷагӣ

Шумораи аҳолӣ

1.

Қаҳрамон

345

 

2.

Ғозиён

573

 

3.

Гумбаз

132

 

4.

Седаста

186

 

5.

Деҳаи Боло

495

 

6.

Чорсу

567

 

7.

Деҳаи Поён

225

 

8.

Қотма

260

 

 

Ҳамагӣ:

2783

 


Аз ҷиҳати этники Ҷамоат гуногунмиллат мебошад.

Ҷадвали 2. Аҳолии Ҷамоат аз рӯи миллат

Миллат

Фоиз %

тоҷикон

99%

Дигар миллат

1%

Ҳамагӣ

100%


Қайд кардан мумкин аст, ки аз сабаби деҳаи Ғозиён ба шаҳри Хуҷанд наздик буданаш, аҳолии Ҷамоат бо шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд алоқаи зичи хешу таборӣ ва хонадоршавӣ доранд.

Асоси иқтисодиёти Ҷамоатро хоҷагии қишлоқ ва соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, ки дар он 61%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии қишлоқи деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта ташкил медиҳад. (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ).

Вуҷуд надоштани заминаи модди-техникӣ, фарсуда будани таҷҳизотҳо, сифати Наздикии Ҷамоат ба маркази шаҳри Хуҷанд – ба бозори «Панҷшанбе» шароит медихад, ки сокинон саривакт ва бе вайроншавии сифати маҳсулот ба харидорон махсулоти хочагии кишлокро пешниход намоянд.

Сокинони Ҷамоат аз хизмати се Маркази саломатӣ ва як Хонаи саломатӣ истифода мебаранд.

Ҷамоати Ғозиён – маркази саноати аграрӣ, ки обу ҳавои тоза ва инфрасохтори инкишофёфта дорад. Аҳолии ҷамоат мутахассисони баландихтисосанд, ки барои талаботи  бозори меҳнат чавобгу ҳастанд.