Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
E-mail Чоп PDF

Ҳ И С О Б О Т И
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирхолиқов С.Т.
дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2012

Соли равон барои мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли пурфайз ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Таҷлили ҷашнвораҳои мӯҳташами сиёсиву фарҳангӣ аз ҷумла Наврӯзи аҷам, 15-солагии Ваҳдати Миллӣ, 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус 20 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷлил гардид, ба рӯзгори мардуми ноҳия мазмуну мӯҳтавои тоза бахшид.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дастуру супоришҳои Шумо мӯҳтарам Раис маҳаки асосии фаъолият қарор дода, баҳри ноил шудани мардуми ноҳия ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ тадбирҳо андешид.  Нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳамаи ҷанбаҳо дастовардҳо назаррасанд. Ташрифи Ҷаноби Олӣ ба ноҳия ва дастуру ҳидоятҳои Шумо мардуми ноҳияро хеле рӯҳбаланд гардонид ва ба ғалабаҳои нави меҳнатӣ ҳидоят намуд.Дар давоми соли равон тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои нав ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ, ки дар маҷмӯъ ба афзудани иқтидори истеҳсолӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад, равона карда шуд. Дар робита ба ин баҳри иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои соли 2012 тадбирҳо амалӣ гардиданд.


I. РАФТИ ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КОНСЕПСИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

Дар давоми соли 2012ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 13 қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нақшаю чорабиниҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ворид гардиданд, ки он аз 972 банд иборат буда, аз он бандҳои соқитшаванда 172 банд ва бандҳои коргузорӣ 867 бандро дар бар мегиранд. Ҳамаи онҳо таҳти корбарӣ ва назорати махсус қарор доранд, ки ба онҳо мувофиқи мӯҳлатҳои муқараргардида оиди рафти иҷроиш ахборотҳо пешниҳод карда мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамагӣ ба 45 қарорҳои назоратии Раиси вилоят, ки ворид шуда буданд, ахборотҳо ва маълумотҳои муфассал ирсол гардиданд. Дар натиҷаи ташкили интизоми иҷро ва корбарӣ бо супоришҳои мазкур 326 ахборот ба унвони Раиси вилоят ирсол гардид. Дар ноҳия дар маҷмӯъ зиёда аз 100 Барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор доранд, ки аз онҳо «Барномаи рушди Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» дар сатҳи вилоят қабул гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ рафти татбиқи ин барномаҳо таҳлил шуда, аз натиҷааш ба сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ супоришу дастурҳои мушаххас дода шуданд.


II. ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Низомномаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба роҳ монд. Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар доираи ваколатҳои худ баҳри беҳдошти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия равона гардида буд.Дар ин давра Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолияти пурсамар намуда, 4 маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати IV) баргузор гардид. Дар иҷлосияҳои мазкур 30масъалаҳои гуногун баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардидааст. Дар ҳама ҷаласаҳо ҳисоботи вакилони маҷлиси вакилони халқ тибқи нақшаи пешбинишуда оид ба иҷрои барномаҳои пешазинтихоботӣ шунида шуданд. Дар давоми соли 2012 тибқи нақшаи тасдиқгардида 28маротиба ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия гузаронида шуданд.Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мунтазам дар ҳавзаҳои интихоботӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида интихобкунандагони худро қабул намуда, доир ба муаммоҳои пайдогардидаи маҳал чораҳо андешида истодаанд.Ҳамзамон вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар арафа ва рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ ва умумидавлатӣ ба аёдати шахсони ниёзманд, ки дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботӣ сукунат доранд, рафта, ба онҳо кӯмаки моддӣ расониданд.


III. ВАЗЪИ ИҶРОИ БУҶЕТ.

Дар ноҳия барои таъмин намудани нишондиҳандаҳои буҷет диққати аввалиндараҷа дода, барои иҷрои нақшаи ҳамаи намуди сарчашмаҳои даромад тамоми чораҳо андешида шуданд.Афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷети давлатӣ имкон дод, ки нақшаи даромадҳои он дар ҳамаи сатҳҳо барзиёд ва босифат таъмин гардад.Қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон 107,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 79,8млн сомонӣ, воридот 85,8 млн сомониро ташкил дод, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 5,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.Буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 52,2 млн сомонӣ дар асл бошад, 55,3 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ин аз нақша 3,1 млн сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра 103,8 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 52703,1 ҳазор сомонӣ дар асл 54722,9 ҳазор сомониро ташкил дод.Дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия ба ҷои нақшаи 44,6 млн сомонӣ дар асл 39,8 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ба 88,4 фоизи нақша баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.


IV. ВАЗЪИ ХУСУСИГАРДОНӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оиди таъмини идоракунии амволи давлатӣ, оқилона ва самаранок истифода намудани моликияти давлатӣ, дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ ва молиявию қарздиҳӣ, корҳои муайянеро амалӣ намуд. Аз ҷумла оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №537 аз 02.11.2011 сол “Дар бораи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ” корҳои мушаххас ба иҷро расонида шуда, дар ин давра 6 озмуни иҷора гузаронида шуда ва бо шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ 55 адад шартномаҳо доир ба иҷораи иншоотҳои давлатӣ баста шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи ноҳия 113,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 адад зиёд буда, 69 нафар бошандагони ноҳия бо ҷойҳои нави корӣ ба шуғл фаро гирифта шудаанд.Дар ин давра дар самти оқилона истифодабарии моликияти корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла ба иҷорадиҳии онҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти хоҷагии халқи ноҳия аз ҷониби тамоми субъектҳои сармоягузории хориҷиву ватанӣва дигар ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ 2,3 млн сомониро ташкил дод.


V. ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО

 

Кишоварзӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои муҳими пешрафти хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Дар ин давра кишоварзони ноҳия дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои ҷорӣ ба 425,5 млн сомонӣ расониданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 105,1%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, растанипарварӣ 281,0 млн сомонӣ, суръати афзоиш 105,2 % ва чорводорӣ 144,5 млн сомонӣ суръати афзоиш 104,9 %-ро ташкил дод.Соли ҷорӣ дар майдони 9500 гектар пахта кишт карда шуда, аз он 17680 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 18,6 сентнериро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки аз сабаби боришоти пай дар пай, дар шӯрзаминҳо ва саривақт бо оби полезӣ таъмин нашудани пахтазори минтақаи “Дӯстӣ”-и ҷамоати Чашмасор, ки аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Мастчоҳ таъмин мегардид, 425 га замини кишти пахта нобуд гардид. Дар ёздаҳ моҳи соли равон кишоварзони ноҳия ба миқдори 75,3 ҳазор тонна сабзавот суръати афзоиш 106,9%, 9,1 ҳазор тонна картошка, суръати афзоиш 110%; 16,2 ҳазор тонна меваҷот, суръати афзоиш 119,9 %; 13,0 тонна ангур, суръати афзоиш 124,3 %; 23,1 ҳазор тонна хӯроки чорво, 112,5% ва 7193 тн маҳсулоти полези истеҳсол карда шуд.Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ба роҳ мондани бунёди боғу токзорҳои нав, афзун намудани парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз ва амалӣ гардонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2010, № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2014» дар миқёси ноҳия корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Бояд қайд кард, ки тибқи нақша-чорабинӣ дар ноҳия аз тарафи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ тухмии хушсифат дарёфт ва кишту парвариши ниҳолҳо, аз ҷумла омода намудани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, тут, ҳамешасабз, шинонидани қаламчаҳои ангур, анор ва сафедор ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар якҷоягӣ бо роҳбарону мутахассисони сохторҳои марбутаи соҳа барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам, азхуд кардани заминҳои нав, ташкил кардани хоҷагиҳои деҳқонии махсусгардонидашудаи ниҳолпарварӣ, парваришгоҳҳо ва бо роҳи истифодаи технологияи интенсивӣ ба даст овардани ҳосилнокии мева ва ангур ба роҳ монда шудааст. Ин имконият дод, ки дар ноҳия дар ин давра ба миқдори 610га боғ ва 50 га токзори нав бунёд карда шавад. Инчунин 26 га боғзорҳо аз нав барқарор карда шуд.Соли ҷорӣ кирмакпарварони ноҳия истеҳсоли пилларо ба 165,8 тонна расониданд, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30,8 тонна зиёд буда сураъти афзоши он 122,8 фоизро ташкил медиҳад.Бо мақсади ба соҳаи даромаднок табдил додани соҳаи чорводорӣва хубтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ, ба рушди ин соҳа аҳамияти бештар зоҳир карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор ба 71619 сар расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта 12874 сар зиёд буда, суръати афзоиши он 131 фоизро ташкил дод. Аз миқдори умумии чорвои калони шохдор модагов 30152 сарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта 5253 сар зиёд буда, суръати афзоиши он 122 фоизро ташкил медиҳад. Парвариши чорвои майда низ рӯ ба афзоиш оварда, шумораи бузу гӯсфандҳо 190665 сарро ташкил дод, ки он назар ба соли гузашта 22991 сар зиёд буда, суръати афзоиши он 113,7 фоизро ташкил дод.Саршумори паррандадар ноҳия рӯ ба афзоиш оварда, шумораи он 421073 сарро ташкил дода нисбати соли гузашта 109020 сар зиёд буда, сурати афзоиш 134,9 фоизро ташкил дод. Саршумори асп 1099 сарро ташкил медиҳад.Чорводорон ва паррандапарварони ноҳия дар ин давра ба миқдори 6194 тонна гӯшт, 30312,7 тонна шир, 46295,0 ҳазор дона тухм, 272 тонна пашм, 166 тонна пилла, 216 тонна асал истеҳсол намуданд, ки суръати афзоиш аз 100,3 % то 183,3 %-ро ташкил дод.Дар ин давра наслгирӣ аз моли калони шохдор аз ҳар 100 сар 59 сарӣ ва аз ҳар 100 сар мешу модарбузҳо 92 сариро ташкил дод.Дар ноҳия ба майдони 2885 га кишти такрорӣ гузаронида шуд. Аз ҳисоби кишти такрорӣ сабзавот 8048тн, полезӣ 287 тн, хӯроки чорво 7082 тн ва ғалладона 3790 тн истеҳсол гардид. Ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 1,2 то 6,2 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар масоҳати 0,8 га гармхонаҳои нав бунёд карда шуда, масоҳати умумии гармхонаҳо 11 га-ро ташкил медиҳад.Дар ноҳия ҳоло шудгори тирамоҳӣ идома ёфта, то имрӯз 10840 га заминҳо аз шудгори хушсифат бароварда шуд, ки аз он 6420 га майдони кишти пахта мебошад.Инчунин ба миқдори 15800 тн поруҳои маҳаллӣ захира карда шуда, аз ин 13400 тонна ба майдони 1031 га дароварда шуд.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2009, №612 ва Қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2010, №28 “Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” чораҳои амалӣ андешид.Дар ин давра баҳри иҷроиши қарори мазкур дар ноҳия ба маблағи 362,0 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ иҷро гардида, ҳолати 812 гектар заминҳо беҳтар карда шудааст ва корҳои беҳдошткунӣ идома дорад. Дар ин давра ба хоҷагиҳои ноҳия 286,9 млн. мукааб метр об таъмин карда шуд, ки ин 99,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.  Барои иҷрои ин корҳо аз оғози сол ҳамаи 35 адад пойгоҳҳои обкашӣ, 135 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 100 адад чоҳҳои амудӣ, 242 км шабақаҳои байнихоҷагии обгузарон ва 210 адад иншоотҳои гидротехникӣ ба кор омода гардида буданд. Боиси қаноатмандист, ки кишоварзон новобаста аз мушкилиҳои мавсими имсола ба як қатор пешравиҳо ноил гардиданд. Вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта минбаъд чораҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳо ҷоннок карда мешаванд.


VI. ВАЗЪИ СОҲАИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

Дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри пешравии соҳаи саноат, таъмини истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, азнавсозии истеҳсолот вобаста ба талаботи замон, ба вуҷуд овардани корхонаҳои нави дорои технологияҳои муосир ва бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол намудани маҳсулотҳои ба рақобат тобовар чораҳои заруриро амалӣ намуд.Корхонаҳои саноатии ноҳия дар давоми соли 2012 ба маблағи 189,5 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2011 ба маблағи 48,2 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 134,1 фоизро ташкил медиҳад.Дар ин давра ҳамаи 35 адад корхонаҳои саноатии ноҳия фаъолият бурда, 16 адад корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбати соли гузашта зиёд намуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои ҶДММ “Юсуф-саркор”, ҶДММ “Сахо”, ҶДММ “Ободкори Хуҷанд”, Филиали Институти “Зироаткорӣ”, ҶСП “Корхонаи бахелҳо ҷудокунии шағал”, ҶДММ “Алфа Пэт”, ҶДММ “Зерновая компания”, ҶСП “Корхонаи машруботи Ғафуров”, ҶДММ “Амири Суғд” ва дигарон суръати афзоиши маҳсулоти саноатиро мутаносибан аз 101% то 444% иҷро намуданд.Корхонаҳои хурди ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 2,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш 138,1%-ро ташкил медиҳад.Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 10 корхонаҳои нав сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, ҶДММ “Ғаллаи Суғд”, ҶДММ “Нафти Темурмалик”, ҶДММ “Суғд Пласт”, ҶДММ “Система”, ҶДММ “Ҷараён Плюс”, ҶДММ “Алвадуд”, ҶДММ “Зода”, ҶДММ “Ардо ТҶ”, ба фаъолият шурӯъ намуд. Инчунин дар корхонаҳои алоҳида, сехҳои истеҳсоли маҳсулот ба монанди хатти 4-уми иловагӣ дар ҶДММ “Алфа Пэт”, хатти истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ дар заминаи ҶДММ “Зерновая компания” ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи ташкили корхонаҳои нав ва ба кор даровардани хатҳои иловагӣ зиёда аз 200 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муаммоҳои соҳаи таъминоти барқро мадди назар дошта, ба масъалаҳои пардохти маблағ ва сарфаи қувваи барқ таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир намуда истодааст. Дар ин давра маблағи барқи истифодашуда аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия бо назардошти идораи хоҷагии оби ноҳия маблағи 28088,0 ҳазор сомониро ташкил дод. Пардохти он 23905,0 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки ин 85,1 фоизро ташкил медиҳад. Пардохти маблағи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ 107,3 фоизро ташкил медиҳад.

VII. ВАЗЪИ СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Соли 2012 барои сохтмончиёни ноҳия соли созандагиву бунёдкорӣ буд. Дар ин давра баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи бунёди иншотҳо ва манзилгоҳҳо эътибори ҷиддӣ дода шуд. Дар ноҳия ба истиқболи ин ҷашн сохтмони 20 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба монанди Корхонаи истеҳсоли орд бо тавоногии 120тн дар як шабонарӯз, сохтмони бинои хонаи саломатӣдар ҷамоати Ёва, корхонаи истеҳсоли макарон бо иқтидори 120 тн дар як шабонарӯз, Маркази хизматрасонӣ ва савдо дар шаҳраки Ғафуров, Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии пластики дорои 30 ҷои корӣ, бинои иловагии ҳар яке дорои 6 синфхона дар мактабҳои рақами 52 ва 64 ҷамоати Исмоил ва дигарҳо ба нақша гирифта шуда, ҳамаи ин иншоотҳо дар мӯҳлатҳои муайянгардида сохта ба истифода дода шуданд. Бояд қайд намуд, ки аз нав эҳё намудани қасри «Арбоб» ва сохта ба истифода додани чойхонаи миллӣ бо санъати баланди меъмории ниёгонамон шаҳомати ин мавзеъро боз ҳам афзун намуд. Соли равон сохтмончиёни ноҳия пурмаҳсул меҳнат намуда, барои пешрафти иқтисодиёт ва ободонии ноҳия корҳои муайянеро иҷро намуданд. Аз тарафи сохтмончиён ба маблағи 59,7 млн сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,0млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 176,9 фоизро ташкил менамояд. Дар ин давра ба миқдори 131,2млн сомонӣ маблағҳои капиталӣ аз худ карда шуда, ба миқдори 17,3млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин дар ин давра 22959 метри мукааб манзилҳои истиқоматӣ сохта шуд, ки арзиши онҳо 2.2 млн сомониро ташкил медиҳад.Ҳоло дар ноҳия оиди марҳила ба марҳила тартиб додани нақшаи кулли тамоми ҷамоатҳои ноҳия оғоз гардидааст. Соли равон барои тартиб додани нақшаи кулли ҷамоати Хистеварз ба маблағи 142,0 ҳазор сомонӣ маблағ равони гардида, корҳо дар ин самт дар арафаи итмомёбист. Барои тартиб додани нақшаи кулли шаҳраки Ғафуров корҳо идома ёфта истодааст.

VIII. ВАЗЪИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ

Дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар давраи ҳисоботӣ баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланд дар самти таъмини хизматрасонии босифат ва барқарор кардани инфрасохтори соҳа корҳои зиёде амалӣ карда шуданд.  Дар давоми соли ҷорӣ тавассути маҷмӯи нақлиёт 7,2 млн тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқкашонида шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 1,6 млн тонна зиёд мебошад. Дар ин давра ба миқдори3,7 млн мусофирон кашонида шуданд. Боргардиш ва мусофиргардиши ҳамаи намудҳои нақлиёт ба 384,4 млн. Тонна-км ва 745,1 млн.мусофир км баробар аст. Даромади тарофавии ташкилоту муассисаҳои алоқаи ноҳия 189,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз ин миқдор 155,9 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад. Дар ин давра ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1036,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.Маблағи мазкур асосан барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва пардохти музди меҳнати кормандон сарф шуд. Дар ин давра аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 35,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо карда шуда, таъмири кӯчаҳои ҷамоати Исфисор ва Унҷӣ ба итмом расонида шуд. Дар ҷамоати Ғозиён пули автомобилгард, ки дар натиҷаи офати табиӣ хароб гардида буд, аз нав сохта ба истифода дода шуд, ки ба ин мақсад 647,0 ҳазор сомонӣ равона гардид. Инчунин бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолӣ дар ҷамоати Овчиқалъача 3 км, дар ҷамоати Ҳ.Усмонов 3,5 км ва дарҷамоати Унҷӣ 2 км роҳҳои автомобилгард асфалтпӯш ва аз таъмир бароварда шуд.

IX. ВАЗЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Ситод оид ба Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граҷдании ноҳия дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси фармону супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Ситод оид ба Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граҷданӣ ва ҳуҷҷатҳои роҳбарияти Мудофиаи Граҷданӣ ба роҳ монда, ҳамаи нақшаҳоро ба иҷро расонид.Корҳои таъмиру барқарорсозии иншоотҳои муҳофизати паноҳгоҳҳо ва паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ аз ҳисоби худи корхонаву ташкилотҳо ба роҳ монда шудааст.Табиқи нақшаи чорабиниҳо оиди сари вақт таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои дар ҳудуди ноҳия барои солҳои 2008-2012, ки аз тарафи Раиси ноҳия тасдиқ шудааст, дар мактабҳои №№35, 15 ва 25-и ноҳия корҳои таъмиру барқарорсозии паноҳгоҳҳо ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо тариқи шартнома дар хазинаҳои корхонаҳои саноатии ноҳия 30 тонна орд, 10 тонна сӯзишворӣ, 5 тонна равғани растанӣ, дорувориҳо ва дигар маводҳои зарурӣ захира карда шудааст.

X. ВАЗЪИ СОҲАҲОИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ

Дар соҳаи маорифи ноҳия баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда буданд, Барномаҳои давлатии соҳаи маориф чораҳои мушаххас андешида шуданд. Соли хониши ҷорӣ дар 91 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 59557 нафар хонандагон, аз ҷумла 29615 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Теъдоди хонандагони онҳо нисбати соли гузашта 415 нафар,аз ҷумла духтарон 331 нафар афзуд.  Соли ҷорӣ синфҳои 11-и мактабҳои таҳсилоти умумиро 3856 нафар хатм намуда, 1229 нафари онҳо ва ё 31,8 фоиз ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷи он дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 224 нафар зиёд аст. Дар самти баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон чораҳо андешида шуданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои касбии «Мураббии соли Тоҷикистон» мураббияи кўдакистони №8 Юсуфова Бишарифа ҷои аввалро ишғол намуда, соҳиби унвони “Мураббии соли Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид. Омўзгори фанни математикаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10 Шарифова Нигора дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон» ҷойи ифтихории дуюмро сазовор гашт. Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки соли равон ба василаи меҳнати пурсамар ва заҳмати бисёрсолаи софдилона дар тарбияи насли наврас омўзгори фанни забони русии мактаби №33 Кириенко Светлана Петровна ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,директори гимназияи «Нур» бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва омӯзгори МТМУ №35 Маҳмудҷон Ҳакимов бо медали Хизмати шоиста мушарраф гардонида шуданд.Комёбиҳои толибилмони макотиби ноҳия низ хурсандибахш буда, дар соли хониши 2011-2012 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон мактабиёни ноҳия ба 14-адад медалҳо соҳиб гаштанд, ки аз ин 7 нафар ҷои аввал, 4 нафар ҷои дуввум ва 3 нафар ба ҷои сейюм сазовор гардиданд.Дар олимпиадаҳои фосилавии байналхалқӣ 22 нафар хонандагон соҳиби медалҳо гаштанд. Моҳи ноябри соли ҷорӣ бошад, хонандаи мактаби №1-и ҷамоати Ёва Сатторов Акмал дар озмуни байналхалқӣ аз фанни биология бо медали тиллоӣ баргашт, ки албатта нишондоди шоиста мебошад. Дар ин ҷода яке аз муҳимтарин омили комёбиҳои маорифчиёни ноҳия ин ташкили 1433-адад маҳфилҳои фаннии мухталиф ба ҳисоб меравад, ки маҷмўан 3165 нафар хонандагони лаёқатмандро ба такмили дониш ҷалб намудааст.Айни замон дар назди 24 мактабҳои ноҳия 31 гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдакони синни мактабӣ ташкил карда шуда, дар онҳо 643 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудааст. Дар доираи татбиқи Барномаҳои давлатии соҳаи маориф, аз қабили «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» корҳои назаррас ба анҷом расида, бо таваҷҷўҳу дастгириҳои мақомоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин бо кўшиши дастҷамъонаи аҳли ҷамоатчигӣ тариқи ҳашар дар мактабҳои №52, 64 синфхонаҳои иловагӣ барои 240 хонанда, инчунин дар мактаби №23 толори варзишии замонавӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ва ҷойи тамошо барои 150-нафар тамошобин сохта ба истифода дода шуданд. Хамчунин синфхонаҳои барҳавою зебо дар мактаби №55-и ҷамоати деҳоти Зарзамин ва мактаби №27-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ бунёд гардиданд, ки маҷмўан 360-адад ҷойи нишастро дар бар гирифта, дар рўзҳои наздик мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд. Дар мактаби №13-и ҷамоати Ҳ.Усмонов бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бинои иловагии таълимӣ барои таҳсили 640-нафар хонанда бунёд шуда истодааст.Бо мақсади муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимии ноҳия бо технологияҳои информатсионии компутерӣ тибқи амалигардонии «Барномаи давлатии компутеркунонии муасссисаҳои таълимии Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон таълимгоҳҳои ноҳия соҳиби 126 адад компютер гашта, дар ин муддат аз сарчашмаҳои гуногун боз 28 адад компютер харидорӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии компютер дар муассисаҳои таълимии ноҳия алҳол 1581 ададро ташкил намуда, ба 16 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як ададӣ компютер рост меояд. Албатта самти мазкур мавриди таваҷҷўҳи ҳамешагии мақомоти иҷроияи ноҳия ва масъулони соҳа қарор дошта, дар оянда низ ҷиҳати таъминоти компутерии муассисаҳои соҳаи маориф корбарӣ хоҳад шуд. Дар ноҳия 17 адад муассисаҳои томактабии тобеи шӯъбаи маориф, 2муассисаҳои томактабии хусусӣ ва 4муассисаҳои томактабии тобеи ташкилотҳои дигар фаъолият мебаранд. Дар ин муассисаҳо 2656 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.Дар ноҳия соли ҷорӣ ҳамагӣ 28124 нафар кӯдакону наврасон бо истироҳати баҳорона фаро гирифта шуданд. Муассисаҳои фарҳанги ноҳия ва муассисаҳои зертобеи он дар соли ҷашни фархундаи 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус 20 солагии Иҷлосияи XVIШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонкорҳои мушаххасро ба иҷро расониданд. Таҷлили санаҳои таърихӣ ва идҳои миллӣ бо иштироки санъаткорони ноҳия хеле дар сатҳи баланд таъмин гардид. Дар иҷроиши барномаҳои давлатии соҳаи фарҳанг фаъолият таҳким бахшида шуд. Баҳри иҷрои Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботии мазкур 2 адад компютер бо мизу курсиаш ба бахши фарҳанги ноҳия ворид карда шуд. Инчунин бо мақсади иҷроиши “Барномаи рушди ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” бо қарори Раиси ноҳия №418 аз 7 майи соли 2012 барои харидорӣ намудани таҷҳизоти сабти овоз 5360 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҳамзамон баҳри иҷроиши “Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳия 82 адад китобҳои тозанашр ба маблағи 1041 сомонӣ, ба тариқи “Корвони китоб” 287 адад китоб ба маблағи умумии 3865 сомонӣ, моҳи ноябри соли равон 83 адад китобҳои тозанашр ба маблағи 1982 сомонӣ харидорӣ карда шуда, маҷмӯаи қонунҳо ба китобхонаҳои ноҳия ворид гардид.Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмири боми бинои бахши фарҳанги ноҳия 6000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, он аз таъмир бароварда шуд.

XI. ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ, КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ баҳри амалӣ намудани барномаҳои “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020”, «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд.Дар ноҳия12 беморхонаҳо аз он ҷумла 10 беморхонаҳои минтақавӣ, 32 марказҳои саломатии деҳот, 6 дармонгоҳҳои дандонпизишкӣ, 11 шӯъба ва 1 стансияи ёрии таъҷили, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ба аҳолии ноҳия хизматрасонии тиббиро ба ҷо меоваранд.Татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 ва фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 1 январи соли 2009 «Дар бораи хизматрасонии тиббии санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии системаи давлатӣ» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Дар шӯъбаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия фаъолияти ташхисгоҳҳо, дандонпизишкон, ҳучраҳои ёрирасон пурзӯр гардонида шуд, ки натиҷаҳои дилхоҳ дода, ба воридшавии маблағҳои иловагӣ ба буҷаи сохтори госпиталӣ ва шӯъбаи КАТС мусоидат намуд. Ба суратҳисоби махсуси сохтори госпиталӣ 1715787 сомонӣ маблағ ворид гашта, нисбати нақшаи пешбинишудаи 1355067 сомонӣ ба маблағи 360720 сомонӣ барзиёд буда, 126,6 фоиз иҷро гардидааст. Ба суратҳисоби махсуси КАТС 202140 сомонӣ маблағ ворид гашта, нисбати нақшаи 164945 сомонӣ ба маблағи 37195 сомонӣ барзиёд иҷро гардидааст. Ба 18292 нафар шаҳрвандони имтиёзнок хизматрасонии тиббӣ ва таҳлилҳои ройгон гузаронида шудааст, ки ин нисбати соли гузашта, ки 3732 нафарро ташкил мекард, 14560 нафар зиёд мебошад.Дар давраи ҳисоботӣ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ чораҳои мушаххас андешида шуданд.Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба шароити муасисаҳои тиббӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон, инчунин бо тариқи ҳашар дар муассисаҳои тиббии ноҳия корҳои таъмиру сохтмонӣ, иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба анҷом расонида шуданд.Дар ин давра бинои тавллудхонаи ноҳиявӣ ба маблағи 170,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия аз таъмир бароварда шуд. Бо ҷалби соҳибкорон ва аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷети шӯъбаҳоиҷарроҳии бачагон, таҳлилгоҳ ва шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон аз таъмир бароварда шуд. Инчуниндар ҷамоати Ёва бинои нави хонаи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин давра аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ба маблағи 170549 сомонӣ таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ ба монанди кардиоманитор, оксегенератор, микротом ва дигарҳо харидорӣ карда шуд. Дар ноҳия усулҳои нави ташхис, табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда шуданд.
Ба тасвиб расидани Фармони махсуси Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа» марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва бештар намудани ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ боз намуд. Амалӣ шудани нуқтаҳои асосии фармони мазкур ба он боис гардид, ки теъдоди занони сарвар дар ноҳия афзуда, сол аз сол дар масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дигаргуниҳои назаррас мушоҳида мегардад.Алҳол дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия 181 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд. Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии ноҳия, ки 199 нафарро ташкил медиҳад, 62 нафар ё ин ки31,1 фоизро занон ташкил медиҳанд.Дар назди бахши кор бо занон ва оила Маркази иттилоотию машваратӣ таъсис дода шуда, дар он ҳуқуқшинос ба занону духтарон тариқи ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Баҳри таъмини занон ва ҷавонон бо ҷойи кор ва касбомўзии онҳо дар ҳамкори бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайридавлатӣМаркази таълимӣ ва коргоҳи омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ ташкил гардид. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавондухтарон ба варзиш, тарғибу ташвиқи ҳисси ватанпарастӣ, солимгардонии ҷомеа ва ривоҷу равнақи варзиш байни аҳолӣ, бахусус занону духтарон мусобиқаҳои варзишӣ ташкил гардиданд.Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии занону духтарон чораҳо андешида мешаванд. Иди атлас, семинару мизҳои мудаввари сершумор, клубу маҳфилҳо, аз ҷумлаи «Муҳаббат ва оила», «Ояндаи худро интихоб намо», «То пир нест тадбир нест», “Солимии зан солимии ҷомеа”, мусобиқаҳои варзишии «Канӣ духтарон», озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин»ва дигарҳо ба ҳамин мақсадҳо мусоидат намуда истодаанд. Бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқоти аз ҳисоби шӯрои бибиотунҳо, кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ доири мавзӯи тарғиби рӯзгори солиму устувор, сиҳатии модару кӯдак ва танзими оила, инчунин пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону духтарон мизҳои мудаввар доир гардиданд. Дар ин чорабиниҳо масъалаҳои сиҳатии модару кӯдак ва одобу ахлоқи занону духтарон, ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби онҳо, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷой доштани хушунат дар баъзе оилаҳо ва падидаҳои номатлуб ба монанди худкушӣ кардану ҳомиладоршавии духтарони ноболиғ, инчунин талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

XII. ВАЗЪИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

Дар ноҳия бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш ва туризм тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм» дар самтҳои ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, фарҳангӣ, фароҳам овардани муҳити солими ахлоқӣ дар байни ҷавонон, бо кор таъмин намудани ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни ҷавонон, тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва рушди соҳаи сайёҳӣ фаъолият пурзӯр карда шуд.Дар соли 2012 миқдори чорабиниҳои дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гузаронида шуда 176 адад буда, аз ин 85 адад танҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Боқимонда 91 чорабиниҳо ташкил ва иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ буда, 44 мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва дохилӣ ташкил ва баргузор гардид, ки назар ба соли 2011 18 адад зиёд мебошад. Инчунин, иштироки варзишгарони ноҳия дар соли 2012 ба 31 мусобиқаҳои вилоятӣ, назар ба соли 2011 10 адад зиёд, 16 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 5 мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок намуданд, ки назар ба соли 2011 5 адад зиёд мебошад.Бо мақсади пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабили нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, гирифторӣ ба касалиҳои ВНМО\БНМН, худкушӣ ва сӯиқасд ба он, мустаҳкам намудани тарзи ҳаёти солим, аксия-консерт таҳти унвони «Мо ҷонибдори насли солим» бахшида ба Рӯзи байналмиллалӣ мубориза бар зидди бемории сил ва СПИД, конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалӣ мубориза бар зидди маводи мухаддир ва амсоли инҳо гузаронида шуданд, ки шумораи зиёди ҷавононро ҷалб намуд.Бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, табиӣ, рушди туризми экологӣ-варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бедор намудани ҳисси ватанпарастию табиатдӯстӣ ҳангоми машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар ноҳия маҳфили «Сайёҳони ҷавон» таъсис дода шудааст. 

XIII. ВАЗЪИ СОҲАИ МЕҲНАТ, ШУҒЛ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ, МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Нишондиҳандаи асосии муайян намудани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоию иµтисодии аҳолӣ ин даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат мебошад.Яке аз воситаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ин таъмини кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд мебошад. Тибқи маълумотҳо дар давраи ҳисоботӣ дар нимсолаи аввал ба 7099 нафар мактаббачагони оилаҳои камбизоат ба маблағи 141984 сомонӣ ва дар нимсолаи дуюм ба 7148 нафар ба маблағи 142900 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт карда шудааст. Баҳри дастгирии 9982 оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ аз æониби Вазорати молия 1192,5 ҳазор сомонӣ, маблағгузорӣ карда шуда, дастраси ин оилаҳо гардиданд.Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта 11 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор шудааст, ки дар он зиёда аз 300 ҷойҳои холии корӣ дар ҳар як ярмарка ба диққати корҷӯён пешниҳод гардид. Дар ин давра 755 нафар шаҳрвандони бекор бо корҳои доимӣ таъмин карда шуданд. Аз ҳисоби бекорон 260 нафар ҷавонон ба курсҳои касбомӯзӣ фиристода шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия ба миқдори 4590 ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст. Мувофиқи маълумотҳои натиҷаи пурсиши пурраи ҳавлиҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ноҳия ҳоло 18195 нафар дар хориҷа мебошанд, ки аз миқдор 4222 нафар занҳо мебошанд.Баҳри сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, мақомоти иҷроияи ноҳия тадбирҳои мушаххас андешид. То санаи 01.01.2013 қарзи музди меҳнат мавҷуд намебошад. Ба муносибати иди Наврӯз, 21 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба оилаҳои камбизоат ва дигар табаµаҳои ниёзманди аҳолӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. 

XIV. МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН, ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ, ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ВА НАФАРОНИ ДАР АҚИБГОҲ БА ОНҲО БАРОБАРКАРДАШУДА, НАФАҚАХӮРОН

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2008, №АП-467 оиди расонидани кӯмаки доимии хайриявӣ ба муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабӣ, статсионарӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби сарпарастон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.Тибқи иҷроиши амри мазкур ба осоишгоҳи бачагонаи вилоятии зидди бемориҳои сили “Равшан” аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии минтақаи Суғдии КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” ва ба мактаб-парваришгоҳи махсуси ношунавоёни Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо дастгирии ҶСП “Хуҷанд-Инвес-Коттон” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар ҳар иду айём кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, мунтазам аёдат карда мешаванд.Дар ноҳия барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои сарпаноҳгумкарда, шахсони дар ақибгоҳ хизмат намуда ва собиқадорони меҳнат ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.Барои хотирмон гузаронидани 67-солагии Иди Ғалаба, ба ҳамаи иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои ҳалокгаштаи ин ҷанг ва шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолият намуда бо медалҳо сарфароз гардидаанд, кӯмакпулии яквақта дар алоҳидагӣ супорида шуд.Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди Қурбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони сарпараст зиёда аз 200 оилаҳои камбизоат бо маводҳои хӯрока аёдат карда шуданд.Дар маҷмӯъ дар давоми соли равон зиёда аз 2500 оилаҳо камбизоат, маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ ва ба онҳо баробар кардашуда оилаҳои яккаю танҳо ва бесаробон аёдат карда шуда, минбаъд низ ба онҳо ғамхории ҳамаҷониба зоҳир карда мешавад.

XV. ВАЗЪИ СОҲАИ ТАРТИБИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оиди пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва кам кардани миқдори ҷинояткорӣ чораҳо андешида шуданд. Дар давоми соли 2012 дар қаламрави ноҳия 468 адад ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин миқдор нисбати ҳамин давраи соли 2011, ки 493 ададро ташкил медод, 25 адад кам буда, 442 ҳолати ошкоршавӣ ба амал оварда шудааст, ки ин 94,2 фоизро ташкил медиҳад.Нишондоди содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин 24 адад, ҷиноятҳои соҳаи кофтукови ҷиноӣ 26 адад, ҷиноятҳои вазнини соҳаи кофтукови ҷиноӣ 34 адад, дар ҳолати ноаён содиршуда 42 адад, қаллобӣ 13 адад, дуздӣ 16 адад, ҷиноятҳои вобаста ба гардиши маводи мухаддир 4 адад, порахӯрӣ 4 адад нисбати соли гузашта кам гардидаанд.Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳия нисбати соли гузашта расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 3 адад, одамкушӣ 1 адад, авбошӣ 3 адад зиёд гардидааст.Дар ин давра дар ноҳия содиршавии 22 ҳодисаҳои худкушӣ ва6 ҳодисаҳои сӯиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.Нисбати 2 нафар шаҳрвандоне, ки шахсони ба худкушӣ ва сӯиқасд даст задаро ба ин ҳолат расонидаанд, парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудааст.Дар давраи ҳисоботӣ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор22 ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта4 ҷиноят кам мебошад. Мақомоти зикршуда тӯли соли равон 48,81 кг маводҳои нашъаоварро аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира намуданд. 

XVI. МАЪЛУМОТ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

Оиди саривақт омода намудани соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2012-2013 дар ноҳия чораҳои мушаххас андешида шуданд. Дар ин бобат қарори раиси ноҳия аз 29.05.2012 сол таҳти №495 ба тавсиб расида, ҳайати ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст. Ситоди доимоамалкунунда омодагӣ ва рафти зимистонгузарониро зери назорати доимӣ қарор додааст. Аз тарафи ситоди ноҳия талабот ба ангишт, гази моеъ ва ҳезум барои мавсими зимистонгузаронии соли 2012-2013 муайян карда шуд, ки ин 16348 тонна ангишт ва 1009,4 тонна гази моеъ, 1001,5м3 ҳезум ва 483м3 маводи зиддилағҷишро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, талаботи аҳолӣ ба ангишт 5595 тонна, корхонаҳои саноатӣ 9886 тонна, талабот ба гази моеъ 1009,4 тоннаро ташкил медиҳад. Барои соҳаи буҷетӣ 801 тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст, аз он ҷумла ба соҳаи маориф ангишт 550 тонна ва ҳезум 350м3 буда, ин нақшаҳо 100,0 % таъмин гардидааст. Ба соҳаи тандурустӣ 240 тонна ангишт ва 88м3 ҳезум ба нақша гирифта шуда, аз нақша зиёд захира карда шудааст. Дар қаламрави ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва иттифоқи матлуботи ноҳия 120 нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг ва 49 нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ташкил шудааст, ки нисбат ба мавсими соли гузашта тадриҷан зиёд мебошад. Дар ин нуқтаҳои фурӯш ба санаи 20 декабри соли ҷорӣ зиёда аз 12000 тонна ангишт ба эҳтиёҷоти аҳолӣ фурӯхта шуд. Захира намудани маводи ғизоӣ тибқи супориши Раиси вилоят оид ба ташкил намудани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази шаҳрҳои саноатӣ ва маркази ноҳия аз ҷониби аҳолӣ хуш пазируфта шуда, то ин дам зиёда аз 50 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон дастраси аҳолӣ гардид, ки ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад. 

XVII. РАФТИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.03.2012 № 1255 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар давраи маъракаи баҳоронаи соли 2012 як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуданд.Дар даъвати баҳорона 336 нафар ҷавонписарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд. Даъвати тирамоҳаи ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2012 оғоз ёфта, муташаккилона гузаронида шуд. Дар даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия таъмин карда шуда, ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои 285 нафар, 287 нафар ҷавонписарон сафарбар карда шуданд.

XVIII. ҲОЛАТИ ВОҚЕИИ ПАХШИ БАРНОМАҲОИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН, ВАЗЪИ ОБУНА БА РӮЗНОМАЮ МАҶАЛЛАҲО

Бо мақсади пурра гардонидани фазои иттилооти барои дастрас гардидани барномаҳои телевизион дар ҳудуди ноҳия чораҳои мушаххас андешида шуданд. Айни замон сокинони ноҳия бо пуррагӣ имконияти тамошои 4 шабакаи телевизионҳои давлатӣ, «Шабакаи аввал», «ТВ Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Баҳористон»-ро доранд.Ҳамчунин мавҷи шабакаҳои «Радиои Тоҷикистон» дар мавҷи 102,7 ҒМ, «Садои Душанбе» 100,2 ҒМ, Радиои «Фарҳанг»- 106,1 ҒМ, радиои «Овози Тоҷик» - 107,5 ҒМ тамоми қаламрави ноҳияро фаро мегирад.Барои беҳтар гардонидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани нақши воситаи ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар ноҳия радиои маҳаллии беноқил фаъолият менамояд, ки гуфторҳои радиои маҳаллӣ аз шабакаи Радиои «Овози тоҷик» рӯи мавҷи 107,5 FM пахш мешавад. Бо мақсади пурра гардонии фазои иттиллотӣ, ташвиқу тарғиби васеъи сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ноҳия ва ҳарчи бештар бо рӯзномаву маҷаллаҳо фаро гирифтани аҳолӣ корҳои муайян ба иҷро расиданд. Дар ноҳия нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Хуҷанд», рӯзномаи соҳавии «Раҳбари дониш» чоп шуда истодааст. Тибқи тақсимоти пешниҳодгардида, мувофиқи ноҳия обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо 21660 нусхаро ташкил медиҳад. То санаи 5 январи соли 2013 теъдоди обуна 15315 нусхаро дар бар гирифтааст, ки он 70,7%-ро ташкил медиҳад. Маъракаи обуна ба маҷаллаҳои даврӣ дар ноҳия идома дорад.

XIX. БАРРАСИИ АРЗУ ШИКОЯТҲОИ ШАҲРВАНДОН

Дар соли сипаригашта тибқи “Қонун дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” барои саривақт қабул ва баррасӣ намудани мактубҳо, ҳуҷҷатҳои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ирсол гардида, арзу шикоят ва ташкили қабули шаҳрвандон тадбирҳои саривақтиро андешида баррасии онҳо зери назорати қатъии раиси ноҳия қарор дода шудааст.Дар давоми соли ҷорӣ ба унвони Раиси ноҳия 4621 адад аризаҳои дархостии шаҳрвандон бобати масъалаҳои мухталифи ҳаёти шаҳрвандон ворид гардидааст, ки ин нисбати соли гузашта 728 адад зиёд мебошад. Аз ин миқдор аризаи дастҷамъона 111 адад, такрорӣ 5 адад ва шикоятӣ 38 ададро ташкил медиҳад. Инчунин 135 адад аризаи шаҳрвандон ва 78 адад варақаҳои сабти қабули Раиси Вилоят бо воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ворид гардидааст. Аз миқдори умумии аризаҳои воридгардида 1610 адад қонеъ гардонида шуда, 506 адад рад,2376 адад ба тариқи фаҳмондадиҳӣ қонеъ гардонида шуда, 129 адад дар истеҳсолот қарор дорад. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 адад аризаҳо ворид гардид, ки ҳамаи онҳо баррасӣ гардиданд. Муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба раиси ноҳия 660 адад буда, аз он 101 адад қонеъ гардонида шуд, 233 адад барои пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, 108 адад рад карда шуда, 12 адад дар истеҳсолот қарор дорад.Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси ноҳия дар ҳамбастагӣ бо масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ, идораи барқ, кумитаи заминсозӣ ва сармеъмор ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.Дар рӯзҳои қабули давраи сипаришуда аз ҷониби Раиси ноҳия505нафар шаҳрвандон пазируфта шуданд, ки ин нисбати соли гузашта 132 нафар зиёд мебошад. Аз ин миқдор 110 адад қонеъ, 128 адад рад, 239 адад ба тариқи фаҳмондадиҳӣ қонеъ гардонида шуда, 28 адад дар истеҳсолот қарор дорад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои қабулираиси ноҳия бо сокинони ҷамоатҳои ноҳияи баргузор гардид, ки дар маҷмӯъ зиёда 312 нафар шаҳрвандони ҷамоатҳо бо 353 дархост муроҷиат намуданд. Ҳамаи ин муроҷиати шаҳрвандон мавриди барраси қарор дода шуда, чораҳои амалӣ андешида шуданд.

XX. ФАЪОЛИЯТИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ, БОЗГАРДОНИДАНИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ХОРИҶИ КИШВАР ВА МАЪРАКАИ ҲАҶ-2012

Мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баргардонидани донишҷӯёне, ки дар таълимгоҳҳои исломии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои муайян ба сомон расид.  То ин давра аз 34 нафар донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таълимоти динӣ гирифтаистода 33 нафарашон ба зодгоҳашон баргаштанд. Оид ба бозгардонидани 1 нафар донишҷӯи боқимонда корбарӣ идома дорад. Дар ноҳия 16 масҷидҳои ҷомеъ, 129 масҷидҳои панҷвақта, 1 адад муассисаи таълимии динӣ фаъолият дорад. Дар давраи ҳисоботӣ сохторҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” чораҳои амалӣ андешиданд. Силсилаи мулоқоту вохӯриҳо оид ба пешгирии ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии он доир гардид. Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дар ҷойҳо силсилаи мулоқоту вохӯриҳои судманд ва санҷишҳо гузаронида шуданд. Соли равон аз ноҳия 220 нафар зоирин зиёрати ҳаҷ намуда, ба Ватан баргаштанд. Аз тарафи ташкилоту иттиҳодияҳои динии ноҳия дар арафаи идҳо ба ятимон ба маблағи 8835 сомонӣ,ба барҷомондагон ва маюбон 8180 сомонӣ, ба оилаҳои камбизоат ба маблағи 12813 сомонӣ ва ба мактаб парваришгоҳ ба маблағи 1620 сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ расонида шуданд.

XXI. РАФТИ ИҶРОИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО»

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи беш аз пеш ба низом даровардани баргузории тӯю маъракаҳо ва маросимҳои дафну азодорӣ, гирифтани пеши роҳи исрофкориҳои беҳуда ва хароҷоти изофагӣ маҷрои нав гирифт ва дар байни мардум ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намудааст. Айни замон 13комиссияҳои доимӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 1 бахш, 12 сармутахассисони ҷамоатҳо оид ба корҳои дин ва 248 комиссияҳои ҷамъиятӣ амал карда истодаанд. Таи соли равон дар ноҳия 2989 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 1614 хатнасур, 887 маъракаи чил, 396 маросими сол дар маҷмӯъ 5886маъракаҳо баргузор гардида, барои доир намудани онҳо 2,7 млн сомонӣ маблағ харҷ шудааст, ки ба ҳар як маърака ба ҳисоби миёна 4643 сомонӣ рост меояд. Дар ин давра дар ноҳия 1 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта, оиди андохтани ҷарима нисбати гунаҳкорон қарорҳои суди ноҳиявӣ ба тасвиб расонида шуд. Дар маҷмӯъ соли 2012 дар инкишофи иқтисодӣ ва ташаккули муҳити иҷтимоии ноҳия марҳилаи муҳим гардид. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои Шумо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст омаданд ва бо суботи ҷомеа таъсири амиқ гузоштанд. Бо баробари беҳтар гардидани имконияти молиявии ноҳия, замина пайдо гардид, ки ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар маблағгузорӣ шаванд.Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои оммавии давоми сол барпо гардида, таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ, ки бо иштироки Сарвари давлат сурат гирифтанд, сокинони ноҳия бори дигар муттаҳидӣ, мавқеи қавӣ ва устувори худро дар ҷодаи бунёди ҷомеаи пешқадам ва адолатпеша намоиш доданд.


Раиси ноҳия                                        Мирхолиқов С.Т.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ