Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҳ И С О Б О Т И раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2015

E-mail Чоп PDF

Боиси ифтихору сарбаландист, ки аз файзи истиқлолият ва  иттиҳоду оромиши кишвар мардуми меҳнатқарини ноҳия бо баҳрамандӣ аз сиёсати созандаву бунёдкорона ва тадбирҳои  ваҳдатофарини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баҳри ноил шудан ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ва ободониву шукуфоии Ватани азизамон бо ифтихори милливу ватандории шоён пайваста заҳмати софдилона ба харҷ медиҳанд.

Дар соли сипаригардида барои кулли мардуми шарифи кишвар, хосатан меҳнаткашони ноҳия ба туфайли таҷлили ҷашнвораҳои бузурги миллат Наврӯзи аҷам, 18-солагии Ваҳдати Миллӣ, 24-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 21-солагии рўзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун соли тантанаҳои фаромўшнопазири сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб шуда, бегумон омили ватандўстӣ, ҳамдиливу иттиҳоди ҷовидонаи халқҳои Тоҷикистон, камолоти диниву фарҳангии насли наврасу ҷавон, ахлоқи воло ва худшиносии ҷомеа гардидааст.

Дар ин давра, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ мароми созандагиву бунёдкориҳо ва ободониву кабудизоркунö дар ноҳия вусъати тоза гирифта, дар радифи ба истифода дода шудани иншоотҳои ҷашнö, аз қабили «Амфитеатр»-и Қасри Арбоб, шаҳраки нави замонавӣ дар мавзеи Сомғор, ки бо ибтикор ва пешниҳоди шоистаи Президенти мамлакат «Сайҳун» ном гирифт, мардуми ноҳияро хеле рӯҳбаланд намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳаки асосии корбарии хеш қарор дода, бо таҷдиди назар ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ҷиҳати иҷроиши супоришҳо ва бартараф кардани камбудиҳо тадбирҳои судманд андешид.

Дар ин раванд, бо мақсади амалö гаштани самтҳои асосии фаъолият нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор дода шуд, ки он ба таъмини устувории иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳо, инкишофи соҳаи иҷтимоии ноҳия, дастгирии табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд равона карда шуд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, савдои беруна ва дохилӣ, сохтмони асосӣ, иҷроиши нақшаҳои буҷети давлатӣ таъмин гардид.

I. РАФТИ ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КОНСЕПСИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӣ

Дар соли сипаригардидаи 2015 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 36 адад қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 118 адад қарору амрҳои раиси вилоят ворид гардида, онҳо зери назорати доимӣ қарор дода шуданд.

II. ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар доираи ваколатҳои худ баҳри амалӣ намудани қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қонунҳои қабулгардида, таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба беҳдошти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия мусоидаткунанда равона карда шуд.

Дар ин давра Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолияти пурсамар намуда, 4 маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати V) баргузор гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мунтазам дар ҳавзаҳои интихоботӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида интихобкунандагони худро қабул намуда, доир ба муаммоҳои пайдогардидаи маҳал чораҳо андешида истодаанд.


III. ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ҶАРАЁНИ САФАРҲОИ КОРӣ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ТАҲИЯ ВА БА ИҶРО РАСОНИДА ШУДААНД

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷабҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ноҳия комёбию муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шуд. Ҳар як комёбии халқи ноҳия пурра вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бармеоянд, зич вобаста аст. Махсусан сафари кории Ҷаноби Олӣ ба вилояти Суғд дастуру супоришҳояшон бо фаъолони вилоят дар қасри маданияти Арбоб, ки санаҳои 18-21 октябри соли 2015 баргузор гардида буд, доимо сармашқи кори мардуми ноҳия, пеш аз ҳама мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Тибқи ин сафари корӣ дар асоси нақша-чорабинии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, нақша-чорабинии ноҳиявӣ иборат аз 38 банд ба тавсиб расида, оиди амалӣ намудани онҳо дар ноҳия коргузорӣ рафта, ҷиҳати таъмини иҷрои он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумотномаҳои муфассал пешниҳод карда шуда истодааст. Иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои нақшаи-чорабиниҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои он корбарӣ идома дорад.


IV. ВАЗЪИ ИҶРОИШИ БУҶЕТ

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри таъмини нақшаи буҷети давлатӣ ва  иҷрои нақшаи ҳамаи намуди сарчашмаҳои даромад чораҳои муассир андешида шуданд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2015 104,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 140,3 млн. сомонӣ, воридот 146,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 6,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Буҷети маҳаллӣ дар ин давра 103,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 110,1 млн. сомонӣ, дар асл 114,1 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 3,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар соли 2015 95,12 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 110,4 млн. сомонӣ, дар асл 105,1 млн. сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин аз нақша 5,0 млн. сомонӣ кам мебошад.

Мувофиқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2015 дар ноҳия аз рӯи маблағгузории моддаҳои ҳимояшаванда, аз ҷумла қарздории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ вуҷуд надорад.


V. ВАЗЪИ ХУСУСИГАРДОНӢ ВА ТАТБИҚИ

ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ


Дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна ва афзунгардонии содироти маҳсулоти кишоварзӣ самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад. Дар ноҳия оиди рушди соҳибкорӣ ва саҳми соҳибкорон дар пешбурди иқтисодиёт машваратҳои соҳибкорон баргузор гардида, масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, ба кор даровардани коргоҳҳои коркарди маҳсулот бо технологияи нав корбарӣ намояд.

Мувофиқи маълумоти нозироти андози ноҳия дар давраи ҳисоботӣ шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, аз аввали бақайдгирӣ 3681 нафарро ташкил медиҳанд.

Шумораи соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда дар давраи ҳисоботӣ 6989 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5515 нафар аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис зиёд гардида онҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 68 адад шартномаҳоро доир ба иҷораи иншоотҳои давлатӣ баст, ки дар натиҷа ба буҷети ноҳия 167,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.

Дар ноҳия оиди иҷроиши «Барномаи давлатии сармояҳо, грантҳо, сохтмонҳои асосӣ барои солҳои 2013-2015» корҳои муайяне иҷро карда шудаанд.

Дар асоси таҳлилу омӯзишҳо бо идораи минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи тоза намудани канали “Қистақӯз” дастгирӣ ёфта, тибқи лоиҳа канали кӯҳнаи “Қистақӯз” аз тарафи пудратчи ҶСК ДСМ-20 ба маблағи 89,5 ҳазор сомонӣ пурра тоза ва аз таъмир бароварда шуд.

Ҳамзамон тибқи лоиҳаи дафтари минтақавии Суғдии Барномаи Рушди Созмони Милили Муттаҳид «Бо тарзи механикӣ тоза намудани канали ҳимоявии зиддиселии Хоҷабақирғон», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъача бо маблағи умумии 219,1 ҳазор сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Каскад Хуҷанд» пурра таъмир ва тоза намуда, ба истифода дода шуд.

Дар доираи Барномаи обёрии маҳалҳо аз ҷониби ташкилоти байналхалқии оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллал баҳри обёрӣ ва бо оби нӯшокӣ таъмин намудани маҳаллаи Истиқлоли шаҳраки Ғафуров 50,0 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид, ки он барои харидорӣ намудани қубурҳо ва ба системаи ягонаи об пайваст шудан равона гардида, аз лоиҳаи мазкур 2050 нафар бошандагони маҳалла бархӯрдор шуданд. Тибқи лоиҳа 1893 метр қубури нави пластики, 17 дона луқидон, 50 дона чоҳак ва 50 дона обченкунак ба маблағи 50,0 ҳазор доллари амрикоӣ насб карда шуда, ба истифода дода шуд.

Аз ҷониби оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллал қубурҳои деҳаҳои Чорсу-1 ва Чорсу- 2-и ҷамоати деҳоти Ғозиён ба маблағи 50,0 ҳазор доллари амрикоӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо ҳисобченкунакҳои обӣ таҷҳизонида шудаанд, ки дар натиҷа 227 оила аз лоиҳаи мазкур бархӯрдор шуданд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» 6 намуди корҳои барқарорсозӣ ва харидорӣ барои барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ муайян карда шудааст, ки ба ин лоиҳа ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ шомил буда, аз ҷониби Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо маблағгузорӣ карда шуда, маблағи лоиҳа 3,8 млн. доллари ИМА, аз ҷумла, 1,8 млн. доллари ИМА ба намуди қарз ва 2,37 млн. доллари ИМА ба намуди грант ташкил дода, корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд. Айни ҳол техника ва таҷҳизотҳои муҳандисиро ба маблағи 106,7 ҳазор доллари ИМА харидорӣ намуда ба КДФОК-и ноҳия дастрас карда шудааст.

Барои аз нав кардани қубурҳои обрави магистралӣ 32000 метр чуқурии обгузар кофта ва 29600 метр қубури пластикӣ хобравонда, 167 адад қудуқ гузошта шуда, ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.

Аз ҷониби ташкилоти байналмилалии Юнисеф лоиҳа ба маблағи 36,0 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфт, ки он асосан барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони дар самти соҳаҳои иҷтимоӣ фаъолияткунандаро дар бар мегирад.

Баҳри рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани таълиму тарбия дар соли хониши 2014-2015 ба 49 мактаби ноҳия аз тарафи Барномаи Озуқаи Ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид озуқа ба миқдори 359,9 тонна орд, 35,8 тонна равған, 71,6 тонна нахӯт ва 7,2 тонна намак дастрас карда шуда, дар давоми сол 4 маротиба тақсимот ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Аз ҷониби Сафоратхонаи Ҷопон бошад, ба соҳаи тандурустии ноҳия ба беморхонаи марказӣ мувофиқи лоиҳаи “Таъминоти таҷҳизотӣ тиббӣ ба беморхонаҳо” таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 88,0 ҳазор доллари амрикоӣ ворид карда шуд.

Ҳамзамон аз тарафи ташкилоти байналхалқии Оперейшн Мерси дар доираи татбиқи лоиҳаи обёрии маҳалҳо бо обӣ нӯшокӣ дар деҳаи Сумчаки ҷамоати деҳоти Д.Холматов ба маблағи 137,7 ҳазор сомонӣ қубурҳои нави оби нӯшокӣ насб карда шуда, ба истифода дода шуд.


VI. ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ

ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО

Дар давраи ҳисоботӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои ҷорӣ ба 789,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2014 106,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, растанипарварӣ 519,9 млн. сомонӣ, суръати афзоиш 107,3 фоиз ва чорводорӣ 269,5 млн. сомонӣ суръати афзоиш 104,0 фоизро ташкил дод.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзоиши аксарияти маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 таъмин гардида, дар ин давра 103810 тонна сабзавот, 5074 тонна картошка, 4434 тонна меваҷот, 44526 тонна ғалладонагиҳо, 10199 тонна ангур ва 11149 тонна полезӣ истеҳсол гардид. Ҳосилнокии зироатҳо, аз ҷумла, ғалладонагиҳо ҳамагӣ 30,2 сентнер, шолӣ 45 сентнер, пахта 19,7 сентнер, картошка 210 сентнер, сабзавот 280,3 сентнер ва полезиҳо ба 202 сентнер расонида шуд.

Дар ноҳия тибқи нақша бунёди 205 гектар боғи нав ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 333 гектар бунёд карда шуда, 325 гектар боғҳои кӯҳна ва 50 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор  карда шуданд.

Дар соли 2016 мувофиқи ноҳия бунёди 230 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор ба 73714 сар расонида шудааст, ки аз он модагов 30164 сар, бузу гӯсфандҳо 193480 сар, парранда 584895 сар, асп 1104 сарро ташкил медиҳад.

Чорводорон ва паррандапарварони ноҳия дар ин давра ба миқдори 7036 тонна гӯшт суръати афзоиш 103,2 фоиз, 33321 тонна шир суръати афзоиш 103,1 фоиз, 71,6 млн. дона тухм суръати афзоиш 100,4 фоиз истеҳсол намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ наслгирӣ аз моли калони шохдор аз ҳар 100 сар 65 сарӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 сар зиёд мебошад. Наслгирӣ аз моли майда аз 100 сар мешу модарбузҳо 84 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 1 сар зиёд мебошад.

Тибқи дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2015 бояд дар ҳамаи ҷамоатҳо 1 адади маркази зообойтори ташкил карда мешуд. То ба имрӯз 12 адад маркази зообойтори ташкил карда шудааст. Дар соли 2015 ба ин марказҳо 269 нафар шаҳрвандони ноҳия муроҷиат намуданд. Ҳоло боз сохтмони 3 адад маркази зообойтори дар ҷамоатҳои Унҷӣ, Хистеварз ва Ёва идома дорад. Боиси қайд аст, ки дар ҷамоатҳои ноҳия 48 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил карда шуда, онҳо тариқи шартнома бо хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат расонида истодаанд. Инчунин дар ҷамоатҳои ноҳия 25 адад мағозаҳои фурӯши нуриҳои минералӣ ва заҳрдоруҳо, 8 адад мағозаҳои фурӯши тухмиҳо ва 22 адад мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиёти ташкил карда шудааст.

Дар ин давра заҳбурҳои Қаромазорсой дар ҷамоати деҳоти Исмоил, Береговой-2 дар ҷамоати деҳоти Зарзамин, К-7 дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ва дигар заҳбурҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 463,0 ҳазор сомонӣ корҳои тозакунӣ ба анҷом расида шуда, ҳолати мелиоративии 688 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуд.


VII. ВАЗЪИ СОҲАИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

Таъмини суръати афзоиш ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ зери назорати доимии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар натиҷа дар соли 2015 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 322,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2014 ба маблағи 23,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 108,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз 94 адад корхонаҳои саноатии ноҳия 84 ададаш фаъолият бурда, 28 адад корхонаҳо ба ҳаҷми нишондиҳандаи соли 2014 набаромада, 10 адад корхона аз сабаби мавсимӣ будан ва набудани фармоишгар фаъолият набурданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои коркарди пахтаи ба номи А.Ҷумъаев, ҷамъиятҳои дори масъулияташ маҳдуди “Созандаи Суғд”, “Сомон Нафт”, “Аркоим”, “Алвадуд”, “Аҷр”, “Суғдиён”, “Зафариён”, ва дигарон суръати афзоиши маҳсулоти саноатиро мутаносибан аз 100,2 фоиз то ба 7 баробар зиёд намуданд.

Дар соли 2015 аз ҷониби соҳибкорон таъсиси 9 адад корхонаҳои хурду миёна ба нақша гирифта, дар давраи ҳисоботӣ 11 адад корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар натиҷаи ташкили ин корхонаҳои нав 164 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи барқчиёни ноҳия барои мунтазам таъмин намудани тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва саривақт пардохт намудани маблағи барқи истифодашуда чораҳо андешида шуданд. Маблағи барқи истифодашуда аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия дар соли 2015 бо назардошти идораи хоҷагии оби ноҳия 43,2 млн. сомониро ташкил дода, пардохти он 38,8 млн. сомониро дар бар мегирад, ки ин 90 фоизро ташкил медиҳад. Пардохти маблағи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ 96 фоизро ташкил додааст.


VIII. ВАЗЪИ СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ


Дар ноҳия 36 адад муассисаҳои сохтмонӣ амал менамоянд. Дар ин давра сохтмончиёни ноҳия пурмаҳсул меҳнат намуда, барои пешрафти иқтисодиёт ва ободонии ноҳия корҳои муайянеро ба сомон расониданд. Дар ин давра аз тарафи сохтмончиён ба маблағи 85,7 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуд, ки суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 136,6 фоиз мебошад. Инчунин ба маблағи 422,9 млн. сомонӣ маблағҳои асосӣ аз худ карда шуда, ба маблағи 47,9 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд.

Дар соли 2015 дар ноҳия якчанд иншоотҳо, аз ҷумла, аз тарафи соҳибкор Каримов Р. ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо нуқтаҳои савдо дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо таъсиси 50 ҷойи корӣ, сохтмони бинои филиали бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ба маблағи 303,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Раёсати бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо таъсиси 10 ҷойи корӣ, бинои иловагӣ барои қабули меҳмонони олиқадр дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” ба маблағи 10,0 млн. сомонӣ ва даҳҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ сохта онҳо ба истифода дода шуданд.

IX. ВАЗЪИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ

Дар ноҳия 20 адад муассисаҳои нақлиётӣ фаъолият мебарад, ки аз онҳо 8 адад муассисаҳои нақлиётии боркашон ва 12 адад муассисаҳои нақлиётии мусофиркашони мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 5,3 млн. тонна борҳои гуногун кашонида шуд, ки суръати афзоиш 101,5 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии кашонидани мусофирон бошад 24,6 млн. нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2014 100,2 фоизро ташкил медиҳад.

Оид ба таъмиру ободонии роҳ корбарӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи идомаи барномаи “Соли роҳҳои обод” аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ва ҷалби сармояҳои соҳибкорон ва аҳолӣ аз таъмир баровардани 253,2 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 293,0 км роҳҳои ноҳия таъмир,  аз он ҷумла 21,59 км роҳҳо пурра мумфарш, 167,9 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бо асфалт ва зиёда аз 103,46 км роҳ шағалпӯш карда шуданд, ки барои амалигардонии онҳо зиёда аз 11,8 млн. сомонӣ равона гардид.

Вобаста ба ин, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда роҳи ҷамоати деҳоти Исмоил 5,1 км, шаҳраки Ғафуров 2,7 км, ҷамоати Унҷӣ 2,90 км, ҷамоати Ёва 2,46 км, ҷамоати Д.Холматов 4,36 км, ҷамоати Хистеварз 2,57 км пурра мумфарш карда шуда, роҳҳои ҷамоатҳои шаҳраки Ғафуров 21,7 км, Исфисор 6,8 км, Ғозиён 7,5 км, Ёва 14,0 км, Унҷӣ 11,0 км, Д.Холматов 32,2 км, Исмоил 15,8 км, Хистеварз 36,0 км, Овчиқалъача 17,2 км, Чашмасор 3,0 км бо асфалт аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.



X. ВАЗЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Ситод оид ба Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граҷдании ноҳия дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси фармону супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Ситод оид ба Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граҷданӣ ба роҳ монд.

Корҳои таъмиру барқарорсозии иншоотҳои муҳофизати паноҳгоҳҳо ва паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ аз ҳисоби худи корхонаву ташкилотҳо ба роҳ монда шудааст. Барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар хазинаҳои корхонаҳои саноатии ноҳия маводҳои хӯрока, маводҳои сӯзишвориву молиданӣ ва дорувориҳо захира карда шудааст.


XI. ВАЗЪИ СОҲАИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ин вусъат бахшидани рушди босуботи соҳаи маориф ва фарҳанг буда, дар ин ҷода оид ба иҷроиши Барномаҳои давлатии соҳа, доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мақому манзалати омӯзгорону аҳли зиё ҳамчун тарбиятгарони насли навраси ватандӯсту ободкор корҳои зиёде иҷро гардиданд.

Иштироки хонандагони синфи 10-11-и макотиби ноҳия дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ назаррас буда, 57 нафар шогирдони макотибҳои ноҳия дар ин озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбати соли 2014 7 нафар зиёд мебошад. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон 19 нафар хонандагон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд. Аз њисоби хонандагони болаёќати синфњои 7-11 дастаи олимпии ноњия ташкил карда шуда, дар асоси наќшаи кории махсус  фаъолияти мунтазами он ба роњ монда шудааст.

Дар ноҳия айни ҳол 29 адад кӯдакистонҳо фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 4327 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Роҷеъ ба масъалаи мазкур мавриди зикр аст, ки се сол инҷониб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ дар назди 50 адад мактабҳои ноҳия Маркази инкишофи бармаҳали кӯдакони синни то мактабӣ таъсис дода шуда, 1119 нафар кӯдакони синни то мактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин соли равон 4 адад кӯдакистонҳои хусусӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Зарзамин, Хистеварз, Ёва ва дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров ба фаъолият оғоз намуда, миқдори умумии чунин кӯдакистонҳои хусусӣ ба 9 адад расонида шуд.

Дар соли 2015 дар қаламрави ноҳия дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии Фонди католитикӣ дар муассисаҳои таълимии №26 ва №54-и ноҳия нуқтаҳои санитарӣ барои хонандагони имконияташон маҳдуд, иборат аз 6 нуқта ба маблағи умумии зиёда аз 203,1 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Мустаҳкамгардонии пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ мадди назари ҳамешагӣ қарор дода шуда, аз ҳамаи намудаи сарчашмаҳо бо 1067 адад мизу курсиҳо таъмин карда шуд. Бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ва тариқи ҳашар дар муассисаи таълимии №18 бинои иловагӣ иборат аз 4 синфхона барои 90 нафар ва як утоқи корӣ сохта ба истифода дода шуда, айни ҳол дар муассисаи таълимии №72 сохтмони 6 синфхона ва №56 сохтмони 2 синфхона босуръат идома дорад.

Дар соли 2015 дар доираи иҷроиши талаботи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 171 адад компютер харидорӣ карда шуда, дар маҷмӯъ нақшаи барнома, ки соли равон ба охир расид, 36 адад зиёд ба иҷро расонида шуд. Дар маҷмӯъ шумораи умумии компютерҳо 2026 ададро ташкил намуда, аз ҳисоби нақшаи барномавӣ 5 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади бештару хубтар дар амал татбиќ намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар назди њамаи мактабњои ноњия “Университети падару модарон” ва «Мактаби модарон» ташкил карда шуда, дар асоси мавзўъњои тавсиявии шўъбаи маориф, њар моњ машѓулиятњои он мунтазам гузаронида шуда истодаанд.

Баландбардории маърифати фарҳангии шаҳрвандон ва эътибори зарурӣ додан ба таъмиру навсозиҳои муассисаҳои фарҳангӣ мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дода шудааст. Дар доираи ҷонибдории иқдоми Раиси вилояти Суғд, оид ба эълон шудани соли 2015 “Соли рушди фарҳанг ва гулҳо” ҷиҳати амалигардонии нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда, аҳли фарҳанги ноҳия баҳри тарғиби анъанаҳои миллии ниёгон ва бахшида ба санаҳои таърихиву сиёсӣ чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҳамкории пурсамари клубҳо, китобхонаҳо, мактаби санъат, ансамбли «Шашмақомхонон» ва санъаткорони хонаҳои маданияти шаҳраку деҳаҳои ҷамоатҳои қаламрави ноҳия чорабиниҳои рангину хотирмон ташкил ва баргузор карда шуданд.

Санъаткорони ноҳия дар даври ниҳоии озмуни “Ҳунарнамоии беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд” бахшида ба соли рушди фарҳанг ғолиб дониста шуда, бо сипоснома ва 5,0 ҳазор сомонӣ мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон дар фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ бахшида ба Соли оила таҳти унвони “Дунёи саодат” ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия фаъолона иштирок намуда, бо Диплому Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷмӯи асбобҳои мусиқӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Бо мақсади иҷроиши Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2016 ба китобхонаҳои ҷамоатҳои Д.Холматов ва Ҳ.Усмонов ба маблағи 13,9 ҳазор сомонӣ мизу курсиҳо харидорӣ карда шуд. Ҳамзамон давоми соли 2015 ба маблағи умумии 11,5 ҳазор сомонӣ 482 адад китоб, аз ҷумла тариқи “Корвони китоб” 133 адад ба маблағи 2,5 ҳазор сомонӣ адабиётҳои нав харидорӣ карда шуда, ба китобхона-бахшҳои ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия дастрас гардид.

Бо мақсади татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015” соли ҷорӣ бахш бо 2 адад компютери замонавӣ (ноутбук) ба маблағи умумии 6,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид. Инчунин бо мақсади татбиқи барномаи мазкур давоми соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ клуби ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ба маблағи умумии 88,0 ҳазор сомонӣ, бинои клуб ва китобхонаи ҷамоати деҳоти Чашмасор ба маблағи умумии 100,0 ҳазор сомонӣ, бинои клуб, китобхона ва филиали мактаби санъати ҷамоати деҳоти Исмоил ба маблағи 199,0 ҳазор сомонӣ, бинои бахши фарҳанги ноҳия ва китобхонаи марказӣ ба маблағи 68,0 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.

Бо мақсади татбиқи “Барномаи рушди ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ба маблағи 9,8 ҳазор сомонӣ либосҳои саҳнавӣ харидорӣ карда шуд. Барои харидорӣ намудани асбобҳои мусиқии миллӣ барои мактаби санъати ноҳия 6,5 ҳазор сомонӣ, барои таъмири ҷорӣ 9,0 ҳазор сомонӣ ва барои харидорӣ намудани таҷҳизоти техникӣ барои маҳфили дӯзандагӣ 6,4 ҳазор сомонӣ маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шуданд.

XII. ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӣ, КОР

БО ЗАНОН ВА ОИЛА


Тӯли солҳои охир таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати муассисаҳои тандурустӣ назаррас гаштааст. Дар давраи ҳисоботӣ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ корҳои муайян иҷро шуданд.

Бахри баланд бардоштани базаи моддию техникӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои бистарии ноҳия бо истифода аз буҷети маҳаллӣ ва суратҳисоби махсус ба маблағи 470,4 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳову техникаҳои тиббӣ ба монанди дефибриллятор, микроскопҳо, ҷевонҳои безараркунии хушк, оксигенираторҳо, ларингоскопҳо, аробачаи маъюбӣ, автоклавҳо, анализаторҳои гемотологӣ, электролитӣ, имуноферментӣ, сентрафуга, инфузамат, катҳои бачагона ва ғайраҳо харидорӣ карда шуданд.

Дар ҳамкории ҳамҷоя ва баъди дастгирии лоиҳа аз тарафи сафоратхонаи Ҷопон ба маблағи 401,9 ҳазор сомонӣ ба шӯъбаҳои таваллуд, навзодон, кӯдакона, эҳё ва ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия дастгоҳҳои муолиҷавию ташхисӣ ворид карда шуданд.

Беморхонаи ҷамоати деҳоти Чашмасор бо нақлиёти “Мошини ёрии таъҷилӣ” таъмин гардида, аз ҳисоби воҳидҳои кории холигии сохтори шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар заминаи маркази саломатии деҳотии “Исфисор” шӯъбаи ёрии таъҷилӣ ташкил шуда, мардуми маҳал бо хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин карда шуданд. Инчунин таъмири бом ва саҳни бинои Маркази саломатии ноҳия, 11 адад марказҳои саломатии деҳотии ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз, Овчиқалъача, Д.Холматов, Чашмасор ва Ҳ.Усмонов ба маблағи 613,0 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ва суратҳисоби махсуси шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ба маблағи 297,8 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири ҳозиразамон ба монанди дастгоҳи ИФА (барои таҳлили гепатити А,В,С), анализатори гематологӣ, анализатори биокимёвӣ, дастамаҷмӯи ташхисию таҳлилӣ ва 25 адад таҷҳизоти техникии компютерӣ харидорӣ карда шуд.

Дар давоми сол аз тарафи мутахассисони шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар якҷоягӣ бо Маркази солимии репродуктивии ноҳия 25 маротиба “Корвони саломатӣ” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташкилу баргузор карда шуда, бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва занҳои қобили таваллуд аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд.

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №208 аз 11.03.2015 бахшида ба Соли оила дар қаламрави ноҳия таҳти шиори «Оилаи солим-миллати солим» аксия гузаронида шуд, ки дар он беш аз 1500 нафар шаҳрвандон ба маблағи зиёда аз 3,0 ҳазор сомонӣ тариқи ройгон муоина гузаронида шуда, маслиҳатҳои муфиди мутахассисони ноҳияро гирифтаанд.

Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ноҳия фаъолияти худро дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Бо мақсади тарғиб намудани фарҳанги баланди муошират дар симои оилаҳои намоён, шахсиятҳои барӯманд, дарёфти пешгирии пошхӯрии оилаҳо, тавлидшавии кӯдакони бемор ва тарғиби арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ба ин восита даъват намудани мардум ба ваҳдату сарҷамъӣ дар Соли оила маҳфили доимоамалкунандаи “Оилаи солим- ҷомеаи солим” ташкил карда шуда, тибқи ҷадвали алоҳида дар ҳамаи 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд.

Баҳри омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии ҳолатҳои номатлуб шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, шӯъбаҳои маориф ва рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои дин, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия гурӯҳи мақсаднок таъсис дода, аз рӯи усули «Хона ба хона» бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.

Бобати баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, омода намудани духтарон ба оиладорӣ, одоби муошират, нақши онҳо дар ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон, рафтори ғамхорона нисбати якдигар, маърифати либоспӯшӣ ва якчанд масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як зан хеле муҳим аст, маҳфили “Кошонаи саодат” бо ҷалби тренерони варзида, ҳуқуқшиносон, табибон ва равоншиносон дар мавзӯъҳои “Одоби муошират”, “Роҳандозӣ намудани буҷаи оилавӣ”, “Одоби рӯзғордорӣ”, “Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зан дар санадҳои давлатӣ ва аз нигоҳи Ислом”, “Расонидани ёрии таъҷилии тиббии аввал дар ҳолатҳои фавқуллода” баргузор карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҳисоби шахсони барӯманду фаъол, занҳои рӯзғордида, собиқадорони меҳнат маҳфили “Университети бибиотунҳо” ва Шӯрои ҷамъиятии “Муросо” таъсис дода шуда, масъалаҳои ташвишовар аз қабили зиёд шудани бекоршавии никоҳ, ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ, тарбияи фарзандон, танзими оила ва ҷашну маъракаҳо мавриди баррасиву муҳокимарониҳои аҳли ҷомеа қарор гирифтанд.

Соҳибкорзани ноҳия Зоидова Ойша барои пешниҳоди лоиҳа оиди “Ташкили фермаи чорводорӣ” ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ ғолиби гранти Президентӣ гардид.

Дар фестивал-озмуни вилоятии атласу адрас - 2015, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2015 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, тарроҳони ноҳия  Норчаева Гулҷаҳон сазовори ҷойи якум ва мукофотпулӣ ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ, Сатторова Ойша сазовори ҷойи дуюм ба маблағи 3,0 ҳазор сомонӣ ва Каримова Мадина сазовори ҷойи сеюм ва мукофотпулӣ ба маблағи 2,0 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ҷамъбасти ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи чакан ва хандаи ҳусн”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тарроҳони ноҳия дар ҳайати гурӯҳи вилояти Суғд иштирок намуда, сазовори баҳои баланди тамошобинон гардиданд ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, дар озмуни “Кадбонуи беҳтарини сол”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, кадбонуи ноҳия Ҷалолова Гулчеҳра дар ҳайати гурӯҳи вилоятӣ сазовори ҷойи якум гардид.


XIII. ВАЗЪИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН,

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӣ

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм» фаъолияти худро дар самтҳои ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, фарҳангӣ, фароҳам овардани муҳити солими ахлоқӣ дар байни ҷавонон, бо кор таъмин намудани ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни ҷавонон, тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва дар самти рушди туризм равона намудааст.

Дар ин давра бо иштироки васеи ҷавонон тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 18-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, ки дар мулоқот бо ҷавонони кишвар дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баён гардиданд 83 адад чорабиниҳо дар самтҳои тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии паҳншавии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон, чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ, оммавӣ, ҳифзи иҷтимоии ҷавонон ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардид.

Бо мақсади ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандўстии ҷавонон, ошноӣ пайдо намудани ҷавонони синну соли то даъватӣ аз шароити қисмҳои низомӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия Рӯзи дар³ои кушод дар µисм³ои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии µаламрави ноҳия ва вохӯрии æавонони синни тодаъватии ³арбö бо сарбозону афсарон ташкил ва гузаронида шуд.

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ва ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорон дар ҷамоати деҳоти Исмоил таъмири толори варзишӣ бо лавозимотҳои варзишии замонавӣ бо маблағи беш аз 40,0 ҳазор доллари ИМА ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамзамон дар ин давра 28 толорҳо ва 96 адад майдончаҳои варзишӣ бо маблағи зиёда аз 184,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Ҷиҳати ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва кушоди ноҳиявӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш, сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ аз ҳисоби «Барномаи Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015» дар соли 2015 68,9 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бобати татбиқи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди футболи ноҳия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгирии дастаи «Парвоз» зиёда аз 173,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Варзишгарони ноҳия дар 18 мусобиқаҳои вилоятӣ, 17 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 9 мусобиқаи байналмиллалӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.

XIV. ВАЗЪИ СОҲАИ МЕҲНАТ, ШУҒЛ ВА ҲИФЗИ

ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ, МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар соли 2015 таъсиси 7390 ҷои нави корӣ пешбинӣ гардида, дар асл дар соли 2015 7393 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, 15 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд. Илова бар ин аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 370 нафар ҷавонон ба курсҳои касбомӯзӣ фиристода шуда, аз ҳисоби бекорони дар қайд буда 768 нафар ба корҳои доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин давра ба 56 нафар корҷӯяндагон барои ташкили корҳои фардӣ қарзҳои хурди имтиёзноки бефоиз дода шуд.

Шумораи нафақагирони ноҳия 28488 нафарро ташкил намуда, барои саривақт пардохт намудани нафақаи нафақагирон тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.

Мувофиқи маълумотҳои бахши муҳоҷирати ноҳия айни ҳол 15912 нафар шаҳрвандони ноҳия, аз он ҷумла, мардҳо 12950 нафар ва занҳо 2962 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.


XV. МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН, ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ, ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНЙ ВА НАФАРОНИ ДАР АҚИБГОҲ БА ОНҲО БАРОБАРКАРДАШУДА

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои саробонгумкарда, шахсони дар ақибгоҳ хизматнамуда ва собиқадорони меҳнат ҳамаи чора ва тадбирҳоро андешида истодааст.

Бо мақсади иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 таҳти №379 «Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар ноҳия корҳои муайяне иҷро гардид. Дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия комиссияҳои маҳаллӣ оид ба муайян намудани ҷубронпулӣ тасдиқ гардида, рӯйхати мушаххаси оилаҳое, ки ба талаботи қарори мазкур ҷавобгӯй мебошанд, тартиб дода, онҳо ба комиссияи ноҳиявӣ пешниҳод карда шудаанд. Дар соли 2015 8484 оилаҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ муносиб дониста шуда, дар давраи ҳисоботӣ 1,7 млн. сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, таҳти №244 «Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» дар нимсолаи аввали соли 2015 ба 7254 нафар хонандагон 145,1 ҳазор сомонӣ  ва дар нимсолаи дуюм ба 7497 нафар ба маблағи 149,9 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ҳамаи қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадие, ки дар миқёси ноҳия ҷойгир мебошанд, дар арафаи ташкилёбии Рӯзи Артиши миллӣ, иди Наврӯз, бахшида ба 20-солагии ҷашни Гвардияи миллӣ, 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави 2016 аз ҷониби сарпарастон дастархони идона ороста шуда, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ба мактаб-интернати кӯдакони шунавоиашон сусти ба номи Т.Ғаффорови ҷамоати деҳоти Хистеварз ва осоишгоҳи вилоятии бачагонаи зидди бемориҳои сили «Равшан» низ аз ҷониби корхонаҳои сарпараст дар рӯзҳои ид кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудаанд. Инчунин, санаи 1 июн дар саҳни Амфитеатри Қасри маданияти Арбоб 100 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 52 нафар ятимони кулл даъват шуда, ба онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Дар арафа ва рӯзҳои ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия зиёда аз 425 оилаҳои бесаробон, иштирокчиёни Садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, иштирокчиёни Сохти конститутсионӣ ва оилаҳои фарзандгумкарда аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи зиёда аз 33,0 ҳазор сомонӣ маводҳои хӯрока дастрас карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аёдати шахсони барӯманд ва оилаҳои ниёзмандро дар ҳар иду айёмҳо зери назорати доимӣ худ қарор додааст. Ба муносибати иди Саиди Фитр ва Қурбон зиёда аз 1300 оилаҳо ба маблағи 430,0 ҳазор сомонӣ аёдат карда шуданд. Ҳамчунин ба ин муносибат бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ҷамоат дар ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов хатнасури 10 нафар кӯдакони оилаҳои эҳтиёҷманд ва як ҷуфт тӯйи арӯсию домодӣ ба маблағи 24,0 ҳазор сомонӣ баргузор карда шуд.

Дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 нафар шахсони барӯманди ноҳия ба маблағи 1,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба 15 нафар ба маблағи 500 сомонӣ маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Инчунин бахшида ба Рӯзи нобиноён аз ҷониби Раиси вилоят ба 183 нафар нобиноён ба ҳар яке онҳо ба маблағи 200 сомонӣ, ҳамагӣ 36,6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дастрас карда шуд.

XVI. МАЪЛУМОТ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ

ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

Оиди саривақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2015-2016 дар ноҳия чораҳои мушаххас андешида шуданд. Дар ин бобат қарори раиси ноҳия аз 29.05.2015 сол таҳти №563 ба тавсиб расида, ҳайати ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст. Ситоди доимоамалкунунда рафти омодагӣ ба зимистонгузарониро зери назорати доимӣ қарор додааст. Айни замон аз тарафи ситоди ноҳия талабот ба ангишт, гази моеъ ва ҳезум барои мавсими зимистонгузаронии соли 2015-2016 муайян карда шудааст.

Бо мақсади саривақт дастрас намудани сӯзишвориҳо барои аҳолӣ дар шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ташкили 139 адад нуқтаҳои фурўши ангишт ва 70 адад нуқтаҳои фурўши гази моеъ ба нақша гирифта шудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳими давраи тирамоҳу зимистон ин таъмини гармидиҳии иншоотҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Барои фаъолияти мӯътадили онҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 барои муассисаҳои соҳаи маориф 870 тонна ангишт ва 380 м3 ҳезум, ба муассисаҳои тандурустӣ 214 тонна ангишт ва 175 м3 ҳезум, ба муассисаҳои фарҳангӣ 14 тонна ангишт ва 6 м3 ҳезум пешбинӣ шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаи маориф 986 тонна ангишт ва 380 м3 ҳезум, барои соҳаи тандурустӣ 235,3 тонна ангишт ва 177 м3 ҳезум, соҳаи фарҳанг низ 100 фоиз ба ангишт ва ҳезум таъмин карда шуданд.

Дар шабақаҳои барқии ноҳия барои бо муваффақият гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 оиди саривақт тайёр намудани зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ нақша чорабиниҳо ба тавсиб расидааст ва тибқи нақша чорабиниҳо корҳо ба роҳ монда шудааст.

Оид ба зимистонгузаронии соҳаи кишоварзӣ алалхусус соҳаи чорводорӣ, барои нигоҳ доштани чорвои калони шохдор 9 адад фермаҳо мавҷуд мебошад ва моли майда дар 156 адад қӯраҳо нигоҳ дошта мешавад. Раёсати кишоварзии ноҳия барои зимистонгузаронии солҳои 2015-2016 барои чорвои ҷамъиятӣ новобаста аз шакли хоҷагидорӣ захираи 33900 тонна хошоки дурушт ва 12100 тонна хошоки ширадор ба нақша гирифта, дар давраи ҳисоботӣ 37000 тонна хошоки дурушт 109,1 фоиз ва 12733 тонна хошоки ширадор  захира карда шудааст.

Умуман фаъолияти мунтазами соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии  ноҳия барои гузаронидани фасли зимистони солҳои 2015-2016 зери назорати доимии ситоди ноҳиявӣ қарор дорад.


XVII. ВАЗЪИ СОҲАИ ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Масъалаи волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқии мардум, пешгирии ҷинояткорӣ аз масъалаҳое мебошад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мадди назар медорад. Дар ин бора аз воситаҳои ахбори омма ва ҷамъомаду мулоқотҳо пурсамар истифода бурда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақшаи кории бахши маъмурӣ-ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар моҳ машварати назди Раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ноҳия ташкил карда шудааст.

Мувофиқи нишондоди таҳлилҳо, дар соли 2015 дар қаламрави ноҳия 643 адад ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин миқдор нисбати соли 2014, ки 522 ададро ташкил медод, 121 адад зиёд буда, 92,2 фоиз ҳолати ошкоршавӣ ба амал оварда шудааст.

Нишондоди содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷумла аз тарафи ноболиғон 3 адад, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 4 адад, таҷовус ба номус 2 адад, ғоратгарӣ 5 адад тамоюли камшавӣ зоҳир намудаанд. Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳия нисбати ҳамин давраи соли гузашта содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 2 адад, қаллобӣ 14 адад, дуздӣ 61 адад, авбошӣ 1 адад, порахӯрӣ 1 адад зиёд гардидааст.


XVIII. РАФТИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН

Дар ин давра масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Маъракаи даъвати баҳорона дар мӯҳлатҳои таъингардида иҷро карда шуда, имрӯзҳо даъвати тирамоҳӣ бо омодагии пурра оғоз гардидааст. Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 355 нафарро ташкил дода, иҷроиши нақша пеш аз мӯҳлат таъмин карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ тамоми ҷораҳои заруриро меандешад.


XIX. МАЪЛУМОТ ОИДИ ТАШКИЛИ МАРКАЗҲОИ ТАЪЛИМИ АДРАСБОФӢ, ҚОЛИНБОФӢ, СӯЗАНИДӮЗӣ, ГУЛДӮЗӢ ВА КОМПЛЕКСҲОИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЗООБАЙТОРӣ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ ВА

МАҲАЛЛАҲО

Баҳри фароҳамории шароитҳои муосири корӣ бо назардошти рушди ҳунарҳои миллии ниёгон дар ноҳия тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодааст. Алҳол шумораи занон дар ноҳия 172579 нафар буда, тибқи маълумотномаи пешниҳоднамудаи раёсати омор шумораи занҳои қобили меҳнат 46579 нафар мебошанд. Дар ноҳия занон-соҳибкорон хуб фаъолият менамоянд. Бо сарварии занони соҳибкор дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои занону духтарони ҷавон корхонаҳои хурди дӯзандагӣ, зардӯзӣ, қаннодӣ, толорҳои занона, қолинбофию адрасбофӣ ва ғайраҳо фаъолият мебаранд.

Бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатии «Имдод» дар ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ барои занону духтарон таъсис дода шудааст, ки омӯзиш тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар маҳаллаи Кулангири ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов моҳи марти соли 2015 маркази таълимӣ–истеҳсолии адрасбофии «Дугонаҳо» таъсис дода шуд. Дар маркази мазкур 20 адад дастгоҳи адрасбофӣ насб карда шуда, 15 нафар адрасбофони соҳибкасб ба кор ҷалб карда шуда, инчунин 34 нафар шогирдон аз ҳисоби ҷавонзанони хонашин ва духтарон барои омӯзиши касби адрасбофӣ даъват карда шуданд. Дар назди ҳамин марказ сехи дӯзандагӣ низ таъсис дода шудааст, ки дорои 15 адад мошинаи дарздӯзӣ мебошад. Ба сех 15 нафар дарздӯзон бо ҷойи кории доимӣ таъмин ва 20 нафар шогирдон барои касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳамин гуна марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ дар 12 ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ташкил карда шудааст. Дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофии дастӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 79 адад дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ насб карда шуда, дар он 56-нафар устод ва 114-нафар шогирдон аз ҳисоби занону духтарони хонашин ҷалб карда шуда, 2746 метр матои атласи дастӣ истеҳсол карда шудааст.

Ҷиҳати роҳандозии омӯзиши «Қолинҳои дастии афғонӣ», дар ноҳия ҳунармандони қолинбофии дастӣ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафарбар карда шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Исфисор ва Хистеварз марказҳои қолинбофии дастии афғонӣ ташкил карда шуда, ба он 20-нафар занони хонашин ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Дар маҳаллаи «Лаби ҳавзча»-и ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдуллоев Фаррух коргоҳи қолинбофии дастӣ таъсис дода шуд, ки 9 нафар занони хонашини маҳаллиро бо кор таъмин намуд. Айни ҳол коргоҳ тибқи дархости мизоҷон қолин истеҳсол намуда истодааст.


XX. ҲОЛАТИ ВОҚЕИИ ПАХШИ БАРНОМАҲОИ РАДИО

ВА ТЕЛЕВИЗИОН

Бо мақсади пурра гардонидани фазои иттилоотӣ барои дастрас гардидани барномаҳои телевизион дар ҳудуди ноҳия чораҳои мушаххас андешида шуданд. Айни замон сокинони ноҳия бо пуррагӣ имконияти тамошои 4 шабакаи телевизионҳои давлатӣ, «Шабакаи аввал», «ТВ Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Баҳористон»-ро доранд, ки роҷеъ ба масъалаи мазкур пурсиши афкори оммаи баргузоргардида шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин мавҷи шабакаҳои «Радиои Тоҷикистон» дар мавҷи 102,7 ҒМ, «Садои Душанбе» 100,2 ҒМ, Радиои «Фарҳанг»- 106,1 ҒМ, радиои «Овози Тоҷик» - 107,5 ҒМ тамоми қаламрави ноҳияро фаро мегирад.

Ба ғайр аз ин дар ноҳия радиои маҳаллии беноқили «Замон»  фаъолият менамояд.


XXI. БАРРАСИИ АРЗУ ШИКОЯТҲОИ ШАҲРВАНДОН

Дар ноҳия ба масъалаи баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон эътибори махсус дода мешавад. Фаъолияти масъулин дар доираи риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” роҳандозӣ гардида, барои саривақт қабул ва дида баромадани мактубҳо, ҳуҷҷатҳои ирсолгашта, арзу шикоят ва ташкили қабули шаҳрвандон тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони раиси ноҳия 6172 адад мактуб, 8068 адад аризаҳои дархостии шаҳрвандон бобати масъалаҳои мухталифи ҳаёти шаҳрвандон, инчунин 296 адад аризаҳои шаҳрвандон бо воситаи мақомотҳои болоӣ ворид гардид. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ 3415 адад қонеъ, 578 адад рад, 4075 адад ба тариқи фаҳмондадиҳӣ ҳал гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба раиси ноҳия дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон 1075 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки дар натиҷа 337 адад муроҷиат қонеъ, 58 адад дархост рад, 680 адад ба тариқи фаҳмондадиҳӣ қонеъ гардонида шудааст.

Илова бар ин аз ҷониби раиси ноҳия дар соли 2015 дар ҷамоатҳои Ҳ.Усмонов, Унҷӣ, Исфисор, Исмоил, Д.Холматов, Ёва, Ғозиён, шаҳраки Ғафуров, Зарзамин ва Овчиқалача “Рӯзҳои қабул” барпо карда шуд, ки дар он 325 нафар шаҳрвандон бо ифодагарии дархости наздик 4500 нафар муроҷиат намуданд. Ҳамаи ин дархостҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Боиси қайд аст, ки ба шаҳрвандоне, ки дар “Рӯзҳои қабул” дар ҷамоатҳо ба раиси ноҳия оиди расонидани кӯмакҳои моддӣ муроҷиат намуданд, бо кӯмакҳои моддии яквақта, ба монанди маводҳои хӯрока фарогир гаштанд.


XXII. РАФТИ ИҶРОИШИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА

ҶАШНУ МАРОСИМҲО”

Баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Алҳол дар ноҳия 12 комиссияи доимӣ, 142 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба татбиқи қонуни мазкур саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4 маротиба ҷаласаи комиссияи доимӣ ва 39 вохӯриву мулоқотҳо бо шаҳрвандон нисбати риояи қонуни мазкур, инчунин 9 маротиба баромаду гуфторҳо дар воситаҳои ахбори омма ташкил карда шуд. Ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоату ниёзманд бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатманд 9 тӯйи хатнасури 246 нафар кӯдакон гузаронида шуд.

Тибқи маълумотҳо шумораи умумии маъракаҳо дар соли 2015 5798 ададро ташкил дод. Хароҷоти умумии маъракаҳо бошад 29,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин миқдор ба ҳисоби миёна ба ҳар як маърака 5,1 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар соли 2015 зиёда аз 62 маротиба рейдҳо гузаронида шуданд. Ҳамзамон рафти баргузории тӯю маъракаҳоро мавриди назорат қарор дода, дар натиҷаи корбарӣ аз ҷониби комиссия 20 адад қонуншиканӣ ошкор гардид.


XXIII.ОМОДАГӣ БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2015 сол, №36 “Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри тарғиби комёбиҳои солҳои истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, таъмини якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 17.03.2015 сол, №313 ба тавсиб расонида шуда, таҳти назорат қарор дода шудааст. Ҳамчунин дар заминаи қарори Раиси вилояти Суғд аз 11.04.2015 сол, №178 “Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯйхати иншоотҳои ҷашнӣ, тақвими санаҳои таърихиву шахсони барӯманд ва дигар нақшаи чорабиниҳои ноҳиявиро тасдиқ гардонида, дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ вусъат дода шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар дар самти амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмӯъ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамояд.


 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ