Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҳисоботи ноҳияи Бобоҷон Ғ афуров доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2016

E-mail Чоп PDF

Боиси ифтихору сарбаландист, ки аз файзи истиқлолият ва  иттиҳоду оромиши кишвар мардуми меҳнатқарини ноҳия бо баҳрамандӣ аз сиёсати созандаву бунёдкорона ва тадбирҳои  ваҳдатофарини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баҳри ноил шудан ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ва ободониву шукуфоии Ватани азизамон бо ифтихори милливу ватандории шоён пайваста заҳмати софдилона ба харҷ медиҳанд.

Дар ин давра Бо ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандагиву ободонии диёрамон вусъати тоза пазируфта, аз æумла, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди боùу токзорҳо мардуми меҳнатқарини диёрро боз ҳам руҳбаланд намудааст.

I. РАФТИ ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КОНСЕПСИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 103 адад қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва 69 адад қарору амрҳои раиси вилояти Суғ д ворид гардиданд.

Дар ноҳия дар маҷмӯъ зиёда аз 57 адад Барномаҳои соҳавию давлатӣ мавриди амал қарор дорад.


II. ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар доираи ваколатҳои худ баҳри амалӣ намудани қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қонунҳои қабулгардида, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба беҳдошти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия мусоидаткунанда, равона карда шуд.

Дар ин давра 2 маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати V) баргузор гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.



III. ВАЗЪИ ИҶРОИШИ БУҶЕТ

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 101,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 77,7 млн. сомонӣ, воридот 79,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Буҷети маҳаллӣ дар ин давра 102,8 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 58,7 млн. сомонӣ дар асл 60,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақша 1,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2016 91,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 69,2 млн. сомонӣ, 63,2 млн. сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин аз нақша 6,1 млн. сомонӣ каммебошад.

Нақшаи хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 100,5 фоиз иҷро гардида, ба хазинаи Агентии суғ уртаи иҷтимоӣ 36,3 млн. сомонӣ ворид гардид.

Мувофиқи  ҳисоботҳо ба ҳолати 1 июни соли 2016 дар ноҳия  қарз аз пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷет вуҷуд надорад.

IV. ВАЗЪИ ХУСУСИГАРДОНӢ ВА ТАТБИҚИ

ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНИ

Дар давраи ҳисоботӣ барои истифодаи иншоотҳои давлатӣ 57 шартномаҳо ба имзо расида, аз истифодаи онҳо ба буҷет 79,2 ҳазор сомонӣ маблағ  ворид гардид.

Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Варзиш таҳкимбахши сулҳ» бо маблағ гузории ташкилоти байналхалқии Юнисеф аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони ноҳия майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ба масоҳати 2400 м.кв. бо маблағ и 45,0 ҳазор сомонӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Бо дастгирии молиявии ташкилоти байналхалқии Юнисеф тавассути Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ-техникӣ ва бо намояндагии бахши ҷавонони ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди гӯштини камарбандӣ байни варзишгарони Ҷумҳуриҳои Қирғ изистон ва Тоҷикистон доир гардид, ки ба ин чорабинӣ 32,0 ҳазор сомонӣ равона гардид.

Дар доираи лоиҳаи “Барқароркунии иншоотҳои обӣ дар Тоҷикистон”, ки ба ин лоиҳа ноҳияи Бобоҷон Ғ афуров низ шомил аст ва он аз ҷониби Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо мабулағ гузорӣ шуда истодааст, ки маблағ и лоиҳа 3,8 млн. доллари ИМА, аз ҷумла, 1,8 млн. доллари ИМА ба намуди қарз ва 2,0 млн. доллари ИМА ба намуди грантро ташкил дода, корҳо оғ оз гардиданд. Айни ҳол техника ва таҷҳизотҳои муҳандисӣ ба маблағ и 106,7 ҳазор доллари ИМА харидорӣ гардида, ба корхонаи давлатии фаръии обу канализатсияи ноҳия дастрас шуда, дар шаҳраки Ғ афуров пурра қубурҳои пластикӣ васл гардидааст.

Аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф Фестивали Наврӯзӣ дар доираи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғ оз меёбад” бо маблағ и 40,0 ҳазор сомонӣ дастгирӣ карда шуд, ки дар он ҷавонони  Ҷумҳурии Қирғ изистон низ иштирок намуданд.

Тибқи лоиҳаи «Адлияи ноболиғ он», ки аз тарафи ташкилоти байналхалқии Юнисеф маблағ гузорӣ мешавад, 3 корманди иҷтимоӣ ва 1 муҳосиб ҷалб карда шуда, маводҳои конселярӣ ба марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳия ба маблағ и 10,2 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуданд.

Ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Ҳамкориҳои фаромарзӣ ба хотири сулҳу устувор ва рушд» бо мақсади вусъат додани ҳамкориҳо ва таҳкими боварӣ байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғ изистон ба хотири коҳиш ва пешгирӣ намудани хатари рух додани муноқишаҳои нав дар ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар, корбарӣ оғ оз гардид.

Баҳри рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани таълиму тарбия дар соли хониши 2015-2016 ба 49 мактаби ноҳия аз тарафи Барномаи Озуқаи Ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид озуқа ба миқдори 359,9 тонна орд, 35,8 тонна равғ ан, 71,6 тонна нахӯд ва 7,2 тонна намак дастрас карда, дар давоми сол 4 маротиба тақсимот ба роҳ монда мешавад.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зан ва ҷомеа” бо мақсади амалисозии лоиҳаи “Рушди класстери помидорпарварӣ” дар ноҳия 15 гурӯҳи истеҳсолӣ ташкил карда шудааст, ки 375 нафар деҳқонони помидорпарварро муттаҳид намудааст. Ташкилоти байналхалқии GIZ шарики дар амал татбиқкунандаи лоиҳаи рушди иқтисод ва кишоварзии деҳот дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба гуруҳҳои истеҳсолӣ дар самти помидорпарварӣ шароити лозимаи ташкилиро пешниҳод мекунад, ки класстери гуруҳҳои истеҳсолӣ талаботи бозорро қонеъ гардонанд.


V. ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ

ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО

Дар давраи ҳисоботӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои ҷорӣ ба 226,9 млн.         сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124,8 фоиз, аз он ҷумла, растанипарварӣ 125,4 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш 149,6 фоиз, чорводорӣ 101,6 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш 103,6 фоизро ташкил дод.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзоиши аксарияти маҳсулотҳо нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта таъмин гардида, дар ин давра 35937 тонна сабзавот, 1288 тонна картошка, 10061 тонна меваҷот, 16138 тонна ғ алла ва 888 тонна полезӣ истеҳсол гардид, ки суръати афзоиш мутаносибан 102,3 то 117,6 фоизро ташкил медиҳад.

Бобати бунёд, барқарорсозии боғ ҳо ва токзор аҳамияти ҷиддӣ дода, 348 гектар боғ и нав бунёд карда шуд, ки аз нақша 98 гектар зиёд аст. Инчунин ба масоҳати 228,6 гектар боғ у токзорҳо аз нав барқарор карда шуданд.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор ба 75546 сар расонида шудааст, ки аз он модагов 30924 сар, бузу гӯсфандҳо 201673 сар, парранда 513350 сар, асп 1099 сарро ташкил медиҳад.

Чорводорон ва паррандапарварони ноҳия дар ин давра ба миқдори 2259 тонна гӯшт ва суръати афзоиш 104,3 фоиз, 17545 тонна шир ва суръати афзоиш 100,6 фоиз, 26,2 млн. дона тухм ва суръати афзоиш 100,6 фоиз, истеҳсол намуданд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2016 дар ихтиёри ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ 27567 гектар заминҳои корам, аз он 24227 гектар корами обӣ дар истифода мебошад.

Баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Дар соли 2016 бо ин мақсад 371,3 ҳазор сомонӣ маблағ  пешбинӣ шуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағ и 237,0 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардида, ҳолати мелиоративии 286 гектар заминҳо беҳтар карда шуданд.

Бо мақсади дастрасии кишоварзон ба нуқтаҳои бордоркунии сунъии моли калони шохдор чораҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ 13 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ташкил карда шуданд ва дар ин самт корбарӣ идома дорад.


VI. ВАЗЪИ СОҲАИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

Таъмини суръати афзоиш ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ зери назрати доимии масъулони соҳа қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағ и 235,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,0  млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 158,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз 98 адад корхонаҳои саноатии ноҳия 44 адад корхонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Ҳамзамон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Астана”, “Ҳоҷӣ-Юсуф”, “Аҷр”, “Аркаим”, “Афзали Суғ д”, “Орди Фатир”, “Хишти Ҳоҷӣ-Ҳасан”, ва дигарон суръати афзоиши маҳсулоти саноатиро мутаносибан аз 128 фоиз то ду баробар зиёд намуданд.

Дар ин давра дар ноҳия 5 адад корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар натиҷаи ташкили ин корхонаҳои нав 450 нафар бо кор таъмин гардиданд. Таъсисёбии корхонаи муштараки “Хуаксин Ғ аюр Суғ д Семент” ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтан замина гузошт.

Дар давраи ҳисоботӣ барои мунтазам таъмин намудани тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии  ноҳия ва саривақт пардохт намудани маблағ и барқи истифодашуда чораҳо андешида шуданд. Маблағ и барқи истифодашуда аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо назардошти идораи хоҷагии оби ноҳия маблағ и 22,6 млн. сомониро ташкил дода, пардохти он 20,3 млн. сомониро дар бар мегирад, ки ин 89,8 фоизро ташкил медиҳад. Пардохти маблағ и қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ 97,7 фоизро ташкил додааст.

VII. ВАЗЪИ СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Дар ин давра сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмон 498,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағ и 41,8 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро гардида, ба андозаи 33,1 млн. сомонӣ фонди асосӣ ба кор андохта шуданд.

Ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим ба монанди маркази фарҳангӣ дар шаҳраки Ғ афуров, сохтмони бинои иловагӣ дар беморхонаи марказӣ, бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Исфисор идома дорад.


VIII. ВАЗЪИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ

Аз ҷониби муассисаҳои нақлиётии ноҳия 2233,2  ҳазор тонна борҳои гуногун кашонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии кашонидани мусофирон 12,1 млн. нафар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 102,1 фоизро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ва ҷалби сармояҳои соҳибкорон ва аҳолӣ аз таъмир баровардани 208,5 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, дар ин давра зиёда аз 150 км роҳҳои ноҳия, аз он ҷумла, 5,5 км роҳҳо пурра мумфарш,  96,3 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бо асфалт ва зиёда аз 54,2 км роҳ шағ алпӯш карда шуданд, ки барои амалигардонии онҳо 2,3 млн. сомонӣ равона гардид.


IX. ВАЗЪИ СОҲАИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ин вусъат бахшидани рушди босуботи соҳаи маориф ва фарҳанг буда, дар ин ҷода оид ба иҷроиши Барномаҳои давлатии соҳа, доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия корҳои зиёде иҷро гардиданд.

Иштироки хонандагони синфи 9-11-уми макотиби ноҳия дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ назаррас буда, 64 нафар шогирдони макотибҳои ноҳия дар ин озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 7 нафар зиёд мебошад. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 16 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Аз њисоби хонандагони болаёќати синфњои 7-11 дастаи олимпии ноњия ташкил карда шуда, дар асоси наќшаи кории махсус  фаъолияти мунтазами он ба роњ монда шудааст.

Дастуру тавсияҳои Сарвари давлатро бобати инкишофи зинаҳои аввалини таҳсилот мадди назари аввал қарор дода, дар давоми нимсолаи якум ду кӯдакистонҳои хусусӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз мавриди истифодадиҳӣқарор дода шуд. Дар ноҳия айни ҳол 31 кӯдакистонҳо фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 4327 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Роҷеъ ба масъалаи мазкур мавриди зикр аст, ки се сол инҷониб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ дар назди 54 мактабҳои ноҳия Маркази инкишофи бармаҳали кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шуда, 1504 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакон барои корҳои таъмиру тармим, ободонию кабудизоркунии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Вохӯрӣ” 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Аз 14.06.2016 истироҳатгоҳи мазкур ба фаъолияти басти якум оғ оз карда, дар нақша ҳаст, ки дар се баст 330 нафар хонандагон бо истироҳати бофароғ ат таъмин гарданд.

Баландбардории маърифати фарҳангии шаҳрвандон ва эътибори зарурӣ додан ба таъмиру навсозиҳои муассисаҳои фарҳангӣ мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дода шудааст. Дар ин давра таъмири бинои бахши фарҳанги ноҳия ба итмом расонида шуда, дар саҳни Қасри фарҳангии маркази ноҳия корҳои ободониву навсозӣ бомаром ҷараён дорад.


X. ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ, КОР

БО ЗАНОН ВА ОИЛА

Рушди соҳаи тандурустии ноҳия дар асоси «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ шуда истодааст. Самти асосии инкишофи ҳифзи саломатии ноҳия – кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таъмини духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ мебошад. Татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 ва фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 1 январи соли 2009 «Дар бораи хизматрасонии тиббии санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии системаи давлатӣ» таҳти назорат қарор дода шудааст. Ба тасвиб расонида шудани қарори Раиси вилояти Суғ д дар бораи татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» кулли кормандони тандурустиро ба навсозиҳои муассисаҳои соҳаи тиб ва хизматрасонии босифати тиббӣҳидоят намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ корҳои тарғ иботӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҷиҳати татбиқи Барномаҳои соҳаи тандурустӣ аз ҷониби кормандони соҳа вусъат дода шуд. Дар ин раванд, ҳамоҳангсозии фаъолият бо васоити ахбори омма ҷоннок карда шуда, ҳар ҳафта тариқи радиои маҳаллии ноҳия маслиҳатҳои мутахассисон баҳри пешгирии бемориҳои ирсӣ, зиёни тамокукашӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва ғ айраҳо пахш гардида истодааст. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағ и 1,5 млн. сомонӣ корҳои сохтмонии бинои нотамоми беморхонаи марказии ноҳия дар арафаи анҷомёби буда,  корҳои таъмири боми беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Чашмасор ба маблағ и 70,0 ҳазор сомонӣ ба итмом расонида шуд. Барои таъмири шӯъбаи бемориҳои дили беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ иловатан 200,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гашта, корҳои таъмирӣ бомаром ҷараён дорад. Маблағ гузории умумии соҳаи тандурустии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2016 15,3 млн. сомониро ташкил кард.

Баҳри омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии ҳолатҳои номатлуб шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, шӯъбаҳои маориф ва рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои дин, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия гурӯҳи мақсаднок таъсис дода, аз рӯи усули «Хона ба хона» бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғ айриқонунӣ корҳои фаҳмондадиҳии инфиродӣ доир карда шуда истодааст.

Баҳри соҳибкасб намудани занони хонашин ва ба шуғ ли доимӣ фаро гирифтани занону духтарон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 17 марказҳои дӯзандагӣ фаъолият дошта ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 160 адад мошинаҳои дарздӯзӣ насб гардида, 200 нафар занон ба кори доимӣҷалб карда шудаанд.

Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳия 17 марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 128 адад дастгоҳҳо насб гардидаанд. Ин марказҳо 172 нафар занону духтаронро ба шуғ ли доимӣ фаро гирифта, то ба имрӯз 4810 метр матоъ истеҳсол карда шудааст.


XI. ВАЗЪИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

Дар давраи ҳисоботӣ бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғ афуров бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм» фаъолияти худро дар самтҳои ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, фарҳангӣ, фароҳам овардани муҳити солими ахлоқӣ дар байни ҷавонон, бо кор таъмин намудани ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни ҷавонон, тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва рушди соҳаи сайёҳӣ равона намуд.

Бо мақсади оммавияти варзиш, тарғ иби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ, иштироки варзишгарон ба чорабиниҳои гуногуни варзишии сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ таъмин карда шуда, дар давраи ҳисоботӣ 32 мусобиқаҳои ноҳиявӣ доир карда шуданд.

Ба таъмиру навсозиҳои майдончаҳои варзишӣ эътибори махсус дода шуда, дар давраи ҳисоботӣ 3 адад майдончаҳои варзишӣ дар ҷамоати шаҳраки Ғ афуров, ҷамоатҳои деҳоти Овчиқалъача ва Ҳайдар Усмонов сохта ба истифода дода шуданд. То ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 6 адад майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна ва маҳаллаҳо ба нақша гирифта шудааст.


XII. ВАЗЪИ СОҲАИ МЕҲНАТ, ШУҒ Л ВА ҲИФЗИ

ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ, МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

Дар давраи ҳисоботӣ 3909 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Бо ин мақсад 10 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 554 нафар шаҳрвандони бекор бо корҳои доимӣ таъмин карда шуданд. Аз ҳисоби бекорон 217 нафар ҷавонон ба курсҳои касбомӯзӣ фиристода шуда, аз ҳисоби бекорони дар қайд буда 70 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд.

Дар ин давра ба 30 нафар корҷӯяндагон барои ташкили корҳои фардӣқарзҳои хурди имтиёзноки бефоиз дода шуд.

Шумораи нафақагирони ноҳия 28255 нафар буда, барои саривақт пардохт кардани нафақаи нафақахӯрон тадбирҳо андешида, нафақаи нафақахӯрон то моҳи июл бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Мувофиқи маълумотҳои хадамоти муҳоҷират айни ҳол 14253 нафар шаҳрвандони ноҳия, аз он ҷумла, мардҳо 11555 нафар ва занҳо 2698 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣқарор доранд.


XIII. МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН, ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ, ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНЙ ВА НАФАРОНИ ДАР АҚИБГОҲ БА ОНҲО БАРОБАРКАРДАШУДА

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди расонидани кӯмак ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳо ва шахсони камбизоат, маъюбону ятимон, шахсони яккаву танҳо, барҷомонда, гузаронидани хатнасури кӯдакони ятиму бепарастор дар ноҳия корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №379  аз 1 августи соли 2008 «Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар ноҳия корҳои муайян иҷро гардид. Дар нимсолаи аввали соли 2016 8484 оилаҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ муносиб дониста шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони ноҳия 70 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат хатнасур ва тӯйи арӯсию домодии ду ҷуфт оилаҳои камбизоат гузаронида шуд, ки маблағ и умумии он зиёда аз 100,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


XIV. ВАЗЪИ СОҲАИ ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Мувофиқи нишондоди таҳлилҳо, дар нимсолаи якуми соли 2016 дар қаламрави ноҳия 330 адад ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин миқдор нисбати ҳамин давраи соли 2015, ки 403 ададро ташкил медод, 73 ададкамбуда, 292 ҳолати ошкоршавӣ ба амал оварда шудааст.

Нишондоди содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷумла аз ҷониби ноболиғ он 2 адад, ҷиноятҳои соҳаи кофтукови ҷиноӣ 79 адад, ҷиноятҳои вазнини соҳаи кафтукови ҷиноӣ 10 адад, дар ҳолати ноаён содиршуда 65 адад, одамкушӣ 2 адад, қаллобӣ 28 адад, авбошӣ 5 адад  тамоюли камшавӣ зоҳир намудаанд. Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳия нисбати ҳамин давраи соли гузашта содиршавии ҷиноятҳои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 2 адад, ғ оратгарӣ 1 адад, тамаъҷӯӣ 3 адад, вобаста ба соҳаи иҷтисод 14 адад садамаи нақлиётӣ бо марги инсон 1 адад зиёд гардидааст.


XV.МАЪЛУМОТИ ПУРРА ОИД БА КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ДАР МАҲАЛЛАҲО

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2016, таҳти рақами 36 “Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри тарғ иби комёбиҳои солҳои истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, таъмини якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣқарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғ афуров аз 17 марти соли 2015, таҳти рақами 313 ба тавсиб расонида шуда, таҳти назорат қарор дода шудааст.

Ҳамчунин дар заминаи қарори Раиси вилояти Суғ д аз 11 апрели соли 2015, таҳти рақами 178 “Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯйхати иншоотҳои ҷашнӣ, тақвими санаҳои таърихиву шахсони барӯманд ва дигар нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тасдиқ шудаанд.


XVI. МАЪЛУМОТ ОИД БА ОМОДАГЙ БА МАВСИМИ

ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

Оиди саривақт омода намудани соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2016-2017 дар ноҳия чораҳои мушаххас андешида шуданд. Дар ин бобат қарори раиси ноҳия аз 29.04.2016 сол, №213 ба тавсиб расида, ҳайати ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст.

Бо мақсади саривақт дастрас намудани сӯзишвориҳо барои аҳолӣ дар шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ташкили 140 адад нуқтаҳои фурўши ангишт ва 72 адад нуқтаҳои фурўши гази моеъ ба нақша гирифта шудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳими давраи тирамоҳу зимистон ин таъмини гармидиҳии иншоотҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Барои фаъолияти мӯътадили онҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 барои муассисаҳои соҳаи маориф 1408,1 тонна ангишт ва 380 м3ҳезум, ба муассисаҳои тандурустӣ 205 тонна ангишт ва 190 м3ҳезум, ба муассисаҳои фарҳангӣ 14 тонна ангишт ва 4 м3ҳезум пешбинӣ шуда, айни замон корҳои захиракунӣ оғ оз гардидааст.


XVII. РАФТИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН

Бобати тарбияи ҳарбию ватанпарварӣ дар ноҳия нақшаҳои зиёдеро ба амал татбиқ намуда истодаем. Дар ин давра масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мадди назар қарор дошт.  Ин маърака бо омодагии пурра оғ оз гардида, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбии баҳорона пеш аз мӯҳлат иҷро гардид. Имрӯзҳо корҳои тарғ иботиву фаҳмондадиҳӣ оиди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғ оз гардида, барои иҷроиши нақшаи тирамоҳӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодаанд.


XVIII. БАРРАСИИ АРЗУ ШИКОЯТҲОИ ШАҲРВАНДОН

Дар ноҳия ба масъалаи баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон эътибори махсус дода мешавад. Фаъолияти масъулин дар доираи риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” роҳандозӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба унвони раиси ноҳия 2601 мактуб, 3844 аризаҳои дархостии шаҳрвандон бобати масъалаҳои мухталифи ҳаёти шаҳрвандон, инчунин 170 аризаҳои шаҳрвандон бо воситаи мақомотҳои болои ворид гардид. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ 879 қонеъ, 120 рад, 2756 ба тариқи фаҳмондадиҳӣҳал гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба раиси ноҳия дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон 995 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки дар натиҷа 398 адад муроҷиат қонеъ, 21 адад рад, 531 адад ба тариқи фаҳмондадиҳӣқонеъ гардонида шуданд.

Илова бар ин аз ҷониби раиси ноҳия дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи  ҷамоатҳои ноҳия “Рӯзҳои қабул” барпо карда шуд, ки дар он 200 нафар шаҳрвандон бо ифодагарии дархости наздик 2000 нафар муроҷиат намуданд. Ҳамаи ин дархостҳо мавриди баррасӣқарор гирифтанд.


XIX. РАФТИ ИҶРОИШИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО”

Баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Тибқи маълумотҳо шумораи умумии маъракаҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1629 ададро ташкил дод. Хароҷоти умумии маъракаҳо бошад, 7,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин миқдор ба ҳисоби миёна ба ҳар як маърака 4,9 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар 6 моҳи соли 2016 зиёда аз 70 маротиба рейдҳо гузаронида шуданд. Ҳамзамон рафти баргузории тӯю маъракаҳоро мавриди назорат қарор дода, дар натиҷаи корбарӣ аз ҷониби комиссия 9 адад қонунвайронкунӣ ошкор гардид.

Минбаъд низ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмӯъ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамояд.


 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ