Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Қарори Раиси ноҳия №602

E-mail Чоп PDF

аз  10 июни соли 2013                                                              № 602

Дар бораи таҷлили ҷашни

80-солагии ҳафтаномаи «Хуҷанд»

Мутобиқи моддаи 20 ва 32-и Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  бо назардошти саҳми ҳафтаномаи «Хуҷанд» дар тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшу мақоми он дар тарбияи маънавии мардум, тарғиби гояҳои истиклолияти давлатӣ, инчунин бо мақсади баландбардории мавқеи нашрияи расмии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии нохияи Бобоҷон Гафуров

қарор мекунам:

  1. Санаи 3 августа соли 2013 ҷашни 80-солагии хафтаномаи «Хуҷанд» таҷлил карда шавад.
  2. Ҳайати кумитаи тадорукот нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ва сметаи хароҷоти ҷашнвора тасдиқ карда шавад. (замимаи 1, 2. 3)
  3. Шӯъбаи рушди иҷтимой ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, бахшҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот доир ба мақоми ҳафтаномаи «Хуҷанд» дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷомеа силсилаи тадбирҳоро амали намоянд.
  4. Ба Раёсати молияи ноҳия супорида шавад,  ки мутобики аз ҳисоби барзиёдичрошавии қисми даромади буҷети ноҳия дар моҳи майи соли 2013 барои таъмири бинои иҷораи ҳафтаномаи «Хуҷанд» ба маблаги 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, харидори намудани мизи корӣ, курсиҳо, парда ва компутер бо ҳамаи таҷҳизоташ ба маблаги 7400 (ҳафт ҳазору чор сад) сомонӣ. ҳамаги ба маблаги 17400 (ҳабда ҳазору чор сад) сомонӣ тибқи соҳаи 8 моддаи 4.1.3 чудо намояд.
  5. Банди чоруми қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод карда шавад.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси ноҳия Қосимова Б.Ҷ- гузошта шавад.
 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2794
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта16003
mod_vvisit_counterҲамин моҳ76439
mod_vvisit_counterҲамагӣ1791923

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ