Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Қарори Раиси ноҳия №1012

E-mail Чоп PDF

аз  31 сентябри соли 2013                                                              № 1012

Дар бораи таҷлили 90-солагии

Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давтатӣ», бо мақсади тарғибу ташвиқи осори адабиёти классики ва муосири тоҷиқ дар руҳияи худшиносию худогохи тарбия намудани насли наврас, бо назардошти нақш ва мавқеи Шоири халқи Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ дар рушди адабиёти муосир ва барои иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 25 октябри соли 2013, № 252,

қарор мекунам:

1. Дахаи сеюми моҳи ноябр 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ ботантана таҷлил карда шавад.

2.Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақша - чорабинии таҷлили 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукухӣ тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2).

3. Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси нохия, шӯъбаи маориф ва бахши фарҳанги ноҳия оид ба нақш ва мақоми Аминҷон Шукухӣ силсилаи чорабиниҳоро доир намоянд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси ноҳия Қосимова Б.Ҷ. гузошта шавад.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3839
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта28193
mod_vvisit_counterҲамин моҳ88629
mod_vvisit_counterҲамагӣ1804113

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ