Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Қарори Раиси ноҳия № 67

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

аз  25 январи соли 2013                                                              № 67

Дар бораи таҷлили

Иди байналмилалии Наврӯз

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллии неки ниёгон, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, тарғиби расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, бо назардошти мақому нақши ҷашни Наврӯз дар таърихи халқи тоҷик ва дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 17.01.2013, №09

қарор мекунам:

1. Санаҳои 21-24 марти соли соли 2013 Иди байналмилалии Наврӯз дар қаламрави ноҳия ботантана таҷлил карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили  Иди байналмилалии  Наврӯз  тасдиқ карда шавад (замимаи 1,2).

3. Тантанаҳои ноҳиявии Иди байналмилалии Наврӯз дар маркази Ҷамоати шаҳраки Ғафуров баргузор карда шавад.

4. Мақомоти худидоракунии Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳои  ноҳия новобаста аз шакли моликияташон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз тадбиру чораҳои мушаххас андешанд.

5. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, раёсати кишоварзӣ, шӯъбаи маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати тарғиби анъанаҳои наврӯзии ниёгон, оғози кишту кори баҳорӣ, ҳидоят ба  меҳру муҳаббат, ваҳдат, сулҳу ризоияти миллӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд.

6. Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ ва намоиши театрикунонидашудаи «Наврӯзи оламафрӯз»-ро таҳия ва амалӣ намояд.

7. Ҳафтаномаи «Хуҷанд» ва радиои маҳаллии ноҳия оид ба қадимтарин ва маъмултарин ҷашни мардуми ориённаҷод – Наврӯзи байналмилал мавод ва барномаҳои ҷолибро таҳия ва пахш намоянд. 8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали Раиси ноҳия Орифов О.Ҷ., муовинони Раиси ноҳия Қосимова Б.Ҷ., Абдулакимов Л.А., ва Мамадҷонов М.Т. гузошта шавад. 

Раиси ноҳия                        С.Мирхолиқов

Матни пурраи Қарор ва замимаҳояш.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14527
mod_vvisit_counterҲамин моҳ43831
mod_vvisit_counterҲамагӣ2189503

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ