Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Муовинони Раис

Абдуллозода Фаррух Орифӣ

E-mail Чоп PDF

Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Муфассал...
 

Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/kormandon/sattorov-h.jpg) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Хуршед Сатторзода

E-mail Чоп PDF

Хуршед Сатторзода – муовини  Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои иҷтимоиёти ва фарҳанг.

29-уми августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат -тоҷик. Маълумоти олӣ дорад.

Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ – менеҷер хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Солҳои 1996 - 1999 аспиранти Донишгоҳи кооперативии шаҳри Москав.

Фаъолияти кориро солҳои 2000 – 2003 ба ҳайси муовини сарвари ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Абдуазиз»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.

Солҳои 2003 - 2006 муовини мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят кор карда, аз солҳои 2006 то 2007 сармутахассиси хадамоти кадрии дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурдааст.

Аз 1 июни соли 2007 ирокунандаи вазифаи роҳбари хадамоти кадрии дастгоҳи Раиси вилоятро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 2007 - 2010 ҳамчун сармутахассиси хадамоти кадрии дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурда, солҳои 2010 - 2011 сармутахассиси шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва аз 1 июни соли 2011 мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят шуда кор кардааст.

Оиладор соҳиби 3 фарзанд.

Аз моҳи декабри  соли 2014 то инҷониб мансаби  муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дорад.

 

Орифов Олимҷон Ҷамилович

E-mail Чоп PDF

Орифов Олимҷон Ҷамилович – муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, оид ба масъалаҳои саноат, энергетика, иқтисод ва савдо. Роҳбарии умумиро оид ба масъалаҳои рушди иқтисод ва савдо, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди иқтисод, ислоҳоти иқтисодӣ, пулию қарзӣ, буҷету андоз, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илмию техники ва омори давлатиро дар қаламрави ноҳия амалӣ менамояд.  Санаи 12 ноябри  соли 1964 дар  шаҳри Душанбе  дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №5-и ноҳия соли 1981 ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1986 бо ихтисоси муҳандис - механик хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ соли 1986 дар ҶСШК «Шарбати Қистақӯз»  дар вазифаҳои челонгар, устои калон, сармуҳандис, директори техникӣ ва иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСШК  «Шарбати Қистақӯз» кор кардааст. Аз соли 2006 сармутахассиси соҳаи саноати мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия, аз моҳи январи соли 2011 муовини раиси ноҳия,  аз августи  соли 2011 то 4 феврали соли 2013 муовини аввали  Раиси ноҳия ва аз феврали соли 2013 мансаби муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дорад.

 

Комилова Мастура Мухторовна

E-mail Чоп PDF

Комилова Мастура Мухторовна - муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои сохтмон, алоқа ва нақлиёт.

9 - уми октябри соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат-тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ дар соҳаи саноат хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро солҳои 1984 - 1986 ба сифати иқтисодчии соҳаи саноати шўъбаи иқтисодии комиҷроияи шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Солҳои 1986 - 1991 иқтисодчӣ, иқтисодчии калон, муовини мудири шўъбаи иқтисодӣ-иҷтимоии комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, муовини мудири шўъбаи саноат ва бизнеси хурди Ҳукумати шаҳри Хуҷанд,  муовини мудири шўъбаи иқтисодӣ ва робитаҳои бурунмарзии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, мудири шўъбаи иқтисодӣ ва робитаҳои иқтсодии бурунмарзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2006-2010 сардори Раёсати рушди иқтисодиёт, савдо ва ислоҳоти иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намудааст.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз моҳи майи соли 2010 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати рушди иқтисодиёт ва фаъолияти зиддимонополии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъин шудааст. Аз моҳи июни соли 2010 ба вазифаи сардори Раёсати рушди иқтисодиёт ва фаъолияти зиддимонополии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2014 то инҷониб мансаби муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дорад.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз483
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4622
mod_vvisit_counterҲамин моҳ38906
mod_vvisit_counterҲамагӣ1041037

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ