Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Орифов Олимҷон Ҷамилович

E-mail Чоп PDF

Орифов Олимҷон Ҷамилович – муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, оид ба масъалаҳои саноат, энергетика, иқтисод ва савдо. Роҳбарии умумиро оид ба масъалаҳои рушди иқтисод ва савдо, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди иқтисод, ислоҳоти иқтисодӣ, пулию қарзӣ, буҷету андоз, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илмию техники ва омори давлатиро дар қаламрави ноҳия амалӣ менамояд.  Санаи 12 ноябри  соли 1964 дар  шаҳри Душанбе  дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №5-и ноҳия соли 1981 ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1986 бо ихтисоси муҳандис - механик хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ соли 1986 дар ҶСШК «Шарбати Қистақӯз»  дар вазифаҳои челонгар, устои калон, сармуҳандис, директори техникӣ ва иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСШК  «Шарбати Қистақӯз» кор кардааст. Аз соли 2006 сармутахассиси соҳаи саноати мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия, аз моҳи январи соли 2011 муовини раиси ноҳия,  аз августи  соли 2011 то 4 феврали соли 2013 муовини аввали  Раиси ноҳия ва аз феврали соли 2013 мансаби муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дорад.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1154
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6873
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36816
mod_vvisit_counterҲамагӣ1234058

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ