Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Комилова Мастура Мухторовна

E-mail Чоп PDF

Комилова Мастура Мухторовна - муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои сохтмон, алоқа ва нақлиёт.

9 - уми октябри соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат-тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ дар соҳаи саноат хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро солҳои 1984 - 1986 ба сифати иқтисодчии соҳаи саноати шўъбаи иқтисодии комиҷроияи шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Солҳои 1986 - 1991 иқтисодчӣ, иқтисодчии калон, муовини мудири шўъбаи иқтисодӣ-иҷтимоии комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, муовини мудири шўъбаи саноат ва бизнеси хурди Ҳукумати шаҳри Хуҷанд,  муовини мудири шўъбаи иқтисодӣ ва робитаҳои бурунмарзии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, мудири шўъбаи иқтисодӣ ва робитаҳои иқтсодии бурунмарзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2006-2010 сардори Раёсати рушди иқтисодиёт, савдо ва ислоҳоти иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намудааст.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз моҳи майи соли 2010 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати рушди иқтисодиёт ва фаъолияти зиддимонополии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъин шудааст. Аз моҳи июни соли 2010 ба вазифаи сардори Раёсати рушди иқтисодиёт ва фаъолияти зиддимонополии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2014 то инҷониб мансаби муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дорад.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1155
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36817
mod_vvisit_counterҲамагӣ1234059

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ