Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ваколатҳо

Ваколатҳои Раиси ноҳия

E-mail Чоп PDF

Ваколатҳои Раиси ноҳия дар моддаи 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» омадааст:

Раиси ноҳия чунин ваколат дорад:

- иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;

- ба корҳои тайёрии гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ роҳбарӣ мекунад, рўзномаи иҷлосияро тартиб медиҳад;

- риояи дастури Маҷлиси вакилони халқро таъмин менамояд;

- фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқро ҳамоҳанг месозад;

- ба қарорҳо, протоколҳо ва санадҳои дигари Маҷлиси вакилони халқ имзо мегузорад;

- лоиҳаи буҷети ноҳияро барои қабул ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд, пас аз қабул иҷрои онро таъмин менамояд, оид ба он ҳисобот медиҳад;

- барои тасдиқи Маҷлиси вакилони халқ барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоии маҳалро пешниҳод менамояд ва оид ба иҷрои онҳо дар иҷлосия ҳисобот медиҳад;

- дар доираи ваколати худ оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо чораҳо меандешад, ҳангоми рўй додани офатҳои табиӣ, эпидемия ва дигар ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини кўмаки тиббию санитарӣ, беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ тадбирҳо меандешад;

- ноҳияро дар доираи салоҳиятҳои худ дар хориҷа, дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон намояндагӣ мекунад;

- нақшаҳои минтақавии тарҳрези, умумии сохтмони марказии ноҳияро таҳия намуда, ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд;

- ба баррасии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар бораи фаъолияти сохтори маҳаллии онҳо дар ноҳия дар сурати иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Раиси ноҳия пешниҳод манзур менамояд. Агар сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия камбудиҳоро бартараф накунад, хулосаи дахлдори худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидан бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

- мувофиқи сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи раисро тасдиқ менамояд (Қонун аз 3.12.2009 № 576);

- дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи раис ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, тасдиқ менамояд (Қонун аз 3.12.2009 № 576;

- муовини якум ва муовинони худро дар доираи лимити шумораи умумии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбари дастгоҳи раис ва кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Конун аз 3.12.2009 № 576);

- роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳоро, ки ба моликияти коммуналии ноҳия асос ёфтаанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияро дар ноҳия, ки аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Муқаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони мақомоте, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муайян намудаанд, татбиқ намешавад (Конун аз 21.11.2006 № 211);

- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии ноҳия, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дигар ташкилотҳои давлатии дар маҳал воқеъбуда розигии хаттӣ медиҳад ва пас аз ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Муқаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони мақомоти заминсозӣ ва мақомоте, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муайян намудаанд, татбиқ намешавад;

Муфассал...
 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз137
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2330
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37143
mod_vvisit_counterҲамагӣ946425

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ