Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия

E-mail Чоп PDF

Барномаи рушди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия башумор рафта, дар асоси принсипи иштироки васеъи ҷомеаи шаҳрванди ва бахши хусусӣ ва бо назардошти ҳадаф, вазифаҳо ва афзалиятҳои барномаҳои дар сатҳи ноҳия қаблан қабулгардида таҳия карда шудааст. Дар раванди таҳияи барномаи мазкур мутахассисони соҳавии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, коршиносон ва пешвоёни ноҳия иштироки фаъол доштанд.Барнома дар асоси Дастурамали таҳиянамудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо» тартиб дода шуда барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола (ҲРҲ) ва дар сатҳи маҳаллӣ татбиқ намудани Стратегияи миллии рушди (СМР) то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПКСК) барои солҳои 2010-2012 ва инчунин Барномаҳои минтақавию соҳавии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Барномаи мазкур ҳуҷҷати стратегии миёнамуҳлат буда, барои дурнамои панҷсола самтҳои асосии инкишофи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро бо назардошти имкониятҳо ва истифодаи самараноки захираҳо муайян менамояд.Барнома барои мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия натанҳо роҳнамо, балки фишанги асосии таъмини иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ дар раванди рушд ва ҷалби сармояҳои иловагӣ мебошад.

Ҳуҷҷат аз қисмҳои зерин иборат аст:

Қисми 1. Тавсифи мухтасар ва таҳлили ҳолати умумии ноҳия, аз ҷумла тамоюли рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар панҷ соли охир;

Қисми 2. Таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати ҷории ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бахшҳои асосӣ – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, инфорасохтор, бехатарии муҳити зист ва инчунин стратегияҳои рушди соҳаҳои мазкур дар 5 соли минбаъда ва арзёбии захираҳои лозими барои татбиқи онҳо;

Қисми 3. Тасвири низомҳои ташкил, татбиқ, мониторинг ва арзёбии барномаи рушди ноҳия.

Барнома дар доираи «Барномаи рушди иқтисодии деҳот», ки аз ҷониби бо БРСММ, Агентии ҳамкории байналмиллалии Олмон ва Департаменти БританияиКабир оид ба рушди байналмиллалӣ маблағгузорӣ карда мешавад, таҳия шудааст.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ