Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Таърихи ноҳия

E-mail Чоп PDF

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Суғд мебошад. Ноҳия аз ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷанубу ғарб бо ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз шимолу ғарб бо ноҳияи Бекободи Ҷумҳурии +збекистон, аз шимолу шарқ бо ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ашт ҳамсарҳад мебошад. Бо баробари азимтарин воҳиди маъмурию ҳудудии вилояту ҷумҳурӣ будан, ноҳия сарзаминест, ки ба тараққиёти ҳаматарафаи мамлакат, таҳавулоти сиёсию иҷтимоии он, ба маънии томи сухан, ба давлати соҳибистиқлол табдил ёфтани Тоҷикистон саҳми калон дорад.Ҷоизи қайд аст, ки барпо шудани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ маҳз дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қасри бошукӯҳи «Арбоб»-и хоҷагии номдори ба номи Саидхоҷа +рунхоҷаев далолати сарзамини сулҳофар будани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст ва дар ҳама гуна тағироти куллию ҷузъии мамлакат саҳми меҳнаткашони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба назар намоён аст. Вақте ки дар бораи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сухан меронанд, дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат ба ду сабаб бо эҳтироми махсус номи онро ба забон мегиранд: аввалан аз он боис, ки мардуми деҳоти собиқ ноҳияи Хуҷанд дар шарофат ва ҳиммат беҳамтост, зеро қадимтарин ва калонтарин деҳаҳои обод ватани аҳли меҳнатие буданд, ки пайваста дар тамаддуни халқи тоҷик саҳми калон доштанд. Дуюм, ба он сабаб, ки ин диёр зодгоҳи алломаи замон Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ҳар тоҷики бедордил дар худшиносӣ сипосгузор ва миннатдори ин абармарди миллат аст. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои хоҷагии халқи вилояти Суғд чун маҳаку мизон хизмат мекунад. Азбаски ноҳия тамоми соҳаҳои хоҷагиро дорост, ҳар сол комёбию камбудиҳои фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоятро бо пешрафти саноату сохтмон, хоҷагии қишлоқу соҳаҳои дигари он, муайян кардан мумкин аст. Агар ноҳия ба комёби ноил гардад, вилоят ҳам пешрав мешавад. Яъне аз зумраи муҳимтарин ноҳияҳои кишвар будани он равшан ба назар мерасад. Бояд таъкид кард, ки ду дарвозаи калони вилотяу мамлакат истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳи ҳавоӣ дар ҳудуди ноҳия ҷой гирифтаанд. Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар майдони назди истгоҳи роҳи оҳан пайкараи фарзанди фарзонаи миллат Академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихору ғуруру миллии халқ қомат афрохт.   Танҳо ном гирифтани аллома Бобоҷон Ғафуров, сиёсатмадорони тавоно Турсунбой Ӯлҷабоев, Раҳмон Набиев, Рифъат Ҳоҷиев, Раҳбар Қосимов, деҳқонони забардаст Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Пӯлод Бобокалонов, Орифбой Неъматов, Дадобой Холматов, адибон Тоҷӣ Усмон, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Аскар Ҳаким, Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Раҳимбой Раҳматов, Фатҳулло Аҳмадов, ҳунармандону санъатварони номии диёр басанда аст, ки дараҷаи саҳми ноҳияро дар рушду камоли илму фарҳанг, иқтисодиёту сиёсат ва нерӯи ҳамаҷонибаи мамлакат дарк намоем.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз106
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2299
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37112
mod_vvisit_counterҲамагӣ946394

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ