Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Сен05

Ҷамъомади кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир ба дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатӣ

E-mail Чоп PDF

Бо ташаббуси МИҲД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар беморхонаи марказии ноҳия ҷамъомад доир гардид, ки дар он иштирокчиён доир ба пешрафти давлат ва рушди соҳаи тандурустӣ дар 25-соли Истиқлолияти давлатии ҶТ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷамъомад намояндагони МИҲД-и ноҳия, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд , роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, олимону таърихшиносон зимни  маърӯзаҳои хеш аз аҳамияти Истиқлолият дар пешрафти давлат ва нақши он дар ҷомеа сухан карда қайд намуданд, ки дар як давраи кӯтоҳ баъди соҳибистиқлолии мамлакат новобаста аз душвориҳо Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, Тоҷикистонро ба як давлати пешрафта табдил диҳад.

Муфассал...
 
Авг29

Мавриди истифода қарор додани маҷмаи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Аз руи лоиҳа саҳни бинои бахши фарҳангӣ ноҳия, ки масоҳати як гектарро ташкил медиҳад, азнавсозӣ карда шуда, дар ин ҷо бо ороиши хоса, чароғонкунии мавзеъ ду фаввораи нав ва гулгашти зебо бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ  дар ин иншоотро 30 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷалби 6 техникаи корӣ бо дастгирии МИҲД-и вилояти Суғд ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров анҷом доданд.

Дар расми мавриди истифода қарор додани маҷмаи тозабунёд муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ аҳли фарҳангу зиё таъкид доштанд, ки бо дастгирию таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг дар ноҳия сол аз сол ба пешрафтҳо ноил мешавад.

Муфассал...
 
Авг29

Оғози ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Аз миёни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд аввалин шуда, аъзои Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷамъоварии пахта-ин зироати муҳими техникӣ оғоз намуданд.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхӯча Ӯрунхӯҷаев соли ҷорӣ дар масоҳати 1041-гектар кишти пахта ба рох монда шудааст. Дар бригадаи иҷоравии рақами 38-и ҷамъият 60 нафар чинакчиён ҷалб гардидаанд ва ҳосилнокӣ мувофиқи пешбинӣ, аз як гектар 30 то 40 сентнериро нишон медиҳад.

Муфассал...
 
Сахифаи 8 аз 69

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз165
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2358
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37171
mod_vvisit_counterҲамагӣ946453

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ