Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Авг18

Семинар дар мавзӯи «Маданияти муносибат бо аъзоёни оила»

E-mail Чоп PDF

Семинар дар мавзӯи «Маданияти муносибат бо аъзоёни оила»Имрӯз бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари маърифатӣ-иттилоотӣ дар мавзӯи «Маданияти муносибат бо аъзоёни оила» баргузор гардид.

Дар семинар устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, равоншинос Азизахон Мансурова ва шахсони масъул аз бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия бо 25 нафар ҷавонзанони ҷамоати Ҳайдар Усмонов оид ба одоби муошират, муносибат бо аъзоёни оила гуфтушунид доир намуданд.

Муфассал...
 
Авг18

Муроҷиати шаҳрвандон ба А. Манонзода

E-mail Чоп PDF

Муроҷиати шаҳрвандон ба А. МанонзодаМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» тадбирҳои назарррасро амалӣ менамояд.

16 августи соли ҷорӣ, Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия Абдусамад Манонзода баргузор гардид, ки дар он 26 нафар сокинон муроҷиат намуданд.

Ба А. Манонзода сокинони ноҳия асосан доир ба тақсимоти қитъаи замин ва баҳси он, таъмири бинои истиқоматӣ, ҷанҷолҳои оилавӣ, кӯмаки моддӣ муроҷиат намуданд.

Муфассал...
 
Авг15

Тақдими наздик ба 1000 нусха китоб ба китобхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Тақдими наздик ба 1000 нусха китоб ба китобхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров14 августи соли ҷорӣ тибқи Барномаи «Рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» «Корвони китоб» барои боз ҳам ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард.

Дар китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхуҷа Асирӣ маросими супоридани 12 ҳазору 496 адад китобу формуляр, ки ба маблағи 48 - ҳазор сомонӣ харидорӣ шудаанд, баргузор гардид.

Муфассал...
 
Авг13

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила»

E-mail Чоп PDF

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила»Имрӯз бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввари иттилоотӣ дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.

Дар мизи мудаавар Директори лигаи занҳои ҳақуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Шарипова, номояндаи лигаи мазкур дар вилояти Суғд Хуршеда Мӯҳсинзода ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нигина Ҷӯраева бо 20 нафар раисони Шӯърои занони ҷамоатҳо гуфтушунид доир намуданд.

Муфассал...
 
Сахифаи 60 аз 67

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1094
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6813
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36756
mod_vvisit_counterҲамагӣ1233998

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ