Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Сен14

Истиқлолият - рамзи пойдории давлат

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

9 сентябри соли 2017 дар Варзишгоҳи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, ҳокими ноҳияи Лайлаки ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои ноҳиявӣ, намояндагони муассисаҳои мухталифи иҷтимоӣ, ҷавонону наврасон ва фаъолони ҷомеа иштирок доштанд.

Чорабинии мутантан бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ тантанаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷашни муқаддаси миллиро ба кулли мардуми ноҳия табрику муборакбод намуда, таъкид дошт, ки бисту шаш сол муқаддам миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин дастоварди мардуми кишвар буда, барои ҳар фарди ватандӯсту бедордил ҷашни муқаддас ва боиси ифтихори бузург аст.

Муфассал...
 
Сен09

Усули босалоҳият дар таълим- тақозои замон

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30 июни соли 2014, таҳти №291 ислоҳот дар соҳаи маориф давра ба давра идома ёфта истодааст.Ҷиҳати татбиқи он дар шeъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Fафуров низ тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегардад, ки барои пешравии соҳа мусоидат мекунад.

Мувофиқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомeзии кормандони маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров курсҳои махсус ташкил карда шуданд. Ба машғулиятҳо роҳбарони иттиҳодияҳои методии омeзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, математика ва технологияи меҳнат, инчунин омeзгорони пуртаҷриба ҷалб гардиданд. Ба курсҳои махсус дар марҳилаи аввал 61 нафар омeзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, 74 нафар омeзгорони математика, 61 нафар омeзгорони технологияи меҳнат фаро гирифта шуданд. Бо шунавандагон оиди муносибати салоҳиятнокӣ баҳри таълими фанҳои номбурда дар доираи 48 соат дарс гузаронида шуд, ки он аз санаи 20 то 27 июли соли ҷорӣ давом кард.

Муфассал...
 
Сен13

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Субҳи рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оваданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо самимияти хосса ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи давлату миллат истиқбол гирифтанд.

Муфассал...
 
Сен13

Медали тиллои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017»

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши  “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба  гузориши сомонаи  “Tengrinews.kz”, дар намоишгоҳи «ЭКСПО – 2017» Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи намоишгоҳ, балки барои  таассуроти неки боздидкунандагон низ мавриди ситоиш қарор гирифт.

Муфассал...
 
Сахифаи 83 аз 142

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2156
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17498
mod_vvisit_counterҲамин моҳ49205
mod_vvisit_counterҲамагӣ2194877

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ