Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Мар23

Мусобиқаи гӯштингирӣ дар рӯҳияи Наврӯзӣ доир гардид

E-mail Чоп PDF

Дирӯз дар Амфитеатри қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Наврӯзи байналмилал мусобиқаи гӯштигирӣ  байни ҷавонону наврасони аз 8 то 15 сола баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия  барои дарёфти ҷавонони боистеъдод  гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи мазкур бештар аз 20 нафар гӯштигирони ҷавон ширкат варзиданд ва  барои соҳиб шудани ҷойи аввал вориди майдон гашта, қувваозмоӣ намуданд.

Муфассал...
 
Мар22

Тантанаҳои наврӯзӣ ба кӯдакону навхонадорон шодиву сурур бахшид

E-mail Чоп PDF

Фарорасии фасли нозанини баҳор ва Наврӯзи оламафрӯзро  ҳама хурду калон бо майли том интизор мешаванд. Зеро ҷашни аҷдодӣ моро водор менамояд, ки хайру эҳсонкориро пешаи худ намуда, дили дардмандеро шод намоем. Сад аҳсант ба нафароне, ки дар чунин рӯзҳои интизорӣ хайру эҳсонро пешаи худ медонанд.

Тӯйхонаи навтаъсис, ки «Зафар» унвон гирифтааст фаъолияти худро аз хайру эҳсон оғоз намуда, дар аввалин рӯзи фаъолият барои 14 нафар кӯдакон, ки тӯйи хатнасурӣ доштанд ва ба ду ҷуфт навҷавонон, ки тӯйи арӯсиву домодӣ доштанд, ройгон хизмат намуд.

Муфассал...
 
Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/navidho/hammom.JPG) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658
Мар22

Кушодашавии Ҳаммом дар ш. Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Сокинони Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи аз набудани ҳаммоми замонавӣ дар минтақаи зиндагониашон то ин дам танқисӣ мекашиданд. Аксари мардуми ин ҷамоат барои оббозӣ кардан аз ҳаммомҳои шаҳри Бӯстон (Чкаловск) ва шаҳри Хуҷанд истифода мебурданд, ки барои онҳо масофаи байни шаҳраки Ғафуров ва он ду шаҳри зикргардида муаммоҳое пеш меовард.

Бо дарназардошти танқисии мардуми шаҳрак ба ҳаммоми замонавӣ аз ҷониби ҶДММ «Колонаи механикунонидашудаи махсус (КММ)- и № 44», ки онро соҳибкори маҳаллӣ Баротов Нарзулло роҳбарӣ мекунад, ҳаммоми замонивӣ, ки бо сифати баланд рӯи кор омадааст, ба истифода дода шуд.

Муфассал...
 
Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/navidho/navruz-bg1.JPG) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658
Мар21

Таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Иди Наврӯз ҷашни баҳориву баробаршавии шабу рӯз, вақти кишту кор, мавсими рӯидани гулҳои рангоранг, ки аз сабзу хуррамӣ мужда меорад.

Бо ташаббус ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иди аҷдодии тоҷикон Наврӯзи оламафрӯз ҷаҳонӣ гашта 6 сол ин ҷониб дар саросари олам бо шукӯҳи шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Муфассал...
 
Сахифаи 89 аз 116

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4235
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта13094
mod_vvisit_counterҲамин моҳ63131
mod_vvisit_counterҲамагӣ1891778

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ