Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Мар29

Ифтитоҳи бинои Шӯбаи муҳофизаи Вазорати корҳои дохилӣ дар маркази ноҳия

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рӯзҳои пурфайзи наврӯзӣ, санаи 25 марти соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бинои Шӯъбаи хадамоти давлатии муҳофизаи Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифодабардорӣ қарор дода шуд.

Дар чорабинии мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шариф Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд. Меҳмонони расмии чорабиниро сардори шӯъбаи ноҳиявии мазкур полковник Ҳомид Назаров истиқбол гирифта, оид ба омодагии ҳайати шахсӣ барои мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намуд.

Муфассал...
 
Мар24

Наврӯз барои дӯстиву рафоқати Тоҷику қирғиз мусоидат кард

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Бо ташаббус ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иди аҷдодии тоҷикон Наврӯзи оламафрӯз ҷаҳонӣ гашта 6 сол ин ҷониб дар саросари олам бо шукӯҳи шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Санаи 22 марти соли равон дар варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фестивали Наврӯзии ҷавонони Тоҷикистони Қирғизистон таҳти унвони «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» баргузор гардид.

Муфассал...
 
Мар23

Мусобиқаи гӯштингирӣ дар рӯҳияи Наврӯзӣ доир гардид

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Дирӯз дар Амфитеатри қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Наврӯзи байналмилал мусобиқаи гӯштигирӣ  байни ҷавонону наврасони аз 8 то 15 сола баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия  барои дарёфти ҷавонони боистеъдод  гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи мазкур бештар аз 20 нафар гӯштигирони ҷавон ширкат варзиданд ва  барои соҳиб шудани ҷойи аввал вориди майдон гашта, қувваозмоӣ намуданд.

Муфассал...
 
Мар22

Тантанаҳои наврӯзӣ ба кӯдакону навхонадорон шодиву сурур бахшид

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Фарорасии фасли нозанини баҳор ва Наврӯзи оламафрӯзро  ҳама хурду калон бо майли том интизор мешаванд. Зеро ҷашни аҷдодӣ моро водор менамояд, ки хайру эҳсонкориро пешаи худ намуда, дили дардмандеро шод намоем. Сад аҳсант ба нафароне, ки дар чунин рӯзҳои интизорӣ хайру эҳсонро пешаи худ медонанд.

Тӯйхонаи навтаъсис, ки «Зафар» унвон гирифтааст фаъолияти худро аз хайру эҳсон оғоз намуда, дар аввалин рӯзи фаъолият барои 14 нафар кӯдакон, ки тӯйи хатнасурӣ доштанд ва ба ду ҷуфт навҷавонон, ки тӯйи арӯсиву домодӣ доштанд, ройгон хизмат намуд.

Муфассал...
 
Сахифаи 104 аз 131

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз313
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта15380
mod_vvisit_counterҲамин моҳ54811
mod_vvisit_counterҲамагӣ2110620

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ