Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/navidho/mchs.jpg) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658
Май26

Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар н.Б.Ғафуров- санҷишӣ омодагӣ дар ҳолати офати табии

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ доир ба хатари офати табии-сели эҳтимоли баргузор гардид. Ин чорабинии омодагӣ ба бартараф кардани чунин ҳодисаҳо бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷалби роҳбарону мутахассисони ҳамаи идораву ташкилоти давлатӣ, раисони ҷамоати деҳот дар ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъача гузаронида шуд.

Дар ноҳия чор мавзеи хатари офати табии мавҷуд аст, ки яке аз он сойи Хоҷабоқирғон мебошад. Чорабини маҳз дар ин мавзеъ баргузор карда шуд. Омадани сели эҳтимолӣ дар сой ва хавфи расонидани зарар ба оилаҳо бо бонги хатар ҳамаи сохторҳои марбута-иборат аз ёрии таъҷилӣ, хадамоти барқу алоқа, ҳолатҳои фавқулода, хадамоти оташнишонӣ ва дигар намояндагони дахлдор ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ба шаҳрвандон ёрии аввалин расонида, тариқи нақлиёт ба ҷойи бехавф интиқол доданд.

Муфассал...
 
Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/navidho/pilla.jpg) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658
Май26

Дар н.Б.Ғафуров 70 тонна бештар пилла истеҳсол мегардад

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2016-ум аз ҷониби хоҷагиҳою аҳолӣ 92 тонна пилла истеҳсол шудааст. Имсол дар асоси барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он» пиллапарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо гирифтани 3240 қуттии кирмак азм доранд, ки имсол ин шумораро ба 162 тонна расонанд, ки нисбати соли гузашта 70 тонна зиёд мебошад.

Дар ҳудуди ноҳия 11 хочагихои калонтарин ва 3 хазор нафар пиллапарварони таҷрибадор аз давраи зинда кардан дар худи хоҷагиҳо ва ҷойҳои махсуси назди манзилҳои истиқоматӣ корҳоро ба роҳ мондаанд.

Муфассал...
 
Май26

Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи ҷавонон дар н.Б.Ғафуров

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Дар амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо баргузории барномаи пурмӯҳтавои фарҳангӣ ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабинӣ аз 12 ҷамоати деҳоти ноҳия то 10 ҳазор нафар ҷавонон, намояндагони касбу кори гуногун бо парафшонии парчами миллӣ, шиорҳои ҳидояткунанда ба рушду пешрафти кишвар иштирок намуда, пуштибонии худро аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати Тоҷикистон иброз доштанд.

Муфассал...
 
Май26

1800 гектар зиёд шудани кишти пахта дар хоҷагиҳои н.Б.Ғафуров

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби ҳосили соли 2016 950 тонна тухмии пахта тайёр коркард ва дар заминҳо кишт карда шудаанд. Ҳол он ки талаботи хоҷагиҳои ноҳия 750 тонна тухмиро ташкил медиҳанд.  Захираи зиёди тухмӣ дар ҳолати номусоид шудани обу ҳаво барои кишти дубораи пунбадона пешбинӣ шуда буданд.

Бино ба иттилои масъулони Раёсати кишоварзии ноҳия дар давраи кишти пахта ҳарруз аз 105-110 тракторҳои кишткунанда истифода шудаанд, ки иқтидори кори онҳо дар як рӯз 600-700 гектарро ташкил дод. Ин боис шуд, ки кишти пунбадона дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия то аввали моҳи май анҷом ёфтаанд.

Муфассал...
 
Сахифаи 113 аз 167

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз645
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4899
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37432
mod_vvisit_counterҲамагӣ2256566

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ