Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/karorho/00002.jpg) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658
Фев01

Зариф Назирӣ аз ҷамоати деҳоти Ёва дидан кард

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

  Рӯзи чоршанбе, 31 январ, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ аз корхонаи хурди саноатии ҶДММ «ПРОФИ», ки дар ҷамоати деҳоти Ёва ба истеҳсоли либоси варзишӣ барои каратечиён машғул аст, дидан кард. Ин дидор дар доираи баргузории қабули шаҳрвандон ва мулоқоти Раиси ноҳия бо фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти Ёва баргузор шуд.

ҶДММ “ПРОФИ” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  Дадобоев Хуршед ташкил карда шудааст ва асосан ба твалиди либоси варзишӣ машғул аст. Коргоҳи истеҳсолии он аз ошёна ибора буда, дар ошёнаи якум сехи ресандагӣ ва дар ошёнаи дуюм сехи дӯзандагӣ фаъолият мекунанд. Дар ин ҷо беш аз 40 нафар занону духтарон бо ҷои кори таъмин шудаанд. Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як шабонарӯз истеҳсоли 100 дона либоси варзиширо ташкил медиҳад ва ин маҳсулоти ба Федератсияи Руссия содирот мешавад. Раиси ноҳия ба кормандон ва роҳбарияти корхона муваффақиятҳо орзу намуд.

Муфассал...
 
Фев01

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

1.         Шӯбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров : - Сармутахассис (1 воҳиди корӣ); -мутахассис (1 воҳиди корӣ);

2.         Бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров : -мутахассиси пешбар (1 воҳиди корӣ);

3.         Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров : - мутахассиси пешбар (1 воҳиди корӣ);

4.         Ҷамоати шаҳраки Ғафуров: - сармутахассис -муҳандис (заминсоз)  (1 воҳиди корӣ);

5.         Ҷамоати деҳоти Исмоил Ҳамзаалиев: - сармутахассис муҳандис (заминсоз) (1 воҳиди корӣ); -мутахассис оид ба масъалаҳои андоз (1 воҳиди корӣ);

Муфассал...
 
Фев01

Таҷлили иди Сада дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

     Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз аз иди Сада, ки бо ташаббуси пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардидааст, ботантана таҷлил карданд.

  Ба муносибати иди фархундаи Сада, ки дар қатори Наврӯз ва Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои таърихӣ ва хуҷастаи миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона ва намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноать, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.

Муфассал...
 
Фев01

Нишасти матбуотии Зариф Назирӣ бо намояндагони ВАО

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

 Имрӯз, 30 январ, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нишасти матбуотии Раиси ноҳия Зариф Назирӣ бо намояндагони ВАО баргузор гардид.

Дар ин нишаст беш аз 40 нафар рӯзноманигорони маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла хабарнигорони нашрияҳои бонуфузи “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Тоҷикистон”, шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, СуғдТВ, хабаргузориҳои АМИТ “Ховар”, “Азия Плюс”, “Суғднюс”, “Озодагон” ва ғайра иштирок намуданд.

Муфассал...
 
Сахифаи 115 аз 185

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз735
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3637
mod_vvisit_counterҲамин моҳ26836
mod_vvisit_counterҲамагӣ2324518

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ