Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Авг12

Иштирокдорони Рӯзҳои муштараки фарҳангӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Иштирокдорони Рӯзҳои муштараки фарҳангӣ дар ноҳияи Бобоҷон ҒафуровБахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои муштараки фарҳангии ҷавонони вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо…» идома дорад.

Субҳи имрӯз, 12 август сафари ҷавонони вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон -  Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт.

Муфассал...
 
Авг12

Навсозии 220 километр роҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Навсозии 220 километр роҳ дар ноҳияи Бобоҷон ҒафуровДар шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» корҳои назаррасе ба анҷом расидаанд.

Мутобиқи барномаи қабулшуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бояд 180 километр роҳ таъмиру тармим шавад, ки аз ин ҳисоб 20, 2 километр мумфарш, 100, 8 километр таъмири ҷорӣ ва 59, 0 километр роҳ шағалпӯш хоҳад шуд.

Тавре ки Олим Азимов мудири Бахши нақлиёт, алоқа ва камуникатсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, то ин лаҳзаҳо 14,8 километр роҳ мумфарш, 131, 2 километр таъмири ҷорӣ, 73, 6 километр шағалпӯш карда шудааст, ки дар маҷмӯъ 219, 6 километрро ташкил медиҳад.

Муфассал...
 
Авг11

26 нафар ба А. Манонзода муроҷиат намуданд

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

26 нафар ба А. Манонзода муроҷиат намудандМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» тадбирҳои назарррасро амалӣ менамояд.

9 августи соли ҷорӣ, Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия Абдусамад Манонзода баргузор гардид, ки дар он 26 нафар сокинон муроҷиат намуданд.

Мазмун ва мӯҳтавои муроҷиаткунандагон ба А. Манонзода асосан доир ба тақсимоти қитъаи замин ва баҳси он, таъмири бинои истиқоматӣ, ҷанҷолҳои оилавӣ иборат буд.

Муфассал...
 
Авг09

Мулоқоти А.Манонзода бо сохтмончиён

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Мулоқоти А.Манонзода бо сохтмончиён8-уми августи соли ҷорӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусамад Манонзода дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи кормандони сохтмон бо сохтмончиён ва роҳбарони муассисаҳои сохтмонии ноҳия мулоқот баргузор намуд.

Абдусамад Манонзода зимни суханронӣ қайд кард, ки солҳои охир дар ноҳия корхонаҳои сохтмонии «Колонаи мутаҳррикии махсусгардонидашудаи 44», «Арихикат», «Иморат», «Тиниал», «Муассисаи сайёри сохтмонии №2», Корхонаи фаврӣ-давлатии «Дастаи сайёри механикунонидашудаи №41» нисбат ба дигар муассисаҳои сохтмонӣ фаълоияти бештар зоҳир намуда, дар ҷодаи ободониву бунёдкории қаламрави ноҳия ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

Муфассал...
 
Сахифаи 117 аз 123

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз126
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта18586
mod_vvisit_counterҲамин моҳ48936
mod_vvisit_counterҲамагӣ2003425

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ