Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Авг09

Мулоқоти А.Манонзода бо сохтмончиён

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Мулоқоти А.Манонзода бо сохтмончиён8-уми августи соли ҷорӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусамад Манонзода дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи кормандони сохтмон бо сохтмончиён ва роҳбарони муассисаҳои сохтмонии ноҳия мулоқот баргузор намуд.

Абдусамад Манонзода зимни суханронӣ қайд кард, ки солҳои охир дар ноҳия корхонаҳои сохтмонии «Колонаи мутаҳррикии махсусгардонидашудаи 44», «Арихикат», «Иморат», «Тиниал», «Муассисаи сайёри сохтмонии №2», Корхонаи фаврӣ-давлатии «Дастаи сайёри механикунонидашудаи №41» нисбат ба дигар муассисаҳои сохтмонӣ фаълоияти бештар зоҳир намуда, дар ҷодаи ободониву бунёдкории қаламрави ноҳия ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

Муфассал...
 
Авг09

159 ҳазор сомонӣ барои таъмири беморхона

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

159 ҳазор сомонӣ барои таъмири беморхонаБеморхонаи ноҳиявии №1 – уми ҷамоати Хистеварз яке аз муассисаҳои калонтарини тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёбад.

Дар 8 шӯъбаи ин беморхона барои табобати беморон шароити лозима мавҷуд буда, ин шӯъбаҳо марҳила ба марҳила ба таъмир фаро гирифта мешвад.

Айни ҳол дар доираи барномаи рушди ҷамоат шӯъбаи бемориҳои сироятӣ аз таъмири куллӣ бароварда мешавад. барои анҷоми корҳои азнавсозии ин шӯъба аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ 159 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Муфассал...
 
Авг08

Бобоҷон Ғафуров: Варзишгарон 822 медал ба даст оварданд

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Бобоҷон Ғафуров: Варзишгарон 822 медал ба даст овардандИмрӯз роҳбарияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни баргузории як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон бо намояндагони соҳаи варзиш мулоқот намуд.

Дар мулоқот раиси ноҳия А. Манонзода варзишгаронро табрик намуда, варзишро омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, воситаи ба ҳамдигар наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра арзёбӣ кард.

Муфассал...
 
Авг08

Мулоқот бо сокинон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Мулоқот бо сокинон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣДирӯз дар ҷамоатҳои Ҳайдар Усмон ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ ва мулоқоти Дилшод Зарипов, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо аҳолӣ баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур перомуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди каррупсия» доир гардида, дар он оид ба пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ибрози назар карда шуд.

Муфассал...
 
Сахифаи 136 аз 141

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Сомонаҳои расмӣ

Кормандони мақомот

Ноҳия дар расмҳо

Ташрифоварандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1070
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10783
mod_vvisit_counterҲамин моҳ42490
mod_vvisit_counterҲамагӣ2188162

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Дохилшавӣ ба қисми маъмурӣ

Ҷустуҷӯ