Print

Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки васеи журналистон баргузор гардид

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки васеи журналистон баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, аз нақш ва мақоми матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир сухан намуда, Паёми табрикотии Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзодаро ба ин санаи таърихӣ расонид. Таъкид гардид, ки имрӯз матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон, интихоби дурусти мавзӯъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Дар росто кормандони воситаҳои ахбори омма чун тарғибгарони ҳаёти созандаи ҷомеа дар тарбияи маънавии мардуми кишвар, ҳидоят ба меҳнати созандаву бунёдкорона масъулияти бузург доранд. Зеро рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа аз фаъолияти журналистон вобастагии калон дорад.

Дар ин рӯз 40 нафар журналистоне, ки зода ва дастпарвари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар воситаҳои ахбори оммаи вилоят фаъолияти пурсамар доранд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар ин рӯз, бахшида ба 50 – солагии фаъолияти эҷодии ду нафар собиқадорони соҳаи журналистика, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Мазбут Воҳидов ва Аълочии матбуот, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ва Аминҷон Шукуҳӣ Розиқҷон Муталлибов маҳфили хотирмон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Аҳмадҷон Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Карим Шариф, муовини раиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Абдуҳаким Шарипов, ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ, Аминҷон Шарифзода, муовини КИҲХДТ дар вилояти Суғд баромад намуда, аҳли эҷод ва соҳибҷашнҳоро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуданд.