Print

Б.ҒАФУРОВ: Хониши сиёсӣ ва мусобиқаи футбол дар ҷамоати деҳоти Хистеварз

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ, дарёфт ва интихоб намудани варзишгарони болаёқат ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ, дар майдони варзишии ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия мусобиқаи деҳавӣ оид ба футбол байни дастаи Марказ ва дастаи Ҳавзаки боло ташкил ва баргузор карда шуд.

Бояд тазаккур дод, баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.