Print

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои пойга ва бузкашӣ доир гардид

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои пойга ва бузкашӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд иштирокчиёни ин бозии машҳури миллиро бо Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, таъкид сохт, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи  пайванди  наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шуда, таҳти сиёсати  оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболу тантанаи Наврӯз бо рангу ҷилои нав мақоми байналмилалӣ гирифт. Ҳоло ин ҷашни бостониву зеборо мардумони бисёр кишварҳои сайёра ҳамчун рамзи бедории табиат, нишонаи ваҳдати инсон ва кайҳон, инчунин пайки таҳаммулгароиву дӯстӣ ва равобити неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё таҷлил менамоянд.

Дар идома аз бозиҳои миллии наврӯзӣ сухан намуда, бозии маъмули пойга ва бузкаширо яке аз бозиҳои қадима ва дӯстдоштаи мардум дар Иди Наврӯз арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки имрӯз низ дӯстдорони ин намуди бозӣ зиёд буда, бо завқи баланд ва маҳорати том ҳамасола он дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда мешавад.

Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ бо супоридани туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот ба ғолибон аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хубу хотирмон анҷом пазируфт.