Print

Бозингарони ноҳия мақоми аввалро соҳиб шуданд

Дар мусобиқаи кушоди ноҳияи Спитамен варзишгарони Муассисаи давлатии мактаби варзишии№2 аз рӯи намуди баскетбол бо роҳбарии З.Тоҳиров иштирок намуда, сазовори мақоми аввал гардиданд.

Дар мусобиқаи мазкур 6 даста аз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен, шаҳрҳои  Хуҷанду Истаравшани вилояти Суғд бо ҳам сабқат намуданд. Дар бозӣ бозингарони ноҳия ҷойи якум ва бозингарони ноҳияҳои Спитамену шаҳри Хуҷанд мақоми дуюму сеюмро соҳиб шуданд.