Боздид аз дибонгоҳи сарҳадӣ

Чоп
There are no translations available.

Дирӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ба қисми низомии 2042-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ташриф овард.

Зимни боздид аз ҳудуди қисми низомӣ аён гардид, ки дар дидбонгоҳи сарҳадӣ барои гузарондани машғулиятҳои ҳамарӯзаи ҳарбӣ синфхонаҳои муҷаҳҳаз омода шудаанд, ки ба талаботи муосири хизмати ҳарбӣ мутобиқ мебошад. Хобгоҳи сарбозон дорои шароити хуби будубош буда, дар ошхона барои омода кардани хӯрокҳои серғизо талаботи санитарӣ риоя карда мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия ҷиҳати густариши фаъолияти ташкилоту муассисаҳои сарпараст вобаста ба таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо маводҳои хӯрока, кашидани хатти барқи озод ба дидбонгоҳи мазкур, ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба афсарон, бо китобҳои тозанашр таъмин намудани китобхонаи қисми ҳарбӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ барои фароғати сарбозону афсарон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.