Print

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пунбадона оғоз гардид

Дар минтақаи Замини нав, Унҷӣ, Дадоҷон Набиеви заминҳои кишоварзии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, ҳамроҳи масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия, собиқадорону пирони чашмикордон ба кишти пунбадона ҳусни оғоз бахшид.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорону кишоварзони ноҳия таъкид дошт, ки масъулони соҳа ба истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Махсусан дар кишти тухмиҳои хушсифат ва ҳосилдеҳи пунбадона таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, барои аз як гектар то 30 – 40 сентнер рӯёнидани ҳосили пахта аз имрӯз кӯшиш намоянд.

Раиси ҶСШК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Азамат Қодиров иттилоъ дод, ки дар хоҷагии номбурда 2700 гектар заминҳои корам мавҷуд буда, аз он 1700 гектарашро заминҳои пахтакор ташкил медиҳад. – Аҳли меҳнати хоҷагӣ кӯшиш доранд, тухмиҳои хуби маҳаллӣ ва хориҷӣ чун «Хуҷанд - 67», «Неъмат», «Дӯстӣ», «Флеш» -ро, ки талаботи бозори иқтисодӣ мебошад, кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Бинобар ин, аз имрӯз шуруъ намуда, азм дорем, обрасонии саривақтӣ ва коркарди агротехникиро хубу босифат ба иҷро расонем, - илова намуд, Азамат Қодиров.

Дар назар аст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли равон ба зиёда аз 8000 гектар заминҳои кишоварзӣ кишти пунбадона гузаронида мешавад.