Print

Аёдати солинавӣ

 Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мавриди таваҷҷӯҳи доимӣ қарор додани зисту зиндагонии собиқадорони ҷангу меҳнат ва ба муносибати фарорасии иди Соли нав иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Юлдошев Абдуҳамид, Ҳобилов Аҳмадҷон ва Умурзоқов Эшбой аз ҷониби Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек аёдат карда шуданд.

Аёдатшудагон зимни суҳбати гарму самимӣ бо Раиси ноҳия бо шукргузорӣ аз замони осоиштаву обод барои чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат миннатдории худро изҳор намуданд.