Print

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

       Дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Алихонзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия маросими муаррифии мудири навтаъини шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.   Ҳамин тариқ, дар мувофиқа бо раиси ноҳия, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода   аз 17.08.2022 №1229 Ғаффорзода Нигора Маъруф ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин карда шуд.

 

        Бояд қайд намуд, ки Нигора Ғаффорзода 27-уми майи соли 1980 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 2009 филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 2021 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2008 ба ҳайси омӯзгори фанни математика ва технологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-умии шаҳри Бӯстон оғоз кардааст. Сипас, солҳои 2010 - 2011 дар вазифаҳои мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,. солҳои 2017–2021 мудири муассисаи таълимии томактабии №15 ва мудири муассисаи таълимии томактабии №4-уми  шаҳри Бӯстон кор карда, аз моҳи ноябри соли 2021 то инҷониб директори Муассисаи давлатии «Мактаб интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстонро ба ӯҳда дошт.

       Ҳамзамон намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Алихонзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода дар бораи вазифаҳои наздиктарини кормандони соҳаи маорифи ноҳия ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами мил лат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои давлатии соҳа ҳарф заданд.

 Дилбар Бобоева - собиқадори соҳаи маориф, ки то моҳи июли соли равон дар  мвазифаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳия  фаъолияти пурсамар дошт, бо камоли ифтихору хушнудӣ аз меҳнати пурмаҳсули маорифчиёни ноҳия ҳарф зада, ҳар як муваффақияту комгориро маҳсули меҳнати якҷоя ва самараи муттаҳидӣ донист ва изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ ҳайати бисёрнафараи маорифчиёни ноҳия дар ҳамбастагӣ бо роҳбарии шӯъбаи маорифи ноҳия  ба дастовардҳои баланди соҳавӣ ноил гардида, шарафи ноҳияро дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд. Дар ин замина дар татбиқу амалгардонии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии рӯзафзуни раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тамоми кӯшишу тавон ва маҳорату истеъдоди худро равона месозанд.

       Дар интиҳо хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маорифи кишвар ва фаъолияти пурсамари меҳнатӣ собиқадори соҳаи маориф Дилбар Бобоева аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадр карда шуд. Инчунин Нигора Ғаффорзода, мудири навтаъини шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри боварӣ ба ин маснади масъулиятнок изҳори сипосмандӣ карда, таъкид сохт, ки баҳри пешрафти соҳа тамоми донишу маҳорати худро масраф хоҳад кард.

 

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров