Print

Иқдоми шоистаи ҷавонон

Ҷавонону варзишгарони вилоят барои кӯмак ба сокинони манзилҳои аз ҳодисаи марзӣ харобгаштаи мардуми шаҳру ноҳияҳои Исфара ва Б.Ғафуров сафарбар шуданд.

 

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва дастгирии Раиси вилояти Суғд маҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеҳои зикршуда ва ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ин ҳодиса ба сокинон дасти мадад дароз карданд.

Ҳамзамон дар рафти ин иқдом туҳфаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 50 адад гармидиҳанда ба сокинони осебдида расонида шуд.

Инчунин гуруҳи ҷавонону варзишгарон дар ин минтақаҳо ба аёдати мардуми маҳал рафта ба онҳо ёрмандӣ карданд.

Аз ин иқдоми ҷавонону варзишгарони вилоят сокинон хеле миннатдор гардида ба онҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таваҷҷуҳ ва ғамхори изҳори сипос намуданд.

Минбад низ ин тадбири нек аз ҷониби ҷавонону варзишгарони вилоят идома хоҳад ёфт.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров