Print

ТАВАҶҶУҲ: ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Fафуров барои ба иҷора додани биною ҳуҷраҳои бекорхобидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, озмун эълон менамояд. Озмун санаи 28-уми октябри соли 2022, соати 10:00 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Fафуров, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Fафуров, кӯчаи А.Нозиров, 14 баргузор мегардад. Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун як соат пеш аз оғози он ба итмом мерасад.

  Номгўи иншоотҳои ба иҷора додашаванда:

1.Назди бинои идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия як қисми минтақаи муҳофизати заҳбур ба масоҳати умумии 60 м2 бо арзиши нархи ибтидои барои 1м2 -1.37 сомонӣ.

2.Қисми бинои МТМУ №34-и ҷамоати деҳоти Хистеварз ба масоҳати умумии 25 м2 бо арзиши нархи ибтидои барои 1м2 -100 сомонӣ.

3.Қисми бинои МТМУ №15-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ ба масоҳати умумии 52 м2 бо арзиши нархи ибтидои барои 1м2 - 492 сомонӣ.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, №537 "Дар бораи тасдиқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ" барои иштирок дар озмун аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

1.Шахсони воқеӣ - нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

2.Шахсони ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ;

3.Лифофаи сарбаста, ки дар дохили он номи пурраи иншооти иҷора ва пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нархи иншооти иҷора гузошта шудааст;

4.Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ.

Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ба суроғаи ҷамоати шаҳраки Fафуров, кӯчаи А.Нозиров, №14, ошёнаи 2, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия муроҷиат намоянд.

Телефон барои иртибот: (83442) 3-29-53.