Print

Заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карданд

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода аз номи меҳнаткашони ноҳия "Муждаи зафар"-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.

 Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 7568 гектар тухмиҳои серҳосили "Дӯстӣ", "Султон", "Синюзан 39", "Хуҷанд 67" кишт карда, 18800 тонна пахта истеҳсол ва ашёи хомро ба корхонаҳои коркард супориданд.

Дар ҷамъоварии ҳосил саҳми ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия назаррас буда, пахтакорон нақшаи истеҳсолро 100,2 фоиз иҷро намуданд.

Ба иттилои раиси ноҳия ҳоло дар саҳро пахта зиёд буда, деҳқонони ноҳия талош меварзанд, ки ҳосилро пурра ғунучин карда, дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пахтаи вилоят саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин кишоварзони ноҳияи Ашт нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуда буданд.

Ҷамъоварии пахта дар навоҳии пахтакор идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд