Print

«ПАДАРИ МИЛЛАТ НЕ, ФАРЗАНДИ МИЛЛАТ ҲАСТАМ»

Дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст. Ду фаввораи зебо пайкараро, ки бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст, гӯё посбонӣ доранд. Аз ду тарафи муҷассама рамзи китобӣ ҷойгир аст. Рамзи аввалӣ муҳтавои меҳрномаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба арзиши гарони илмии шоҳасари «Тоҷикон» буда, рамзи дигар бозгӯи асари мондагори Бобоҷон Ғафуров аст.

 

Муддате дар назди муҷассама қарор мегирам. Ман шахсан Бобоҷон Ғафуровро надидаам, зеро баъди ду соли аз дунё реҳлат кардани ин абармарди замон ба дунё омадаам. Номи ин алломаро борҳо аз модари таърихдонам шунидаам. Баъдтар, вақте ки ба воя расидаму ба қавле, «аз дастам кор меомадагӣ» шуд, ҳамроҳи модарам, ки омӯзгори фанни таъриху ҷамъиятшиносии яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд, аёният месохтем. Симои ин шахсияти нотакрор аз ҳамон давра дар хотирам нақш бастааст. Ҳарчанд пайкара аст, аммо ба қомати баланду қади расо ва босалобати Бобоҷон Ғафуров менигараму беихтиёр суханони меҳрбории шодравон Усмонҷон Ғаффоров ба ёдам мерасанд:

«Миллатро фарзонафарзандони фарзонаи он муаррифӣ менамоянд. Дар байни халқ фарзонафарзандоне кор ва зиндагӣ мекунанд, ки бо қувваи бозу ва неруи ақлонии хеш боиси ободӣ ва пешрафтҳои ҷомеа мегарданд. Вақте Рустам мегӯем, ҷавонпаҳлавоне пеши назар меояд, ки Ватани худро аз қувваҳои бадӣ – деву дад, аз душманони ғаддор ҳифз карда, корномааш ба афсона табдил ёфтааст. Чун Фирдавсиро ёдовар мешавем, пири суханварони Тӯсӣ падидор мегардад, ки бо ранҷи беш аз сисолаи хеш Аҷамро зинда доштааст.

Ва чун Айнию Бобоҷон Ғафуровро ном мебарем, онҳое пеши дида меоянд, ки ҳастии миллати тоҷикро бо ҷон харидорӣ карда, забону адабиёт ва таърихи онро пешорӯи душманон оинавор таҷассум карда, дар як давраи муташанниҷ барои бунёди Тоҷикистони шӯравӣ саҳми бориз гузоштаанд. Хоса, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳамон мақомеро дарёфт, ки «Шоҳнома»-и безавол соҳиб гардида буд. Фарзанди одии роҳиоҳанчӣ дар фароҳам овардани улуми таърих ба ҷое расид, ки ангуштнамои бузургтарин олимони ҷаҳон гардад. Ӯ худро на танҳо чун роҳбари қодири партиявӣ, илҳомбахши корномаҳо, муттакои адабиёт ва санъати воло нишон дод, балки ҳамчун ҳидоятгари шарқшиносони шӯравию ҷаҳонӣ ба кашфиётҳои оламшумули соҳа муаррифӣ кард. Устодонаш аз самараи фаъолияташ дасти дуо доштанд, ҳаммаслаконаш дар ҳамкорӣ бо ӯ кашфиётҳои бузурги илмиро соҳиб гаштанд, дӯстонаш – олимони дунё аз партави маърифаташ баҳрабар шуданд ва дар сояи адлаш сари шогирдон баланд буд. Чунин хизматҳои шоиста боис гардид, ки Бобоҷон Ғафуров унвонҳои академик, аллома, Қаҳрамони Тоҷикистон ва дигар номҳои эҳтиромиро сазовор шавад».

Бале, Бобоҷон Ғафуров ҳамон нафарест, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Вақте ки Бобоҷон Ғафуров мегӯем, пеши назар шахсе ҳувайдо мегардад, ки имрӯз машҳури олам аст, ба пуршарафтарин унвонҳои баланд - академик, аллома, арбоби мумтози илм, сиёсатмадори маъруф, муҳофизи сулҳ, намоёнтарин олими ҷаҳон, шарқшиноси баргузида, ходими намоёни партиявию ҷамъиятӣ, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, узви фахрии Ҷамъияти шарқшиносони Полша, доктори фахрии Университети Олигархи Ҳиндустон, доктори фахрии Университети Теҳрон, аъзои фахрии ҷамъияти ба номи Кёрёши Чалии Академияи Фанҳои Венгрия, аъзои хориҷии Академияи илмҳо ва санъати Босния ва Герсоговинияи Югославия, аъзои фахрии ҷамъияти Осиё дар Париж, аъзои совети миллии Ҳиндустон оид ба алоқаҳои маданӣ, дорандаи шаш ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, «Дӯстии халқҳо», «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Байрақи Сурхи Муғулистон», мукофоти байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, медали Совети умумиҷаҳонии Сулҳ аст. Ин ҳама саодати бузургро Бобоҷон Ғафуров аз таълиму тарбияи модараш – Розия Озод медонад: «Ман хушбахт будам, ки дар хона аз модари босаводи худ аввалин одоб ва аввалин ҳикматҳои классикони худро омӯхтам».

Имрӯз ин фарзанди коргари роҳиоҳанчӣ то ба андозае маъруф аст, ки тамоми тоҷикистониён асари гаронарзиши ӯро мехонанду пеши соҳибэҳсониаш сар ба фуруд меоранд.

Таърих ҳеҷ гоҳ хизмати фарзонафарзандони худро фаромӯш нахоҳад кард. Зикри сифатҳои инсонӣ ва корнамоиҳояшон ба таври шифоҳӣ аз даҳон ба даҳон гузашта, тариқи хаттӣ зеби даҳҳо китоб, мусаввараҳо, осорхонаю дигар мероси маънавии халқ гардидааст. Ба номи ин бузургмардон шаҳру ноҳияҳо, қасрҳо, муассисаҳои таълимиву маданӣ, кӯчаву хиёбонҳо гузошта шуда, пайкараашон чун рамзи ҷовидонӣ қомат афрохтаанд. Дар қатори онҳо ному пайкараи абармарди замон Бобоҷон Ғафуровро низ дида метавонем, ки имрӯзиёнро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоятгар аст.

Бобоҷон Ғафуров – ҳамоне, ки фаъолияти нахустини худро дар вазифаи мухбири фаъоли газетаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» оғоз бахшид ва бо имзои «Бобоҷон - чӯлоқ» маводи хонданбоб ва таъсирбахш чоп мекунонд, дарси ибрати рӯзноманигорони имрӯз аст. Таҳсил дар Институти коммунистии журналистикаи Москва, фаъолият аввал ба ҳайси ҷонишин ва баъдан муҳаррири рӯзномаи «Қизил Тоҷикистони», инстуктори кори матбуоти КМ ПК Тоҷикистон, мудири шуъбаи матбуот, ташаббус барои кушодани курси шашмоҳаи омодакунии муҳаррирони газетаҳои районӣ, муҳаррири журнали «Коркунони партиявӣ» барои Бобоҷон Ғафуров қадамҳое буданд, ки дар соҳаи журналистика устуворона по гузошт. Даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бобоҷон Ғафуров ҳамчун журналист ва масъули фронти идеологӣ бо навиштаҳояш нишонрас будани суханро исбот кард.

- 7-уми декабри соли 1942 дар сармақолаи рӯзномаи «Правда», ки таҳти унвони «Мактуб ба фронт» чоп шуда буд, аҳамияти калони сиёсию тарбиявии мактубҳоеро, ки аз ақибгоҳ ба фронт ва аз фронт ба ақибгоҳ фиристода мешуданд, таҳлил гардида, моҳияти руҳбаландкунии онҳо таъкид гардида буд. Баъди ин ман ҳам ба чунин фикр омадам, аз номи халқ мактубе нависем, ки ҷанговарони тоҷикро ба матонату қаҳрамониҳо хидоят намояд. Ба ин кори хайр шоирону нависандагони маъруфи замони худ Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва адабиётшинос Шарифҷон Ҳусейнзодаро даъват намудем. Ба зери мактуб 390 ҳазор меҳнаткашони республика, адибон, санъаткорон, коркунони партиявӣ имзо гузошта буданд, - навиштааст Бобоҷон Ғафуров. Ин мактуб дар тамоми Иттифоқи Шӯравӣ ғулғула андохт ва барои торумор гардидани душман муттако гардид.

Маҳз фаъолияти эҷодии Бобоҷон Ғафуров, ки аз навиштани мақолаҳо оғоз гардида буд, барои ҳамчун рӯзноманигори варзида шинохта шудани эҷодкор кӯмак расонданд ва сабабгори офарида шудани асари оламшумуле бо номи «Тоҷикон» гардид. Академик Бобоҷон Ғафуров давоми солҳои фаъолияти эҷодии худ наздик 400 асар эҷод карда, манзури халқ гардонидааст.

Ҳастии миллати тоҷикро бо ҷон харидорӣ карда, забону адабиёт ва таърихи онро пешорӯи душманон оинавор таҷассум карда, дар як давраи муташанниҷ барои бунёди Тоҷикистони шӯравӣ саҳми бориз гузоштаанд. Хоса, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳамон мақомеро дарёфт, ки «Шоҳнома»-и безавол соҳиб гардида буд.

Имрӯз «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуров китоби рӯимизии ҳар як хонадони тоҷик аст. Замоне профессор, устоди донишгоҳи Гарвард, ховаршиноси маъруфи Амрико – Ричард Фрай чунин гуфта буд: «Агар зарурияти тарҷумаи англисии ягон асари русӣ оид ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он «Тоҷикон» аст». Хушбахтона, халқҳои олам имрӯз «Тоҷикон»-ро ба забонҳои гуногун мехонанду ба нависандаи он аҳсант мехонанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ лаҳзаеро аз ҳаёти Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуда гуфтааст: «Соли 1972 китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад ва зуд шуҳтарёр шуд. Ҳар зиёии тоҷик мекӯшид, ки нусхае аз он ба даст биёварад ва ҳар кас, ки ба даст овард, ба як нишаст хонда мефуровард. Пас аз чанде Бобоҷон Ғафуров, ки дар Маскав зиндагӣ мекарду сарвари Пажӯҳишгоҳи улуми шӯравӣ буд, худ ба шаҳри Душанбе омад ва бештар аз пештар мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор гирифт.

Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Бобоҷон Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:

- Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.

Ин сухани Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд».

Дар ҳақиқат, Бобоҷон Ғафуров ба сифати фарзанди миллат шинохта шудааст. Ӯ нафаре буд, ки нахуст худро шинохт, баъдан халқро, хоҳ бузург бошад, хоҳ хурд, ӯ аввал ба таъриху фарҳанги худ эҳтиром гузошт, суннатҳои хешро донисту қадр намуд ва миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён касб карда тавонист.

Мо, тоҷикон халқи хушбахте ҳастем, ки таърихамон дар чунин асари бунёдии классикӣ инъикос ёфтааст. Ҷасорати бузурги Бобоҷон Ғафуров дар он ҳувайдо мегардад, ки вай тавонист истиқлолият ва асолати рушди таърихии тоҷиконро аз замонҳои қадим исбот намояд. Гуфтан мумкин аст, ки таҳкурсии Истиқлолияти миллии тоҷикон, ки аз афсона ба ҳақиқат табдил ёфт, маҳз аз навиштаҳои Бобоҷон Ғафуров сарчашма гирифтааст.

Имрӯз дар кишвар ва берун аз он нафаре нест, ки «Тоҷикон» -ро нахонда бошаду аз дурдонаҳои он баҳраманд нашуда. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бахшида ба 115 -солагии академик Бобоҷон Ғафуров низ аз иқдомҳои неки Сарвари давлат, аст ки ба аз арҷгузории боз як шахсияти нотакрор шаҳодат медиҳад.

Шоира КАРИМЗОДА.