Print

ТТЭ ҲНИ ДАР ҲУДУДИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ШУД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш таъкид месозанд, ки "Терроризм ва экстремизм - ватан, забон, миллат, нажод ва дин надорад". Ин бадбахтии ҷаҳоние мебошад, ки ба муқобили он тамоми сохторҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бояд якҷоя мубориза баранд.

 

Таҳлили раванди ташаккулёбии вазъият нишон медиҳад, ки густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, ба амният ва суботу оромии минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯз ба рӯз болоравии эътиқоди динии мардум, паҳншавӣ ва таъсири идеяҳои ифротӣ дар миёни аҳолӣ эҳсос мегардад. Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзи аввали пайдоиши худ аз эътиқоди динии сокинони Тоҷикистон, ки 99,9 фоизи онҳо мусулмон мебошанд, сӯйистифода намуда, ғояҳои таассубгароёнаи ифротӣ ва ҷиҳодиро паҳн менамояд.

Таъсиси ТТЭ ҲНИ лоиҳаи кишварҳои хориҷӣ буда, мақсадаш ташкили давлати теократӣ (ХУДОПАРАСТӢ) дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ҳисоб меравад. Саркардагон ва хоҷагони хориҷии ин ташкилоти мазкур ҳанӯз аз солҳои 80-ум ба мағзшӯии мақсадноки ҷомеа даст зада, дар тамоми ҷумҳурӣ ячейкаҳои худро ташкил намуданд. Моҳи октябри соли 1991 дар яке аз ҷаласаҳои ғайрирасмӣ ТТЭ ҲНИ бунёди давлати исломиро ҳамчун вазифа ва ҳадафи стратегияи худ муайян намуд. Аз ин давра, ТТЭ ҲНИ фаъолияти таҷрибии хешро вусъат бахшида, кӯшиши ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатиро амалӣ сохт.

ТТЭ ҲНИ аз усули террор ба таври васеъ истифода менамуд. Охири соли 1991 ТТЭ ҲНИ қаноти ҷангии худро бо номи "Наҷоти Ватан" таъсис дод. Ҳадафи ниҳоди мазкур куштори ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, олимон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, умуман равшанфикрону ашхоси содиқ ба Ватан ба ҳисоб мерафт.

27-уми июни соли 1992 гуруҳҳои мусаллаҳи ТТЭ ҲНИ дар ҳудуди совхози ноҳияи Вахш 21 сокини ноҳияро ба таври ваҳшиёна азоб дода ба қатл расонидаанд. Гуруҳҳои диверсионии ТТЭ ҲНИ ходимони давлатӣ, аҳли адаб, фарҳанг, журналистон ва дигар ашхоси ватандӯстро террор кардаанд.

Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ ТТЭ ҲНИ бедодгариҳои хешро идома дод. 19-уми сентябр гуруҳи силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ дар ҳудуди дараи Камароби минтақаи Рашт ба қатори мошинҳои сарбозони Ҷумҳурии Тоxикистон ҳамла намуда, 26 сарбозу афсарро ба қатл расониданд. 14 сарбозу афсар ҷароҳатҳо бардоштаанд.

4-уми сентябри соли 2015 ТТЭ ҲНИ нақшаи исёни мусаллаҳона ва кӯшиши ғасби ҳокимиятро ба таври зӯроварӣ амалӣ намуд. Гуруҳи террористони ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии собиқ муовини Вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода 664 автомат, 100 тапонча, 14 милтиқи мерган, 4 гулӯлаандоз ва беш аз 64 ҳазор тирро бо сӯйистифода аз мақоми хизматӣ тасарруф намуда, нақшаи ғасби бинову иншооти стратегиро доштанд.

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ соли 1993 бо Қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида, то соли 1997 ниҳоди номбурда фаъолияти ғайриrонунӣ ва зиддимиллиашро аз ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон идома медод. Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ТТЭ ҲНИ аз соли 1999 ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолияташро идома дод. Бо назардошти ҷиноятҳои содиркарда, даст доштан дар бедодгариҳои солҳои ҷанги таҳмилӣ, қатлу куштор, содир намудани актҳои террористӣ, кӯшиши ташкили табадулоти давлатӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, 29-уми сентябри соли 2015 ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Даст доштани ТТЭ ҲНИ дар содир гардидани 560 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин бо далелҳо исбот гардидааст. 86 амали террористӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ содир гардида, беш аз 100 шаҳрвандони хориҷӣ кушта шудаанд. 800 нафар аъзои ташкилот бо ҷурми алоrамандӣ бо ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ дастгир шудаанд. 1000 нафар тарафдори ТТЭ ҲНИ дар зарфи 30 соли охир омодагии махсуси террористӣ-диверсионӣ гирифтаанд. Инчунин, аъзоёни ташкилот 1050 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд.

Танҳо дар давраи 1992-1997 бар асари бедодгариҳои ТТЭ ҲНИ беш аз 150 ҳазор сокини кишвар кушта, зиёда аз 1 миллион нафар гуреза шуданд. Ба иқтисодиёти кишвар 10 миллиард доллари ИМА зарар расонида шуда, таъсири харобиовари он то ҳол эҳсос мегардад.

Бо назардошти таҳдиди воқеии ТТЭ ҲНИ 8-уми июни соли 2016 ТТЭ ҲНИ ба рӯйхати созмонҳое, ки дар ҳудуди кишварҳои узви созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъона (СААД) террористӣ шинохта шудаанд, таҳти №65 ворид карда шуд. Ҳамчунин, 20-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ТТЭ ҲНИ-ро таҳти №70 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ манъ шудааст, дохил намуд. Ғайр аз ин, Маркази зиддитеррористии иттиҳодияҳои давлатҳои муштарак (ИДМ) низ ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ворид кардааст.

ТТЭ ҲНИ нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия, ки дар Ҷумҷурии Тоҷикистон адои хизмат менамуданд, 46 маротиба амали террористӣ содир намуд. Ташкилот дар қатлу куштори аҳолии русзабони кишвар ваҳшонияти махсус нишон медод. Аз ҷумла, ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-ум дар ноҳияи Мир Саид Али Ҳамадонӣ, қатли сарбозони баталёни рус ва қазоқ дар ноҳияи Дарвоз, ҳамла ба хизматчиёни ҳарбии рус дар шаҳрҳои Бӯстон (собиқ Чкаловск), Хуҷанд, Душанбе ва ғайра мисолҳои ваҳшонияти ТТЭ ҲНИ ба ҳисоб мераванд.

Бо назардошти амалкардҳои террористони ҲНИ, 14-уми сентябри соли 2022 аз тарафи Суди Олии Федератсияи Россия аризаи Прокурори генералии Федератсияи Россияро қонеъ карда, ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ намуд.

Ин иқдом амалкарди нодири таърихӣ буда, аҳамияти бузург дорад. Зеро аввалин маротиба аз ҷониби яке аз абарқудратҳо ТТЭ ҲНИ, ки сабабгори аслии ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шуда, фаъолияти ин ҳизби террористӣ дар ҳудуди ин кишвар манъ карда шуд. Бо дарназардошти буду боши зиёда аз 1 миллион шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, минбаъда метавон таъсиру нуфузи ин ташкилоти террористиро дар байни онҳо аз байн бурд.

Имрӯз саркардагони ТТЭ ҲНИ ва як гуруҳ ҳаммаслакони онҳо дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти тахрибии хешро бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода истодаанд. Террористони ҲНИ кӯшиш доранд, ки тавассути қаноти ҷангии худ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон "Ҷамоати Ансуруллоҳ" дар ҳудуди кишвар амалҳои террористиро анҷом диҳанд. Тавассути ҳуҷумҳои иттилоотӣ мағзшӯии ҷавонони кишвар роҳандозӣ шуда истодааст.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба тарғиботҳои дуруғини ин ташкилоти террористӣ дода нашавем. Ҳамаи наздикон, фарзандон, бародарон, хешовандон, дӯстон, ҳамдеҳагон, ҳамшаҳриҳо ва ҳамватанонамонро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, огоҳ кунем, ки дониста ва ё надониста бо саркардагон, аъзоён ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ робита ё ҳамкорӣ накунанд. Ба онҳо расонанд, ки минбаъд алоқамандӣ бо ТТЭ ҲНИ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ татбиқ мегарданд.

Коршиносони

масоили сиёсӣ