Print

САМИМИЯТУ СУБОТИ МО БАҲРИ ШУКУФОИИ ДИЁРИ АРҶМАНД

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи мо ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолияти худро дар асоси санадҳои танзимкунандаи соҳа, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, қарорҳои Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ мондааст ва ин самтро таҳким мебахшад.

 Фаъолияти мо дар ин давра бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", "Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030" ва татбиқи "Барномаи миллии рушди иҷти-моии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026" ва "Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027" нигаронида таҳким ёфтааст.

Тарбия ва ба камол расонидани насли ватандӯсту худогоҳ вазифаи муқаддаси ҳар як фард ба ҳисоб меравад, ки мо инро ҳамеша самти маҳаки кору азму субот қарор додаем. Таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия чорабиниҳои хусусияти ташвиқотиву таблиғотӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва меҳнатдӯстию созандагӣ баргузор гардидаву ин равия муназзам пеш меравад, ки бозгӯи панди ниёгон - "инсоният болотарин ҳунар, зеботарин сифат ва олитарин ибодат аст".

Таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрам қарор гирифта, он дар маркази таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Бахш дар ҳамкорӣ бо шуъбаву бахшҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои ҳунари миллӣ, рушду инкишофи ташаббускорӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои оиладорӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон 11 маротиба озмун, мизҳои мудаввар, конфренсияҳо ва инчунин, ба истироҳату фароғат фаро гирифтани ҷавонону наврасони лаёқатманди ноҳия ва ба ҳамоишу семинарҳои омӯзишӣ сафарбар намудани онҳо, ҷиҳати иштирок дар намоишҳо барои хонандагону донишҷӯёни боистеъдод, баргузории фестивал - озмуни ноҳиявии "Салом Наврӯзи ҷавонӣ" байни ҷавондухтарони касбу кори гуногун, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон мебошад, баргузор шуд, ки дар маҷмӯъ аз ҷониби масъулини Бахш 11 чорабинӣ бо фарогирии 1740 нафар ҷавонон доир гардиданд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишу талошҳои ҷавонони имрӯза бештар ба омодагардонии худ ба ҳаёти мустақилона, аз ҷумла таъмин намудани шароити зиндагии муносиб равона гардидааст.

Бо мақсади таҳкими имкониятҳо дар роҳи фароҳам овардани шароит дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон, тарғиб ва ҷалби онҳо барои машғул шудан ба ташкили омӯзиш ва такмили дониши иқтисодӣ ва идораи соҳибкории муосир ва ба ҳамин васила мусоидат намудан ба рушди имконоти истеҳсолӣ ва хоҷагидории кишвар мо дар ноҳия вобаста ба самти фаъолияти соҳибкорӣ мулоқоту вохӯриҳо доир менамоем ва ин амал натиҷаҳои хубро бор овардаанд.

Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар мадди аввал меистад, инчунин пешгирӣ ва паст намудани таъсири рафтори хавфнок оид ба масъалаҳои муносибатҳои тасодуфӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва беҳтар намудани шароит барои дастрасӣ ба иттилоот, ҷалби ҷавонон ба варзиш, баробарҳуқуқии гендерӣ чорабиниҳои хусусияти иттилоотию омeзишӣ ва маърифатию маънавидошта дар шакли семинар-тренингҳои омeзишӣ, аксияҳои таблиғот, бозиҳои варзишӣ, сӯҳбату вохӯриҳо дар ин мавзeъҳои мубрам самти нав мегиранд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ноҳия 3 мактаби варзишӣ амал менамояд. Дар мактабҳои варзишӣ 83 гурӯҳ бо фарогирии 1080 машқварзони наврасу ҷавон амал намуда, ҳамарўза аз рӯи бист намуди варзиш ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати интихоби варзишгарон барои иштирок дар мусоқбиrаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 13 мусобиқаҳои касбӣ марҳала ба марҳала аз рўи намудҳои футбол, волейбол, гўштини тарзи озод, каратэ-до, бадминтон, гуштини юнони румӣ, xиу-xитсу, бокс, баскетбол, таэквандо - ВТ ва варзиши сабук бо фарогирии 562 варзишгар (70 нафар бону) гузаронида шуд, ки ба гуфтаи бузургворе "Аз зиндагӣ ноумед мабош, шукуфтани гулҳо бедории қалбҳост".

Ҳамчунин, бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди бемайлони варзиш ва ҳарчи бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонию варзиш бахшида ба рӯзҳои саиду таърихӣ дар қаламрави ноҳия беш аз 51 мусобиқаи оммавӣ - варзишӣ ва солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки зиёда аз 5255 нафар наврасону ҷавонон (1180 нафар духтарон) ташкил ва гузаронида шуданд.

Изҳор менамоем, ки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия оянда низ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, амалҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, таъмини риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон ва фаъолгардонии онҳо дар пешбурди тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷомеа нақшаҳои зиёд дошта, баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, қарорҳои Раиси ноҳия чораву тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ менамояд.

Дар ин самт, фаъолияти мо дар меҳвари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат раванди ҷадид мегирад, зеро ки муҳтарам Президентамон таъкид намудаанд: "Сиёсати иҷтимоии давлати мо дар марҳалаи кунунӣ ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум, рушди илму маориф ва таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи саломатии мардум ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст".

Баҳриддин БаҲодурзода,

мудири бахши кор

бо ҷавонон ва

варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров