Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!
Фаро расидани иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳамаи шумоён саломатӣ, хонадони обод ва рӯзгори пурфайзро орзу менамоям.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо идҳои ниёгон бо риояи анъанаҳои миллӣ таҷлил карда мешаванд. Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатӣ аз ҷумлаи суннатҳои динӣ ва мероси пурарзишу фарҳангии миллати куҳанбунёди мо эътироф гардидааст.
Ғояҳои олии дини мубини ислом инсондӯстӣ, меҳру шафқат, хайру эҳсон, муомилаву муоширати нек, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат буда, дар ташаккул ва такомули ахлоқиву маънавии инсон нақши арзишманд дорад. Тибқи фармудаҳои шариати ислом дар арафаи таҷлили Иди Қурбон анҷом додани амалҳои хайрхоҳона ва дасти саховату ҳиммат дароз намудан ба ниёзмандон аз ҷумлаи амалҳоест, ки дар тақвияти тан ва рӯҳи инсон нақши муассир доранд.
Бинобар ин амалҳои хайру башардӯстона дар байни мардуми мо торафт вусъат пайдо карда, шахсони ҳимматбаланду саховатпеша дар арафа ва рӯзҳои таҷлили маросими суннатӣ, аз ҷумла иди Қурбон ба бепарасторон, муҳтоҷону барҷомондагон ва шахсони камбизоат кумак мерасонанд ва бо ин амали хайру башардӯстонаи худ соҳиби савоби зиёд мегарданд.
Дини ислом, сарфи назар аз мансубияти милливу иҷтимоӣ, нажод ва дину мазҳаб, одамонро ҳамеша ба ваҳдату ҳамгироӣ, муносибати неку хайрхоҳона ва ҳамкории созанда даъват менамояд.
Бо азму талоши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашвораи бузурги миллат – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо раванди ободкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, бо тавсияҳои судманди Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои эҳсонкорӣ, хайру савоб, созандагӣ ва ободонӣ бомаром ҷараён доранд.
Итминон дорам, ки аз файзу баракати Иди саиди Қурбон чунин корҳои хайру эҳсонкорӣ, бунёдкориҳо ҷиҳати ободонии кишвари азизамон боз ҳам равнақ дода мешавад. Зеро аз дидгоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад
Ҳамдиёрони азиз!
Саломатӣ сарвати бебаҳо ва неъмати бузургтарин барои ҳар як инсон мебошад. Имрузҳо, ки муқовимат бо коронавирус ба мушкилоти ҷиддитарини ҳаёти аҳли башар табдил ёфтааст, дар айёми таҷлили Иди саиди Қурбон қатъиян риоя кардани тавсияҳои Вазорати тандурустии мамлакат бевосита ба манфиати мардум, саломативу ҳаёти ҳар як шахс ва ҳам мутобиқ ба ҷавҳари таълимоти башардӯстонаи дини ислом мебошад.
Дар ин айёми шариф ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус бояд амалҳои хайру савобро ба хотири солимии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон беш аз пеш ҷоннок намояд.
Боварӣ дорам, ки аҳли намозгузорони диёрамон барои саломатии мардум, ободиву фаровонӣ ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон даст ба дуои нек мебардоранд.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо Иди Қурбон муборакбод намуда, бароятон хонаободӣ, тансиҳатӣ ва файзу баракоти рӯзгорро орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Раиси ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.