Ифтитоҳи ҶДММ “Парандапарвар-2017” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ғозиён, минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парандапарвар-2017”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи парандапарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бунёд шудааст.
Айни ҳол дар корхона парвариши 578 ҳазор мурғ ба роҳ монда шуда, роҳбарияти коргоҳ ният доранд то охири сол саршумори онро ба 750 ҳазор сар расонанд.
Аз шумораи умумии парандаҳо 475 ҳазор сар мурғ тухмдиҳанда мебошад.
Дар як рӯз дар корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парандапарвар-2017” 350 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад ва дар як сол бошад, ин рақам 126 миллион донаро ташкил медиҳад.
Баъди ба истифода додани коргоҳ дар ин ҷо 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Масоҳати умумии коргоҳ 3,5 гектарро ташкил дода, барои парвариши мурғ дар ин ҷо тамоми шароит, аз ҷумла хӯрока ва дигар иншооти зарурии соҳа муҳайё карда шудааст.
Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба бозорҳои ҷаҳон рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, таъмини пурраи бозорҳои дохилӣ, афзоиши содирот ба хориҷи мамлакат, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар ниҳоят беҳдошти сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Ин талошҳову тадбирҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ҷонибдорӣ ва ҳамдастии амиқ пайдо менамояд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳибкорону тоҷирони кишвар бо истифода аз тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳои соҳибкории хурду миёна бо бунёди садҳо коргоҳу корхонаҳои хурду бузург дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо шароити кор дар ин коргоҳи саноатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр, пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба ташаббуси соҳибкорон баҳои арзанда дода, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят карданд.
Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мурғпарварӣ оид ба истеҳсоли гушти мурғ ва тухм ояндаи наздик талаботи ҷумҳурӣ бо ин маҳсулот пурра таъмин гардида, содироти гушти мурғ ва тухм ба хориҷи мамлакат ба роҳ монда мешавад.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.