Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Унҷӣ№65» зимни қабули шаҳрвандон дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ бо интихобкунандагон мулоқот намуд. Нахуст Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ваколатҳои вакилиаш ҷиҳати корҳои ба анҷом расида ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки дар соли равон баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия бо назардошти тағйиру иловаҳо амалишавии 1437 нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, давоми солҳои 2018 – 2020 ва 9 моҳи соли 2021 – ум бо иҷрои барзиёд 1440 банди нақша татбиқ гардиданд. Дар ин замина ҷамоати деҳоти Унҷӣ низ истисно нест. Имрӯзҳо ҳам дар ҳар гӯшаю канори ноҳия корҳои ободонӣ идома дорад. Ҳамзамон Раиси ноҳия ба баландбардории маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷӯҳ намуда, ба амалҳои номатлуб ва характери ҷиноӣ даст задани бархе аз сокинони ҷамоат, саркашӣ аз масъулият ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва падару модарӣ, саркашӣ аз даъвати ҳарбӣ, риояи накардани талаботи қонун дар бораи танзим ва дигар ҳолатҳои ногувор ибрози назар намуда, ҳолатҳои бавуқӯъ омадаро аз надонистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва қонунҳои амалкунанда донист. Дар тақвияти ин андеша прокурори ноҳия ва сардори Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Беҳрӯз Шарипов бо далелҳои дақиқ, аз ҳолатҳои ба миён омада, ботаассуф ҳарф зада, аз мардум даъват ба амал оварданд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадршиносӣ аз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди бонангу номус бояд дар ниҳодаш ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, шукргузор аз даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи саросарӣ, неъматҳои моддиву маънавӣ дошта бошад. Баҳри гиромидошти арзишҳои милливу маънавӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ рӯзгори ободу зиндагии шоистаро созмон диҳад. Ба афкори ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дода нашуда, тарзи ташаккули ҳаёти солимро интихоб намояд. Мардум бетараф набошанд, дар ҳолати мушоҳидаи амалҳои ҷиноӣ, бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд, зеро ҳамкорӣ дар таъмини амнияти кишвар мусоидат мекунад.
Дар идома сокинони ҷамоати деҳоти Унҷӣ Дилбар Турсунова, Абдураҳмон Ҳалимов, Самеъ Исмоилов ба сухан баромада, барои ташкили чунин мулоқоти судманд, изҳори сипосмандӣ намуданд. Ҳамчунин оид ба мумфаршгардонии кӯчаҳои “Матаиб” ва “Деҳқон”, сохта ба истифода додани кӯдакистон, ҳаммом, истгоҳ дар маркази ҷамоат, маркази савдо ва хизматрасонӣ, харидории мошини ёрии таъҷилӣ ба Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода муроҷиат намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.