Explore

Барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмун баргузор гардид

     Дар маҷлисгоҳи Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи рақами 1 -и ноҳия маросими расмии оғози озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли хониши 2022-2023 баргузор гардид. Дар расмикушоди озмун муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода, директори КВД "Соҳибкорони ҷавон" Самиаллоҳ Шерализода, намояндаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мӯнисахон Рашидова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Баҳриддин Баҳодурзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ ҳайати комиссия, хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия - довталабони озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онҳо дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар ҷойгоҳи муҳимро касб карда, Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста дар татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Илова бар ин, ҳар як мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва роҳандозӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Пешвои муаззами мамлакат маҳсуб меёбанд.

Дар идома, ҷавонон бо камоли ифтихормандӣ ва сипоси бепоён баён доштанд: - «мо - ҷавонони ватандўсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, садоқатмандона хидмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастоварди фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳми муносиб хоҳем гузошт.»

Дар ин рӯз озмун дар сатҳи баланди ташкилӣ ва таъмини шаффофият доир карда шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ БО ИШТИРОКИ ДОИРАИ ВАСЕИ АҲОЛӢ

Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии Барномаи муштараки СММ оид ба Ташаббуси "Нури рӯшноӣ " вобаста ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.майи соли 2021, таҳти рақами 186 дар ҳамкорӣ бо ТҶ "АФИФ" маркази занон "Гулрухсор" ҳамзамон ҷиҳати амалишавии бандҳои нақша чорабинии "Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар ҶТ барои солҳои 2014-2023" дар мавзӯи "Мо зидди зӯроварӣ " дар толори ҷамоати деҳоти Хистеварз Аксияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар аз ҷумла занони маюбиятдошта иштирок намуданд. Иштирокчиёни дар викторина фаъолона ширкат варзида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда ба ҳамаи иштирокдорон дар 3 намуд 500 варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Ӯғулой Ҳоҷибоева  сухан карда ба ҳозирон барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуд ва даъват намуд, ки «дар якҷоягӣ метавонем ин падидаи номатлубро дар байни ҷомеа аз байн бурда бошем.» Мавсуф ба иштирокдорон зиндагии бо меҳру муҳаббат ва оилаи аҳлу тифоқро таманно намуд.

НОМИ ҶАНГОВАР АБАДӢ ГАРДИД

- Инсон бояд дар масири ҳаёт бо рафтор, гуфтор, пиндори хеш комилсифат бошад, бо меҳнати ҳалол ва номи нек дар дилу дидаи мардум ҷойгузин гардида, соҳибэҳтиромиро соҳиб бошад. Яке аз чунин инсонҳои комил, ки саодати ҳаёти худро дар хизмати халқу Ватан ва ободии диёр медонист, имрӯз ёди ӯро бо ифтихормандиву накӯӣ вирди забон меорем, Шавруқов Абдулҳамид Юлдошевич мебошад, - зикр дошт, Ҳасанҷон Каримов, раиси Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни суханронӣ дар ҳавлии шодравон ҷанговар - интернатсионалист, маросими гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар деҳаи Оҳучашмаи ҷамоати Исмоил.

РАВЗАНАИ ДИРЎЗУ ИМРЎЗ...

Ба таъсисёбии ҳафтаномаи «Хуҷанд» - нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 89 сол пур шуд. Ин нашрияи бонуфуз 3 –уми августи соли 1933 таъсис дода шудааст. Иҷмолан таърихи рӯзномаро ин ҷо бихонед…

 Равзанаи дирЎзу имрЎз...

"Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст".

Садриддин Айнӣ

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.