Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамоати деҳоти Исмоил

E-mail Чоп PDF

Ҷамоати деҳоти Исмоил яке аз ҷамоатҳои калонтарин ва кӯҳансолтарин дар ҳудуди соҳили рости дарёи Сир ба ҳисоб рафта, соли 1929 ташкил ёфтааст. Ҷамоат аз 27 деҳаҳои калону хурдро дар бар мегирад, ки дар он 24990 нафар аҳолӣ, ки асосан тоҷикону ӯзбекон зиндагӣ мекунанд. Ҷамоат аввал номи «Сомғор»-ро дошт ва дар соли 1944 ба шарафи абади гардонидани номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Исмоил Ҳамзаалиев ба ҷамоат номи «Исмоил» дода шуд. Деҳаи Сомғор дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Сомғор аз қадимтарин деҳоти атрофии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоил се хоҷагии ҷамоавӣ, 8 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхона, марказҳои саломатӣ ба мардуми ҷамоат хизмат мерасонад. Дар қаламрави ҷамоат се хоҷагии ба номи Т.Қӯшатов, И.Ҳамзаалиев ва Б.Ғафуров ҷойгир шудааст, ки онҳо асосан бо корҳои боғдорӣ, сабзавоткорӣ, пахтакорӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд. Инчунин дар ҳудуди ҷамоат мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, клуб, чойхонаҳову китобхонаҳо фаъолият мебаранд.


 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ