Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов

E-mail Чоп PDF

Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов соли 1969 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Масоҳати умумии ҷамоат 685 гектар мебошад. Шумораи ахоли ба 01.01.2013 – 37458 нафар буда, 6152 хоҷагиро дар бар мегирад. Дар ҳудуди ҷамоат 2 адад корхонаи саноатӣ, 6 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 адад мактаби асосӣ, 1 адад мактаб-гимназияи «Нур», 1 адад кӯдакистон, 1 беморхона, 3 маркази саломатӣ, 6 адад хонаи саломатӣ, 40 адад марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо, 2 клуб ба мардуми ҷамоат хизмат мерасонад.Номи Ҳ.Усмонов ба ифтихори иштирокчии мубориза барои барпо кардани Ҳокимияти советӣ дар шимоли Тоҷикистон гузошта шудааст. Деҳаҳои Рӯмон, Шайхбурҳон, Пуличуқур, Қулангир, Ҷӯи Қозӣ ва минтақаи А.Зиёевро дар бар мегирад. Дар деҳаи Кулангир дар қисми шарқии ҷамоат ҷойгир буда, равоят аст, ки замоне бошишгоҳи кулангҳо будааст. Шаҳриён фурсати фароғат омада, мурғони дилпазирро шикор мекардаанд. Шуғли асосии деҳа деҳқонӣ мебошад. Деҳаи Шайхбурҳон дар канори деҳа мазори рамзии Барҳонидани Қилич ҷойгир аст, ки номи деҳа нигаҳдори номи ин шахс мебошад. Мардуми деҳа асосан ба соҳибкорӣ шуғл меварзанд. Деҳаи Пуличуқур маънои пулест, ки дар чуқурӣ ҷойгир мебошад. Мардуми деҳа бо соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ машғул мебошанд. Деҳаи Рӯмон дар ақидаҳо омадааст, ки аз калимаи арабии «Руммон» буда, маънояш анорзор мебошад.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ